
БОЗДИД АЗ СОХТМОНИ КӮДАКИСТОН ВА ТОЛОРИ ВАРЗИШ
2025-04-23 15:15:31
Дар Ҷамоати деҳоти Сӯҷина бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба истиқболи 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ идома меёбад.
Дар ҷараёни сафар ба ҷамоати деҳоти Сӯҷина раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти бунёди толори варзиш дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № , деҳаи Дашт шинос шуд.
Гуфта шуд, ки дар оғози соли таҳсили ҷорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории сокинони деҳа дар назди мактаб бинои иловагии дорои 14 синфхона мавриди истифода қарор гирифта буд ва ҳоло сохтмони толори варзишӣ идома дорад.
Зимни боздид аз ҷамоати деҳот ҳамчунин бо рафти сохтмони кӯдакистон дар деҳаи Сӯҷина ва фаъолияти коргоҳи хурди истеҳсоли хишти сементӣ аз ҷониби соҳибкорон шинос шуда, барои дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани сохтмони муассисаи томактабӣ дастур дода шуд.