
БОЗДИД АЗ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ АНГИШТ
2025-05-03 08:34:28
Дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дион- ангишт. Тоҷикистон” , ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент воқеъ аст,бо насби таҷҳизоти нав истеҳсоли ангиштро зиёд менамояд.
Тавре зимни боздид раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода гуфта шуд, ба коргоҳ як маҷмӯъ таҷҳизоти нави истеҳсоли ангишт ворид кардаанд ва баъди ба анҷом расонидани насби онҳо иқтидори истеҳсолии корхона меафзояд.
Ба масъулини коргоҳ ҷиҳати дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани насби таҷҳизот ва зиёд намудани истеҳсоли аннгишт дастур дода шуд.