Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

КИШТИ ШОЛӢ ОҒОЗ ШУД

2025-05-05 15:08:35

Имсол кишоварзони шаҳри Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки дар майдони 1850 гектар, замин, ки асосан дар ду соҳили дарёи Зарафшон воқеъ аст, шолӣ кишт намоянд.
Дар кооперативи тиҷоратии тухмипарварии ба номи Шамсӣ Назарови Ҷамоати деҳоти Хурмӣ бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва фотиҳаи деҳқонони варзида ба кишти шолӣ оғоз намуданд.Онҳо имсол дар майдони 73 гектар навъҳои девзира, “Панҷруд”, “ Саразм”, Марҷон, Нуқус, Регар ва ғайраро,ки ба иқлими ин ҷо мувофиқ аст, кишт намуда, дар таъмини хоҷагиҳои шолипарвари шаҳр бо тухмии хушсифат низ саҳм мегузоранд.
Деҳқонони Ҷамоати деҳоти Хурмӣ дар рӯёнидани ҳосили фаровони шолӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтаанд ва майдони кишти ин зироати пурқимати ғизоиро дар заминҳои соҳили Зарафшон имсол ба 280 гектар мерасонанд.
Кишти шолӣ ҳоло дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти Амондара ва Саразм низ шурӯъ шуда, он дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом дода мешавад.
Зимни иштирок дар маъракаи кишти шолӣ ба масъулони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон, ҷамоати деҳот ва дещқонон барои идомаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ то оғози мавсими обхезии дарёи Зарафшон дастур дода шуд.