Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ТАҶЛИЛИ 80- СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
single-product

ТАҶЛИЛИ 80- СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

2025-05-09 10:28:34

Ба ифтихори 80-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар саҳни лавҳаи ёдгорӣ ба хотири шаҳидони ҷанг дар боғи Камоли Хуҷандии шаҳри Панҷакент бо иштироки доираи васеъи собиқадорони меҳнат, ҷомеаи меҳнатии корхонаю муассисаҳо, ҷавонон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Таҷлили ин санаи таърихӣ бо шиносоӣ бо аслиҳаи ҷангӣ ва гулгузорӣ ба пояи лавҳаи ёдгорӣ ва оташи абадӣ ба эҳтироми шаҳидони ҷанг оғоз шуда, ҳозирин ва сокинони шаҳрро аз номи муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, директори намояндагии КВД “ Хоҷагии манзилӣ- коммуналӣ” дар вилояти Суғд Баҳриддинхоҷа Нозимӣ ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати ҷашни Ғалаба муборакбод намуданд.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ба таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба ифтихори 80- солагии Ғалаба мардум ва Ҳукумати мамлакат ба ин хизмати таърихии фарзандони содиқу далери худ ҳамеша арҷ мегузоранд.
Зимнан,дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ 5885 нафар ҳамдиёрони диловари мо дар набардҳои хунин иштирок намуда, 2400 нафари онҳо ҷонашонро дар ҷабҳаҳо нисор кардаанд ва ҳоло дар шаҳри Панҷакент аз иштирокчиёни набардҳои хунини ҷанги ҷаҳонии дувум танҳо хотира ва номи нек боқӣ мондааст.
Дар фарҷоми таҷлили ҷашни 80- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аскарони қисми низомии Вазорати мудофиаи мамлакат мустақар дар шаҳри Панҷакент машқҳои ҳарбӣ нишон доданд.
Ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун баргузор карда шуданд.