Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ РӮЗ ВА ҚАДРШИНОСӢ БАРОИ ХИДМАТИ ШОИСТА..
single-product

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ РӮЗ ВА ҚАДРШИНОСӢ БАРОИ ХИДМАТИ ШОИСТА..

2025-06-30 10:05:37

Рафти корҳо дар иншоотҳое, ки дар доираи омодагӣ ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани онҳо пешбинӣ шудааст, ба тартиб овардану тозаю озода намудани роҳу кӯчаҳо, шафати шоҳроҳҳо, саҳни корхонаю муассисаҳо, насби шиору овезаҳо, лавҳаҳои электронӣ, идома додани мумфаршкунии роҳҳо ва тозакорию ободонӣ дар маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо иштироки муовинони раиси шаҳр, бахшу ниҳодҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони як идда корхонаю муассиҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба масъулин ҷиҳати вусъат додани корҳо дар иншоотҳои ҷашнӣ, корҳои ободонию тозакорӣ, мумфарш намудани қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои маҳаллӣ, ҳалли дигар масъалаҳои баррасишуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷоми ҷаласаи назоратӣ ба собиқ сардори раёсати кишоварзии шаҳр Ибодулло Мутаиллоев, ки солҳо тӯлонӣ вазифаҳои гуногуни хидмати давлатӣ ва ҷамъиятро ба ҷо оварда, ба синни нафақа расидааст, барои кори пурмаҳсул изҳори сипос намуда, ба ӯ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.