Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ПАЁМИ ТАБРИКИИ раиси шаҳри Панҷакент, Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати 80- умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
single-product

ПАЁМИ ТАБРИКИИ раиси шаҳри Панҷакент, Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати 80- умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

2025-05-09 11:22:25

Ҳамдиёрони арҷманд!
Соли равон кишварҳои сулҳпарвари ҷаҳон 80-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳонро ҷашн мегиранд.
Ба ин муносибат собиқадорони гиромӣ, афсарону сарбозони шуҷоъ ва мардуми Панҷакенти бостонро ба муносибати 80 -солагии Ғалаба бар Германияи фашистӣ самимона муборакбод мегӯям.
Бо ифтихор ёдовар мешавам, ки ҳазорон нафар фарзандони халқи тоҷик дар ҷабҳаҳои Ҷанги ҷаҳонии дувум бо шуҷоату қаҳрамонӣ бар зидди истилогарони фашистӣ ҷангида, ба унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, ордену медалҳо ва дигар мукофотҳо шарафёб гардиданд. Дар он солҳои мудҳиш 5885 нафар фиристодагони шаҳри Панҷакент низ бо корнамоиҳои хеш тавонистанд дар шикасти душман, ба даст овардани ғалаба матонату қаҳрамонӣ нишон дода, номи хешро дар саҳифаҳои таърих чун родмардони накӯноми Ватан сабт намоянд.
Дар замони истиқлол бо иқдом ва пуштибониҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёну маъюбони Ҷанги ҷаҳонии дувум, саҳмдорони ақибгоҳ ва аҳли оилаҳои онҳо мавриди дастгириҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳои гуногун қарор мегиранд.
Бо гузашти солҳо сафи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги ҷаҳонии дувум кам мешаванд ва ҳоло дар шаҳри Панҷакент аз иштирокчиёни набардҳои хунини ҷаҳонии дувум танҳо хотира ва номи неки онон боқӣ мондааст. Қаҳрамониву шуҷоати онҳо аз ёдҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Ба таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба ҷоннисорию қаҳрамонии падарону бобоёни мо дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои насли ҷавони имрӯзи мо дар роҳи хидмати содиқона ба Ватан, ҳифзи марзу буми муқаддаси он ва дастовардҳои замони истиқлол бояд намунаи ибрат бошад. Ин дар вазъи муташанниҷи сиёсии минтақа ва сайёра, бархурди тамаддунҳо ва афзоиши хатари ифротгароӣ хеле муҳим аст.
Боиси хушнудӣ аст, ки дар маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ шаҳри Панҷакент нақшаро пеш аз муҳлат иҷро намуд, даҳҳо нафар ҷавонони баору номус бо амри дил хидмат ба халқу Ватанро ихтиёр намуда, садоқати худро ба меҳани маҳбуби худ нишон медиҳанд.
Бори дигар ҳамдиёрони арҷмандро ба муносибати 80 -солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрику гуфта, барояшон тани сиҳат, бахту саодати зиндагӣ ва дар роҳи пойдории сулҳу ваҳдат, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳои нав ба нав таманно менамоям.
Иди Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!