Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МУЛОҚОТҲО ДАР ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТ
single-product

МУЛОҚОТҲО ДАР ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТ

2025-04-27 14:02:50

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо прокуратураи шаҳр тибқи нақшаи муштарак дар ҷамоатҳои деҳот силсилаи мулоқотҳоро оид ба масъалаҳои муҳими рӯз баргузор менамояд.
Чунин мулоқот бо аҳолӣ бо иштироки муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода, прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи як Искандар Раҳматзода, сарвари нозироти андози шаҳр ва идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон дар ҷамоатҳои деҳоти Ворӯ ва Рӯдакӣ баргузор шуд.
Зимни мулоқот таваҷҷӯҳи ҳозирин ба тасеаи корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ ба истиқболи 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи босамари обу замин барои рӯёнидани ҳосили фаровон ва захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар оила, пардохти андозҳо, роҳҳои қонунии ҳалли баҳси замин, муқаррароти қонунҳои миллӣ оид ба таълим ва тарбияи фарзанд, танзими анъана ва расму оин, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, хушунати оилавӣ, пешгирии шомилшавӣ ва гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, ифротгаро дар заминаи қонунҳои амалкунанда бо далелу арқом ҷалб карда шуд.
Чунин мулоқотҳо тибқи нақша дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти шаҳр баргузор мешаванд.