
РАСИДАГӢ БА МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН
2025-05-04 11:22:08
Дар рӯзи қабули раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки тибқи нақша ҳар ҳафта рӯзи шанбе баргузор мешавад, ин навбат як гурӯҳ бонувон аз деҳаи Бедаки Ҷамоати деҳоти Косатарош муроҷиат намуданд.
Онҳо дархост карданд дар заминҳое,ки барояшон ҳамчун қитъаи наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст ва дар ҳамворӣ воқеъ аст, кишту кор намоянд ва ба ҷои он дар заминҳои ғайрикишоварзӣ ва лалмӣ, ки дар шафати он воқеъ аст, барои бунёди истиқоматгоҳ замин ҷудо кунанд.
Ин пешниҳоди онҳо қобили қабул дониста, гуфта шуд, ки ин масъала давоми ҳафта дар ҷояш дида, ҳатман ҳал карда мешавад.
Ҳамин тавр, дархости ҷавоне, ки нав аз хидмати ҳарбӣ баргаштааст, шунида, барои пардохти маблағи касбомӯзии ӯ дар мактаби ронандагии Ташкилоти мададгори мудофиа дастур дода шуд.
Дар рӯзи қабул ҳамчунин дигар муроҷиату дархост ва пешниҳоди шаҳрвандон шунида, моҳият ва роҳи ҳалли қонунии онҳо фаҳмонида, барои баррасӣ ва ҳалли қонунииашон ба ниҳодҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ташкилоту муассисаҳо дастур дода шуд.