
ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ПОЙГА БАРГУЗОР ШУД
2025-05-04 12:38:31
Субҳи 3 майи соли равон дар саҳни Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент садҳо нафар ҳаводорон ва мухлисони варзиши сабук аз ҳамаи манотиқи мамлакат ҷамъ омаданд.
Ин рӯз аз ин ҷо мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук- пойга, ба хотири гиромидошти Устоди варзиши шуравӣ Шайдулло Исоев, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассосатсияи дав ва марафонҳои мамлакат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва фарзандони ин варзишгари номвар ташкил карда шудааст, оғоз шуд.
Мусобиқа бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода оғоз шуда, вазишгарон дар давидан ба масофаҳои 10, 8 ва 4 километр нерӯ санҷида, байни мардон, бонувон ва собиқадорон фаъолтаринашон ба марра аз ҳама пеш расиданд.
Дар ҷамъбасти ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба ғолибон нишон, ифтихорномаю сипоснома ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи ҳайати тадорукот ва ташкилкунандагони он супорида шуд.