Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > НИҲОЛҲОИ ЗЕБОИ НОДИР ГУЛГАШТҲОИ ШАҲРРО ОРО МЕДИҲАНД
single-product

НИҲОЛҲОИ ЗЕБОИ НОДИР ГУЛГАШТҲОИ ШАҲРРО ОРО МЕДИҲАНД

2025-04-14 14:03:40

Дирӯз кормандони дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба ҳашари ниҳолшинонӣ дар гулгашти саҳни бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баромаданд.Инҷо чандин бех ниҳолҳои нодири ороишӣ шинонида шуд.
Зимнан, бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо мақомоти ноҳияи Ҷонбойи вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 24 бех ниҳоли ороишии нодири нахл, 52 бех бирючина( буттаи ороишӣ), 100 бех ардач, 52 бех сада, 100 бех санавбари қримӣ, 22 бех шоҳбулут, 12 бех маҷнунтут ,10 бех коҷ ва дигар гулу буттаҳои оришӣ дастрас карда шуд.
Шинонидани ин ниҳолҳои зебо ва нодири оришӣ дар хиёбону гулгаштҳои шаҳр идома дорад.