Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДУ ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФ.
single-product

БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДУ ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФ.

2025-04-26 15:14:18

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва кумитаҳои волидон пойгоҳи моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мустаҳкам карда мешавад.
Аз ҷумла, бо саҳмгузории соҳибкорони бурунмарзии деҳаи Ёрии Ҷамоати Ёрӣ, ки баҳри ободии деҳа гурӯҳи “ Ободии Ёрӣ”-ро таъсис додаанд, бомпӯши бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, ки таъмирталалаб шуда буд, бо ҷалби устоҳои маҳаллӣ ва сокинони деҳа ҳоло пурра нав карда мешавад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти ин кор шинос гардид ва ба ин иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода шуд.
Зимни сафари корӣ ҳамчунин аз рафти сохтмони синфхонаҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии№40-и деҳаи Нурободи Ҷамоати Чинор, барои 400 хонанда дар ду баст, синфхонаҳои иловагӣ дар назди мактаби №121, деҳаи Бостондеҳ, варзишгоҳи замонавӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и шаҳраки Саразми Ҷамоати деҳоти Саразм, ки барои истифода омода карда шудааст, дидан намуда, ба ташаббускорони ин иқдом изҳори сипос карда шуд.