
ДАР МУҲОКИМА – МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ РӮЗ
2025-05-05 12:36:22
Дар маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Панҷакент, ки имрӯз баргузор шуд, масъалаҳои муҳими соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни пурсиш аз масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода таваҷҷӯҳи онҳоро ба вусъат додани кишти баҳорӣ, аз ҷумла картошка, ҷалб намуд ва дастур дода шуд, ки бо иштироки мутасаддиёни шаҳрдорӣ вазъи кишт ва роҳандозии парвариши кирми пилла ҳамарӯза дар ҷамоатҳои деҳот натиҷагирӣ карда шавад.
Дар ҷаласаи назоратӣ ҳамчунин гузоришҳои сармеъмори шаҳр оид ба рафти корҳо дар иншооте, ки тибқи нақшаи омодагӣ ба 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешаванд ва мудири шуъбаи саноату нақлиёти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар бораи ваъи иҷрои “Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025” дар шаҳр шунида, аз ҷумла, беҳтар намудани сатҳи хидматрасонии нақлиёти мусофирбар ва боркашон, идома додани таъмиру таҷдид ва мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.
Дар маҷлиси назоратӣ дигар масъалаҳои муҳими соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр, аз ҷумла ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ таҷлил намудани иду ҷашнҳои моҳи ҷорӣ ба масъулин дастур дода, пешниҳодҳои мақомоти прокуратураи вилояти Суғд ва шаҳр мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.