
ЗАМИНҲОИ СОҲИЛИ ДАРЁ БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ВОРИД КАРДА МЕШАВАНД
2025-04-23 16:01:36
Дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Соҳили Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент, ки дар соҳиди дарёи Зарафшон воқеъ аст, 120 гектар замини нав батадриҷ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда, дар он шолӣ ва дигар зироат кошта мешавад.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз ҷараёни тахту ҳамвор намудани ин заминҳо гуфта шуд, ба ин идомаи корҳои соҳилбандии дарёи Зарафшон имкон фароҳам овард.
Ҳоло ин заминҳо, ки сангу қумпӯш ҳастанд, бо ҷалби техника тахту ҳамвор карда, ба он хок кашонида, ғизо дода , ба кишт омода карда мешаванд.
Ба масъулони ҷамоати деҳот ва кишоварзон барои идома додани корҳои соҳилбандӣ ва ба кишт омода намудани заминҳо ва вусъати кишти картошка дастур дода шуд.