
ИДОМАИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОҚИБАТИ ЯРЧ ДАР КАНАЛИ МАРҒЕДАР
2025-04-14 14:06:39
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, саҳмгузории ассосиатсияҳои истифодабарандагони оби полезӣ бартараф намудани оқибати ярч дар канали Марғедар, ки тавассути он беш аз 5 ҳазор гектар замини кишт ва боғоти ҳудуди чор ҷамоати деҳот обёрӣ карда мешавад, идома дорад.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти бартараф намудани оқибати офати табиӣ гуфта шуд, ҳоло гирифтани хоки теппаҳои соҳили чапи канал, ки эҳтимоли ярч ва банд кардани маҷрои об дар онҳо зиёд аст, бо ҷалби техникаю механизмҳои зарурӣ идома дорад.
Роҳбарияти идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон ва дигар масъулон муваззаф карда шуданд, ки кори бартараф намудани оқибати ярч ва омода намудани ин иншооти муҳими обёриро ба бастани об шабонарӯзӣ идома дода, онро дар мӯҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонанд.
Рафти корҳо ҷиҳати бартараф намудани оқибати ин офати табиӣ зери назорат ҳамарӯзаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.