
ҚАБУЛИ МУРОҶИАТУ ДАРХОСТИ ШАҲРВАНДОН
2025-04-27 13:56:51
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҳар рӯзи шанбеи ҳафта раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода шаҳрвандонро қабул менамояд ва ба муроҷиату дархости онҳо тибқи талаботи қонун расидагӣ карда мешавад.
Дар рӯзи қабули навбатӣ беш аз чил нафар шаҳрвандон қабул намуда, ҳар як муроҷиату дархост шунида, мутобиқ ба моҳияти он роҳи ҳаллаш низ нишон дода шуд. Чун собиқа мӯҳтавои онҳоро мусоидат ба ҳалли масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин, ҳалли баҳси замин, расонидани кӯмаки молиявӣ ва дигар масъалаҳо ташкил медод.
Зимни баррасӣ баъзе дархостҳо бевосита ҳал намуда, барои ҳалли дигар масъалаҳои баёншуда ба масъулини ниҳодҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дастур дода, таъкид шуд, ки ҳамаи муроҷиатҳо ба қайд ва ба назорат гирифта, ба шаҳрвандон тибқи талаботи қонун ҷавоби расмӣ ирсол карда мешавад.