Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МУАРРИФИИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ШАҲР
single-product

МУАРРИФИИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ШАҲР

2025-04-26 15:45:32

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Суғд Ғолибҷон Шарифзода ва кормандони дастгоҳи раиси шаҳр маросими муаррифии муовини якуми раиси шаҳр баргузор шуд.
Зимни муаррифӣ гуфта шуд, ки бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарори раиси шаҳр Собирзода Сабурҷон, ки то ин муддат дар вазифаи сардори идораи сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолият дошт, таъин карда шудааст.