Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БАРГУЗОРИИ РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ НАМУНАВӢ
single-product

БАРГУЗОРИИ РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ НАМУНАВӢ

2025-05-02 16:23:55


            Дар шаҳри Панҷакент бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи амалии хонандагон дар ҳолатҳои фавқуллода дар асоси қарори раиси вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 2, деҳаи Сӯҷина  Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ  гузаронида шуд.

           Тавре сардори Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент Умед  Мирзода иттилоъ дод, дар  Рӯзи мудофиаи  гаждании намунавӣ  намояндагони хадамоти мудофиаи гражданӣ,  тиббӣ, оташнишонӣ , огоҳсозӣ ва алоқа, барқ, санитарӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷалб шуда, тибқи сенарияи машқ омодагии  муассисаи таълимӣ, ҳайати омӯзгорону хонандагон, хадамоти мудофиаи граждании шаҳр дар ҳолатҳои фавқуллода санҷида шуданд.

             Зимни натиҷагирӣ аз баргузории Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ гуфта шуд, ки хадамоти  ба машқ  ҷалбгардидаи мудофиаи гражданӣ, омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимӣ вазифаҳои дар ҳолатҳои фавқуллодаи эҳтимолӣ ба дӯш доштаи худро хуб ба ҷо оварданд.

             Иштирокчиёни фаъоли машқ  бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

             Чунин машқҳои намунавӣ дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ баргузор мегардад.

 

single