
ШИНОСОӢ БО РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТҲО
2025-04-27 13:59:55
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент рафти иҷрои нақшаи бунёди иншооти таъиноти гуногун ва корҳои ободониро ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати пайваста қарор додааст.
Дар ин замина раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти бунёди як қатор иншооти ҷашнӣ боздид намуд ва барои тезонидани рафти корҳо ва бо сифати хуб дар мӯҳлати пешбинишуда ба истифода омода намудани онҳо дастур дода шуд.
Аз ҷумла, зимни боздид аз раванди гузаронидани хати оби нӯшокӣ ва полезӣ дар деҳаи Бостондеҳи Ҷамоати деҳоти Саразм гуфта шуд, ки ин кор бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷалби шарикони рушд ҳоло идома дорад ва бинокорон ба бунёди ҳавзи захираи об ва кашидани хати об аз ҷоҳи амудӣ машғул ҳастанд.
Дар ҷараёни сафари корӣ ҳамчунин бо рафти корҳо дар бунёди дарвозаи рамзӣ ва майдони пазироӣ дар даромадгоҳи ғарбии шаҳр, бинои табобатгоҳ барои сад кат дар идеҳаи Ғӯсар ва кӯдакистон дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ шинос шуда, бинокорон барои хушсифат анҷом додани сохтмони ин иншоот муваззаф карда шуданд.
Дар маҷмӯъ, дар шаҳри Панҷакент бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёду таъмири 984 иншоот пешбинӣ шуда, то имрӯз 656 иншоот ё 66,7 фоизи онҳо сохта, ба истифода дода шудааст.