Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

БА ХОТИРИ РУШДИ СОҲИБКОРӢ

2025-04-24 15:32:06

Дар шаҳри Панҷакент нахустин машғулияти Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби намояндагони соҳибкории хурду миёна, кормандони бахши бонкҳо баргузор шуд.
Чунин машғулиятҳо минбаъд дар бахши ин муассисаи давлатӣ дар шаҳри Панҷакент, ки бо ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис шудааст, пайваста баргузор мешавад.
Дар машғулияти нахустин бо иштирокчиён мавзӯи тарзу усули таҳияи нақшаи тиҷоратӣ матраҳ гардида, тибқи нақша дар машғулиятҳои оянда мавзӯъҳои муҳими марбут ба рушди соҳибкорӣ, ки ба баланд бардоштани маърифати молиявӣ, роҳандозии ҳамкорӣ бо сармоягузорони дохилию беруна, таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ , ибтидои соҳибкории хурду миёна нигаронида шудаанд, ба таври ройгон аз ҷониби мутахассисони варзидаи Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” омӯзонида мешавад.