
ДАСТХАТҲОИ ҚАЛЪАИ КӮҲИ МУҒ БА РӮЙХАТИ “ ҲОФИЗАИ ҶАҲОНӢ”-И ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД
2025-04-22 08:57:38
Дастхатҳои Қалъаи Муғ, ки ба шарофати бозёфти он дар соли 1932 ба саҳифаҳои таърихи водии Зарафшон, охирин шоҳи Панҷакенти давраи истилои арабҳо- Деваштич, кашфиёт ва таҳқиқи минбаъдаи ёдгориҳои асрмиёнагии барвақтии водӣ , шаҳрдориву хоҷагидорӣ, расму русуми оиладорӣ, савдои дохилӣ, вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, барқарор намудани таърихи сиёсии Осиёи Марказии он давра ибтидо гузошт, дар қатори 74 чунин дастхату ҳуҷҷатҳои нодири ҷаҳон ба Рӯйхати “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и созмони ЮНЕСКО шомил гардид.
Зимнан, тавре шарқшиноси рус, яке аз муҳаққиқони матнҳои суғдӣ Олга Ивановна Смирнова навиштааст, бори аввал номи Панҷакент дар дастхатҳои суғдии аз Кӯҳи Муғ ёфтшуда, ки мутааллиқи чоряки аввали асри 8 ҳастанд, сабт шудааст ва он ибтидои кашф ва таҳқиқи шаҳри Панҷакенти қадим гардид.
Дастхатҳои Қалъаи Муғ бо пешниҳоди Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи Осиёи Марказӣ ва Маркази ҷаҳонии мероси хатӣ, ки аз ниҳодҳои созмони ЮНЕСКО ҳастанд , ба ин рӯйхат шомил карда шудааст.
Дар ин бораи сомонаи ЮНЕСКО 17 апрели соли 2025 хабар интишор намудааст.