Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > КӮЧАҲОИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ САРСАБЗ МЕШАВАНД
single-product

КӮЧАҲОИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ САРСАБЗ МЕШАВАНД

2025-04-10 17:16:28

Бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар канори шоҳроҳ ва гулгаштҳои хиёбони марказии шаҳр ниҳолҳои ороишии нодир шинонида мешавад.
Ин ниҳолҳо аз навъҳои такмилшудаи нахл, ардач, сада, санавбар , шоҳбулут, коҷ ва гулу буттаҳои дигари ороишӣ иборат буда, дар ҳамкорӣ бо шарикон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастрас карда шудааст ва бо маслиҳату дастури мутахассисон, бо риояи агротехникаи хос барои чунин навъҳо шинонида мешавад.
Бо сабз шудани ин ниҳолҳо хиёбони марказии шаҳр, ки номи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро дорад, қабои бо ҳам зебо ба бар хоҳад кард.