
ПАНҶАКЕНТ: БОҒИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ БОЗСОЗӢ МЕШАВАД..
2025-05-06 08:40:00
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки дар яке аз мазеъҳои зебоманзари шаҳр, дар соҳили дарёи Зарафшон воқеъ аст, аз ҷониби соҳибмулк, соҳибкори муваффақ Алишер Бозоров бо тарҳи комилан нав азнавсозӣ карда мешавад.
Тавре, зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода шарҳ дода шуд, айни замон корҳои ободонию азнавсозӣ бо тарҳи нав оғоз шуда, атрофи Кӯли ҷавонон, ки дар канори боғ воқеъ аст, роҳравҳо бо қуми маҳин пӯшида, барои истироҳат ва шиноварӣ омода карда шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.
Мутобиқи лоиҳаи ангоравӣ дар боғ бунёди манораи бузург тимсоли бурҷи Эйфели Порис, фаввораҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, қаҳвахонаю майдонҳои бозӣ, айвонҳои мунаққаш барои нишаст, амфитеатр, роҳравҳои чароғон, майдон, гулгаштҳо ва лавҳаи ёдгорӣ ба хотири иштирокчиёни ҷанги дуюми ҷаҳон бо тарҳи нав ва ғайра пешбинӣ шуда, онҳо батадриҷ сохта мешаванд.
Бо анҷоми ин ободкориҳо боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба минтақаи зебои фароғатӣ барои сокинону меҳмонон, сайёҳон ва баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ табдил хоҳад ёфт.