Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ РАВАНДИ ПАРВАРИШИ МОҲӢ
single-product

БОЗДИД АЗ РАВАНДИ ПАРВАРИШИ МОҲӢ

2025-04-24 09:40:53

Дар ҳавзҳои моҳипарварии парки технологии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ки дар соҳили дарёи Зарафшон дар масоҳати 45 гектар воқеъ аст, ҳоло наздик 500 ҳазор моҳича парвариш карда мешавад.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода шарҳ дода шуд, ҳоло 13 ҳавзи моҳипарвариро тоза ва безарар гардонида, моҳиҳоро аз ҳавзи нигоҳдории зимистона, ба онҳо интиқол медиҳанд.
Ҳоло ин ҷо моҳиҳои зоти пешонағафс, амури сафед ва сазан- карп парвариш карда мешаванд ва дар мавсими гузашта, беш аз 20 тонна моҳӣ ба бозор бароварда шудааст.
Дар маҷмӯъ, соли гузашта дар ин ҷо ва ҳавзҳои хурди моҳипарварии хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр 48 тонна моҳӣ истеҳсол шуда, дар мавсими нав зиёд намудани истеҳсоли он пешбинӣ гардидааст.