Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БА КАНАЛИ МАРҒЕДАР ОБ БАСТА ШУД
single-product

БА КАНАЛИ МАРҒЕДАР ОБ БАСТА ШУД

2025-04-25 13:51:28

Ба канали Марғедар, ки яке аз калонтарин иншооти обёрии шаҳри Панҷакент аст ва ба асари ярч беш аз навад метри маҷрои он зери хоку сангпораҳо монда буд, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамаи корҳои барқароркунӣ анҷом дода, об баста шуд.
Тавре дар идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон иттилоъ доданд, барои аз хоку сангпораҳо тоза намудани хати об ва бардоштани хоктеппаҳо, ки хатари лағжиданро дар пай дошт, техникаи зарурӣ сафарбар шуда, маҷрои канал дар қитъаи осебдида бетонпӯш карда шуд. Дар ин кор Ассосиатсияҳои истифодабарандагони об низ саҳмгузорӣ намуданд.
Рафти бартараф кардани оқибати офати табиӣ зери назорати ҳамарӯзаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошт.
Зимнан, бо канали Марғедар беш аз 5000 гектар заминҳои кишт ва боғу ток обёрӣ карда мешавад.