
ШАҲРИ МО – ХОНАИ МО: ОНРО ТОЗАЮ ОЗОДА НИГОҲ ДОРЕМ
2025-05-05 10:41:18
Муроҷиатнома ба кулли сокинони шаҳри Панҷакент
Шаҳри Панҷакент бо таърихи ғановатманд, ёдгориҳои беназири таърихӣ, ки ба Феҳристи мероси башарии созмони ЮНЕСКО шомил шудаанд, фарзандони фарзонааш, ки номбардори миллату кишвар ҳастанд, манзараҳои нотакрори табиӣ кайҳост, ки мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ қарор гирифтааст ва ҳар сол ҳазорон нафар сайёҳону меҳмонон аз он дидан менамоянд.
Дар даврони истиқлоли давлатии кишварамон ба шарофати сиёсати ободгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри мо симояшро ба тадриҷ дигар мекунад, бо бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ, таъмиру таҷдиди роҳу кӯчаҳо, бунёди майдону гулгаштҳо, сабзкорию гулшинонӣ боз ҳам ободу зебо гардида, ба шаҳри ҳозиразамон табдил меёбад.
Аз ҷумла, дар доираи нақшаи омодагиҳо ба 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори раиси шаҳр тасдиқ шудааст, бунёди 984 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта, то ин муддат беш аз 660 иншоот, аз ҷумла, дар шаҳр 12 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои тиҷоратию истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода, ҳоло бунёди беш аз чил чунин биноҳои баландошёна идома доранд.
Баҳори ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр садҳо бех ниҳоли дарахтони нодири ороишӣ ва ҳазорҳо бех гулҳои гуногуни мавсимию доимӣ шинонида шуданд ва ин кор минбаъд низ идома дода мешавад.
Риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ, ба қадри ин бунёдкориҳо расидан, саҳмгузорӣ дар ин ободкориҳо, тозаю озода нигоҳ доштани манзил,гирду атрофи он, роҳу кӯчаҳо, аз рисолати аслии сокинони шаҳри бостониамон мебошад.
Фарҳанги шаҳрнишинӣ пеш аз ҳама дар тозаю озодакорӣ, дар соати муайян ва дар ҷойи муайян баровардани партовҳои маишӣ зуҳур меёбад, ки мутаасифона, на ҳама ҳамшаҳриҳои азизамон ба ин риоя мекунанд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр солҳои охир барои сари вақт баровардани партовҳои маишӣ ба корхонаи фаръии “Хоҷагии манзилӣ- коммуналӣ” се нақлиёту техникаи борбардор дастрас шуда, ҳоло шаш нақлиёт ба ин кор сафарбар карда шудааст, Ҳамчунин дар ин солҳо дар ҳудуди шаҳр шаш партовҷои замонавӣ сохта, шумораи онҳо ба 50 адад расонида шуд. Яъне корхона имкон дорад, ки патовҳоро сари вақт ҷамъоварӣ намуда, онро ба партовгоҳи шаҳрӣ кашонад. Ҳамчунин дар кӯчаҳои асосии шаҳр даҳҳо адад қуттиҳои оҳанӣ ва симини партов гузошта шудаанд.
Барои ин, пеш аз ҳама дастгирии шумо- ҳамшаҳриҳои арҷманд, зарур аст. Ин дастгирӣ дар тозаю озода нигоҳ доштани хонаю дар, роҳу кӯча ва ҷӯйбори маҳали зист, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи озодакорӣ, дар соати муайяншуда баровардани партовҳои маишӣ зуҳур меёбад.
Ба шумо- сокинони шаҳр, раисон ва аъзоёну фаъолони маҳаллаҳои шаҳр, соҳибкорон, соҳибмулкону кормандони нуқтаҳои савдо ва хуроки умумӣ, роҳбарону кормандони ташкилоту идораҳо, ба устодону омӯзгорону муассисаҳои таҳсилоти олӣ, коллеҷу литсейҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ МУРОҶИАТ МЕНАМОЕМ:
Фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намоед, шаҳри бостониамонро чун хонаи худ ҳисоб кунед, дар тозаю озода нигоҳ доштани манзилу маҳали зист, коргоҳ, роҳу кӯча ба ҷавонону наврасон намунаи ибрат бошед, онҳоро дар рӯҳияи озодакорӣ, эҳтиром гузоштан ба заҳмати хоҳарону модаронамон, дигар кормандони хоҷагии манзилӣ- коммуналӣ, ки ба тозаю озода нигоҳ доштани шаҳр, сарсабз нигоҳ доштани ниҳолу гулҳои ҳудуди шаҳр машғуланд,тарбия намоед;
Партовҳои маиширо танҳо дар вақти майяншуда- ҲАР РӮЗ АЗ СОАТИ 19 то 23 ба партовгоҳҳо бароред, ин корро ба уҳдаи хурдсолон нагузоред.
Дар сурати риояи ин реҷа ҳамаи партовҳо то субҳ ба партовгоҳи асосӣ кашонида мешавад ва дар ин фасли гармо шаҳрамон аз ҳама нопокиҳо эмин дошта, сарсабзу зебо ва тозаю озода мемонад.
ҲАМДИЁРОНИ АИЗ!
Умед мекунем, ки ин муроҷиатномаро худ мутолиа менамоед, мазмуну мӯҳтавои онро ба аҳли оила, ҳамсояю ҳаммаҳаллаю ҳамкорон, меҳмонони шаҳр мерасонед ва дасти ҳам гирифта, шаҳри бостониамонро ба як гӯшаи ободу зебо ва тозаю озодаи Ватани азизамон табдил медиҳем, ба сайёҳону меҳмонони сершумори он фарҳанги баланди шаҳрнишиниро, ки мерос аз гузаштагони барӯмандамон, бостоншаҳрҳои Саразму Панҷакенти қадим ва миллати озодаи тоҷик аст, нишон медиҳем.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент