
ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ҲАФТКӮЛ
2025-04-16 17:43:31
Бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи марҳалаи дуюми татбиқи лоиҳаи “Идоракунии ҳамгирои захираҳои табиӣ дар водии Зарафшон барои рушди одилона ва устувор”(INVEST) бо мақсади иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва “Барномаи давлатии кабудизоркунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” дар шафати кӯли ҳафтуми Ҳафткӯл- Ҳазорчашма, бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, роҳбарияту масъулони Лоиҳаи мазкур ва кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳр ва ихтиёриён ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор шуд.
Дар ин рӯз ҳашарчиён дар майдони беш аз даҳ гектар 3900 бех ниҳолҳои дарахтони себ, зардолу, чормағз, ки ба иқлими баландкӯҳ мутобиқанд, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва зери назари мутахассисон шинониданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар марҳилаи дуюми бунёди боғи кӯҳӣ атрофи он панҷарабандӣ шуда, аз ҳоло нашъунамо ва ҳифзи он зери назорат гирифта шудааст.
Зимнан, Ҳафткӯл бо кӯлҳои зебо ва табиати фусункораш кайҳост мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳон ва дӯстдорони табиат аз дохил ва хориҷи мамлакат қарор гирифтааст. Имрӯзҳо низ ҳарчанд ҳаво дар ин минтақа ҳанӯз гарм нест, ҳамарӯза даҳҳо нафар сайёҳон аз тамошои манзараҳои афсонавии он лаззат мебаранд, аз ҳавои тоза нафас мекашанд. Бо оғози масими сайёҳӣ шумораи сайёҳон бамаротиб меафзояд ва онҳоро дар пойгоҳи сайёҳии “Ҳафткӯл”, дигар пойгоҳҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаю истироҳатгоҳҳои сарироҳӣ,ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ташкил шудаанд, пазироӣ менамоянд.
Баъди муддате сайёҳону меҳмонон аз тамошо ва меваҳои ин боғи навбунёди баландкӯҳ лаззат мебаранд ва он зебогиҳои ин мавъеъи сайёҳиро меафзояд.
