Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ
single-product

БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

2025-05-02 17:39:16

Дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 984 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта, то ин муддат беш аз 660 адади онҳо мавриди истифода қарор гирифта, рафти корҳо дар иншоотҳои дигпари ҷашнӣ зери назари пайвастаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аст.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни боздид аз рафти корҳо дар бунёди меҳмонхонаи соҳибкор Фаридун Мукамбилов дар кӯчаи Борбади Марвазӣ, бинои баландошёнаи соҳибкор Нуъмон Шафиев ба онҳо ҷиҳати вусъат додани корҳо ҷиҳати дар мӯҳлати пешбинишуда ба истифола додани иншоот дастур дод.
Дар ҷараёни боздид бо рафти ташкили Маркази ҳунармандӣ дар қисмати Қасри геологҳо дар маҳаллаи Боймурод Холмуродов, гуфта шуд, ки баъди таҷдиду таъмир ин ҷо ҳунармандон сарҷамъона ба ҳунарҳои мардумӣ машғул шуда, намоиши маҳсули дасташон низ ба намоиш ва фурӯш гузошта хоҳад шуд.
Дар рафти боздид ҳамчунин барои бо тарҳи хоса ободу зебо намудани саҳну атрофи бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва дигар иншооти ҷашнӣ ба масъулин дастур дода шуд.