Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

ҲАМА ҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ

2025-04-15 11:50:06

Моҳи фарвардин, ки ҳоло идома дорад, моҳи Наврӯз аст ва дар Ҷамоатҳои деҳот, деҳаҳои шаҳри Панҷакент сокинон бо риояи расму анъанаи куҳан ин ҷашни миллӣ ва ҷаҳониро таҷлил мекунанд.
Чунин як ҳамоиши зебо бахшида ба ҷашни Наврӯз бо густурдани хони идона, таому ҳунарҳои миллӣ, рақсу суруд ва шеърхонӣ дар деҳаи Некноти Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва аҳли деҳа ва меҳмонон бо шукӯҳу шаҳомати хоси ин оини куҳан баргузор шуд.
Ҳозиринро раиси шаҳр бо ин ҷашни миллӣ ва ҷаҳонӣ шодбош гуфт. Аз ҷумла таъкид шуд, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз он ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфта, Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ чун Ватани Наврӯз шинохта шудааст ва он дар ҳар гӯшаю канори кишвар, дар ҳар хонадон таҷлил карда мешавад.
Ба ҳозирин ёдрас шуд, ки Наврӯз оғози бедории табиат ва мавсими кишту кор аст ва кишоварзон аз ҳар рӯзу соати офтобӣ, аз ҳар қитъа замин босамар истифода намуда, кишти баҳориро ба хотири фаровонии дастархонашон вусъат диҳанд.
Суруду рақсҳои ҷаззоби санъаткорони деҳа ба ин ҷашни куҳан ҳусну таровати тоза зам намуд ва хотири иштирокчиёнро шод гардонид.
Чунин ҳамоишу тантанаҳои мардумӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ҳоло низ дар маҳалҳои аҳолинишини шаҳр баргузор мешавад.