
ГАРМХОНА - ГАРАВИ ҲОСИЛИ ФАРОВОН ДАР ҲАР ФАСЛИ СОЛ.
2025-04-27 14:01:31
Дар деҳаи Қумоқи Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ дар гармхонаи соҳибкор Ҷаҳонгир Дӯстов бодирингу помидор ва дигар сабзавот парвариш карда мешавад.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз гармхона гуфта шуд, ки он дар масоҳати 15 ҳисса бунёд шуда, ҳоло помидору бодиринг ва дигар сабзавот парвариш карда мешавад ва ҳосили он рӯзҳои наздик ба бозор бароварда хоҳад шуд.
Дар гармхона обу ғизодиҳии сабзавот бо усули қатрагӣ ва парвариши он тибқи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар соли 2024 ва се моҳи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар шаҳр 85 гармхонаи тиҷоратӣ ва оилавӣ сохта шудааст ва он гарави фаровонии сабзавот дар бозор дар ҳар фасли сол аст.