Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МУАРРИФИИ САРДОРИ НАВИ ШУЪБАИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ
single-product

МУАРРИФИИ САРДОРИ НАВИ ШУЪБАИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ

2025-04-23 14:20:03

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки муовини вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурӣ, генерал- майёр Нозим Иброҳимзода, муовини сардори раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғд Сӯҳроб Қурбонзода, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаю муассисаҳо ҷамъомад баргузор шуд.
Муовини вазири корҳои дохилӣ зимни муаррифии сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Панҷакент, подполковники милиса Ташрифзода Шоҳвалӣ Турахон, ки бо розигии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Фармони вазири дохила ба ин вазифа таъин шудааст, аз вазифаҳое, ки дар назди мақомоти корҳои дохила гузошта шудааст, ёдовар шуда, аз онҳо ҳамкории пайвастаро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва мардум ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ, гароиш ба ҳаракату ақоиди ифротӣ, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳо ҷалб намуд.
Ба собиқ сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Панҷакент  Шуҳрат Анварзода барои фаъолияти босамар дар ин саммат изҳори сипос намуда, ба ӯ сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.