Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МУЛОҚОТ БО СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ
single-product

МУЛОҚОТ БО СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

2025-05-03 08:35:52

Сокини ҳафтоду ҳаштсолаи деҳаи Ғезани болои Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент Боймурод Эшмуродов то ба синни нафақа расидан беш аз чил сол механизатор буд ва дар рушди соҳаи кишварзӣ саҳми босазо гузоштааст.
Ҳоло бошад дар иҳотаи фарзндону наберагон давлати пирӣ меронад ва онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамояд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ бо ин собиқадори барӯманд мулоқот намуд ва дар сӯҳбат бо ӯ аз ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар ба ин табақа сухан рафт.
Дар ин сафар ҳамчунин сокини деҳаи Пуштакӯҳ, собиқадори меҳнат Умарой Рустамова аёдат карда шуд.
Ба собиқадорони меҳнат тӯҳфаҳои пулию молии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.