
БА ДЕҲАИ ХУРМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МОҒИЁН БА МАСОФАИ НӮҲ КИЛОМЕТР ХАТИ ОБ КАШИДА МЕШАВАД
2025-05-02 17:43:48
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва саҳмгузории сокинон ба деҳаи Хурмии Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент ба масофаи 9 километр хати оби полезӣ ва нӯшокӣ кашида мешавад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Моғиён бо сокинони деҳа, ки ба ҳашари кашидани ин хати об баромада буданд , вохӯрда, ба ташаббускорони ин иқдоми наҷиб аҳсант хонд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин хати об тавассути лӯлаҳои қутрашон аз 250 то 300 мм. аз мавзеъи Дараи Роғич то деҳаи Хурмӣ, ки масофааш аз нӯҳ киломтр бештар аст , аз тариқи мавзеъҳои ноҳамвори кӯҳӣ, дарю сойҳо бо бунёди ҳавзҳо ва динар иншооти зарурӣ кашида мешавад ва то ин дам беш аз панҷоҳ дарсади корҳо ба иҷро расидааст.
Бо анҷом кашидани ин хати об, ки арзишаш беш аз 4 миллион сомонӣ гуфта мешавад 2150 нафар сокинони деҳаи Хурмӣ, ки ҳоло аз норасоиии оби нӯшокию полезӣ танқисӣ мекашанд бо оби тозаи нӯшокӣ ва ҳамаи заминҳои кишт бо оби полезӣ таъмин карда мешавад.
Ҳоло ҳамарӯза даҳҳо нафар сокинони деҳа ин ҷо ба кор баромада, ният доранд бунёди хати обро то охири соли равон ба анҷом расонанд.
