
ДАР МАДДИ АВВАЛ - КИШТИ КАРТОШКА
2025-04-26 12:35:13
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент рафти кишти баҳорӣ, аз ҷумла картошкаро дар хоҷагиҳои деҳқонӣ зери назорати ҳамарӯза қарор дода, ҷиҳати дар мӯҳлати мувофиқ анҷом додани он тадбирҳои амалӣ меандешад.
Дар ин расто раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти кишти картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Саразм дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки ин баҳор дар инҷо тибқи нақша бояд дар майдони 480 гектар картошка кишт намоянд ва то имрӯз майдони кишти он 106 гектарро ташкил медиҳад.
Дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Чинор бошад то ба ин вақт баробари нисфи нақшаи пешбинишуда- дар майдони 34 гектар, кишти картошка гузаронидаанд ва кишт ҳамарӯза идома дода мешавад.
Баробари идомаи кишт дар майдонҳои кишти барвақтӣ коркарди қаторҳои картошка оғоз шудааст ва ҳосили он оғози моҳи июн ба бозор бароварда хоҳад шуд.
Ба роҳбарияти ҷамоатҳои деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати вусъат додани кишт ва истифодаи босамар аз рӯзҳои офтобӣ дастур дода шуд.
Дар маҷмӯъ дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр то ин муддат аз нақшаи 3900 гектар дар майдони 1100 гектар картошка шинонида шудааст ва кишт ҳамарӯза идома дода мешавад.