
МУЛОҚОТ БО СОБИҚАДОРИ АҚИБГОҲИ ҶАНГ
2025-05-09 10:36:24
Аз 5885 нафар иштирокчиёни набардҳои хунини Ҷанни Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Панҷакент ҳоло хотираи нек боқӣ модааст ва аз дорандагони нишони “ Барои хидмати шоиста дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои 1941-1945” танҳо сокини маҳаллаи Саройбоғи деҳаи Кулолии Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, собиқ омӯзгор Холмаҳмад Холиқов, ки синнаш ба садсолагӣ наздик мешавад, барҳаёт аст.
Арафаи Рӯзи Ғалаба намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори намояндагии КВД “Хоҷагии манзилӣ – коммуналӣ” дар вилоят Баҳриддинхоҷа Нозимӣ ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ӯро бо ҷашни Ғалаба муборакбод гуфтанд ва ба ӯ табрикот ва ёрии яквақтаи молиявии раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.
Дар сӯҳбат бо собиқадори ақибгоҳи ҷанг таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат ба хидматҳои содиқонаи онҳо ҳамеша арҷгузорӣ менамояд.