Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ПАНҶАКЕНТ: НАҚШАИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИДМАТИ ҲАРБӢ ПЕШ АЗ МӮҲЛАТ ИҶРО КАРДА ШУД
single-product

ПАНҶАКЕНТ: НАҚШАИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИДМАТИ ҲАРБӢ ПЕШ АЗ МӮҲЛАТ ИҶРО КАРДА ШУД

2025-04-16 07:38:58

Имрӯз гурӯҳи навбатии ҷавонони шаҳри Панҷакент ба хидмати ҳарбӣ гусел карда шуданд ва бо ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 19 феврали соли 2025,,таҳти рақами 967 "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие,ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони соли таваллуди 1998-2007 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" пеш аз мӯҳлат ба иҷро расонида шуд.
Дар иҷрои пеш аз мӯҳлати нақшаи даъвати баҳорӣ роҳандозии ҳамкории густурдаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссияи шаҳрии даъват, мақомоти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр бо ҷавонону волидайни онҳо ва бо амри дил хидмати Ватанро ихтиёр намудани даҳҳо нафар ҷавонони баору ватандӯст мусоидат намуд.
Дар даъвати баҳории хидмати ҳарбӣ 390 нафар ҷавонони ғаюр ва ватандӯсти шаҳри Панҷакент ба хидмати Модар-Ватан сафарбар карда шуданд.