Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МОҒИЁН КИШТИ КАРТОШКА ВУСЪАТ МЕЁБАД.
single-product

ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МОҒИЁН КИШТИ КАРТОШКА ВУСЪАТ МЕЁБАД.

2025-05-02 19:04:37

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Моғиён дар ҳашари кишти картошка дар кооперативи истеҳсолӣ-тиҷоратии “Моғиён” иштирок намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагӣ соли равон кишти картошкаро дар майдони 160 гектар ба нақша гирифта, то имрӯз дар майдони 105 гектар кишт кардаанд.
Зимнан дар иқлими Ҷамоати деҳоти Моғиён, ки дар баландкӯҳ воқеъ аст, картошка ҳосили фаровон медиҳад ва инро таҷрибаи деҳқонони варзида борҳо собит намудааст.
Ба кишоварзон ҷиҳати дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани кишти картошка ва дигар зироати баҳорӣ дастуру маслиҳат дода шуд.