
ПАЁМИ ТАБРИКИИ табрикии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ
2025-06-26 15:26:38
Ҳамдиёрони арҷманд!
Бо камоли эҳтиром ҳамаи шуморо бо 28-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ- Рӯзи ваҳдати миллӣ, самимона муборакбод менамоям.
Дар таърихи ҳар қавму миллат санаҳои фархундае сабт шудаанд, ки дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳидояти мардум ба сӯи созандагиву ободгарӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ нақши муҳим бозидаанд.Расидан ба истиқлоли давлатӣ ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҷанги таҳмилии дохилӣ хотима бахшид ва ваҳдату сулҳу субот, рушди босуботи кишвар бо он оғоз шуд, аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини миллати мо ба шумор меравад.
Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки “Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳими давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем”.
Дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ бо дахолати нерӯҳои бадхоҳ Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин марҳилаи хеле душвор мардуми тоҷикро ба мушкилоту харобиҳо рӯ ба рӯ сохт, иқтисодиёт фалаҷ гашт, хатари аз байн рафтани Тоҷикистон чун давлати мустақил ба миён омад.
Барои ба эътидол овардани авзоъи ногувори сиёсиву иҷтимоии он солҳо баргузории Иҷлосияи тақдирсози ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозида, ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани фарзанди барӯманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи кишвари мо саҳифаи наве боз шуд.
Расидан ба ваҳдати миллӣ марҳилаи басо душвору мураккаб буд ва хушбахтона ҷаҳду талошҳои Пешвои тоҷикон ва хиради азалии мардуми соҳибтамаддунамон моро ба пирӯзӣ шарафёб намуд. Маҳз талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Ба шарофати имзои ин Созишномаи таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ оғоз шуд. Дар муддати кӯтоҳ ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар корҳои азиме ба иҷро расида, ҳоло низ дар ин самтҳо татбиқи даҳҳо лоиҳаҳои нави созандагӣ бо маром ҷараён доранд.
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷумҳурии моро чун кишвари ташаббускор эътироф намуд ва таҷрибаи сулҳофаринии Пешвои миллати мо ҳоло дар сатҳи ҷаҳонӣ омӯхта мешавад ва густариши ғояҳои ваҳдат дар ҷомеа дар баробари таъмини заминаҳои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таърихию фарҳангии даврони соҳибистиқлолӣ, барои эҳёи тафаккури нави миллӣ заминаҳои мустаҳкам фароҳам овард.
Дар ин солҳо ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ дар баробари дигар минтақаҳои мамлакат шаҳри бостонии Панҷакент низ ободу зебо гардида, барои истиқболи сазовори 35- умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беш аз ҳазор иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то ҳол 770 адад иншоотҳои гуногун мавриди истифода қарор дода шудаанд ва ҳоло дар бунёди 80 иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ корҳо бомаром идома доранд.
Бори дигар солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро ба мардуми диёри бостониамон самимона табрику таҳният намуда, итминони комил дорам, ки мо барои амалисозии роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастурҳои раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар самти вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва истиқболи сазовори 35- умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро мегузорем.
Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!