Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БУНЁДИ БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД
single-product

БУНЁДИ БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

2025-04-23 11:27:25

Дар даромадгоҳи шарқии шаҳри Панҷакент, дар буриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Саъдии Шерозӣ бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ, ки номи муаллифи “Шоҳнома”-и безавол Абулқосим Фирдавсиро дорад, идома меёбад.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти сохтмон иттилоъ дода шуд, ҳоло бинокорони ширкати “СУ-3” тибқи лоиҳа ба гузоштани таҳкурсии майдони боғи ояда ва роҳравҳои он машғул ҳастанд.
Тибқи лоиҳа тарҳи майдон ба асбоби мусиқии тор шабоҳат дошта, он аз дарвозаи мӯҳташам, муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ, деворнигораҳо, муҷассамаҳои қаҳрамонҳои достони безаволи «Шоҳнома», аз ҷумла Рустаму Сӯҳроб, аспҳое, ки дар ин шоҳасар тасвир шудаанд, роҳраву нишастгоҳо, фаввораҳо иборат хоҳад буд.
Ба бинокорон ҷиҳати мутобиқ ба лоиҳа ва бо сифати баланд бунёд намудани боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ дастур дода шуд.
Ин боғи зебо, ки рамзи арҷгузорӣ ба таърихи ғановатманди миллат, бузургтарин ҳамосасарои адабиёти форсу тоҷик ва ҷаҳон Абулқосим Фирдавсӣ аст, дар ояндаи наздик ба ҷои истироҳат ва дидании сокинон ва меҳмонони шаҳр табдил хоҳад ёфт.