Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > САФАРИ КОРӢ БА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МОҒИЁН
single-product

САФАРИ КОРӢ БА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МОҒИЁН

2025-05-02 17:52:10

Бо дастгирӣ ва мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар Ҷамоати деҳоти Моғиён корҳои ободонӣ ва бунёди иншооти таъиноти иҷтимоӣ бо ҷалби соҳибкорон ва сокинон ба истиқболи ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат меёбад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар ҷараёни сафари корӣ ба ҷамоати деҳот бо рафти сохтмони як қатор иншоот шинос шуда, ба ташаббускорони он изҳори сипос карда шуд.
Аз ҷумла, ҳоло дар деҳаи Ғезани боло корҳои бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23 оғоз шуда, сохтмони майдончаи варзишӣ ва дар маҳаллаи Нови дияи деҳаи Сор бунёди синфхонаҳои иловагӣ идома дошта, беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳот аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.
Зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳот ҳамчунин бо ҳолати роҳи нақлиётии мавзеи Ваҷағна шинос шуда, ба масъулини корхонаи муштараки Зарафшон ва муассисаи давлатии истифодаи роҳҳои автомобилӣ барои таъмини бехатарии ҳаракат дар ин қитъаи роҳ аз сангфароӣ дастур дода шуд.