
МУЛОҚОТ БО СОБИҚАДОРИ ХИДМАТИ ДАВЛАТӢ
2025-04-17 17:15:01
Абдураҳмон Абдушаҳидов аз сокинони барӯманди Ҷамоати деҳоти Ёрӣ аст, ки солиёни зиёд дар вазифаҳои роҳбарӣ, аз ҷумла раиси ҷамоати деҳот, заҳмат кашида, ба эҳтироми ҳамдиёрон сазовор гаштааст.
Муовини аввали раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент бо дастури муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо ин собиқадори барӯманд мулоқот намуда, ба ӯ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, барои хидмати тӯлонӣ ба нафъи ҷомеа сипос изҳор карданд.
Ӯ барои ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳ ба собиқадорон ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ изҳор намуд.