Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

ФОРУМИ БОНУВОНИ СОҲИБКОР

2025-05-06 16:23:30

Дар доираи ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо лоиҳаи “ Идоракунии ҳамгироии захираҳои табии барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон” (INVEST),ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд маблағгузорӣ мешавад, бо иштироки сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймондас Карабис ва муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ таҳти унвони “Зан – тақвиятгари рушд” форуми занони соҳибкори шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор шуд.
Зимни боздид аз намоиши дастовардҳои бонувони минтақа, ки дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи мазкур соҳиб шудаанд, ба он баҳои баланд дода шуд.
Дар идома бо иштироки бонувони соҳибкор семинари дастурдиҳӣ доир шуда, роҳу усулҳои ба соҳибкорӣ ҷалб намудани бонувон, тақвияти соҳибкории занон ба онҳо фаҳмонида шуд.
Зимнан, ба зерлоиҳаҳои ин Лоиҳа, ки рушди боғпарварӣ, истеҳсоли маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ безарар, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунармандӣ, дастрасӣ ба обу ғизои тозаро фаро мегирад, беш аз 350 нафар бонувони минтақа ҷалб шудаанд.