Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > САФАРИ КОРӢ БА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ШИНГ
single-product

САФАРИ КОРӢ БА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ШИНГ

2025-07-14 08:37:07

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ташриф ба шаҳри Панҷакент иброз доштанд, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз деҳаи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Шинг боздид намуд.
Дар ҷараёни боздид бо фаъолияти бунгоҳи тиббии деҳа баъди таъмир шинос шуда, ба масъулини Кӯмаки аввалияи тиббӣ- санитарии шаҳр ҷиҳати ташкили дурусти кор дар ин муассисаи тиббӣ дастур дода шуд.
Дар идомаи сафари корӣ рафти омодагиҳо ба оғози фаъолияти кӯдакистони дорои 80 ҷой, ки дар бинои собиқ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳа баъди таъмиру таҷдид ташкил карда шудааст, мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки дар кӯдакистони нав ҳуҷраҳои хобу истироҳат ва бозии кӯдакон омода буда, он бо ҷиҳози зарурӣ таъмин карда шудааст.
Масъулин барои дар мӯҳлати кӯтоҳ ба тартиб овардани саҳну атрофи бино, бунёди ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон муваззаф карда шуданд.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин аз рафти бунёди бинои нави бахши МТМУ №115-и деҳаи Боғча дар деҳаи навбунёди Хушдара барои 320 хонанда дар ду баст, дидан намуда, ба пудратчӣ- ширкати СУ-3, барои то оғози соли нави таҳсил анҷом додани сохтмони таълимгоҳ супориш дода шуд.
Зимнан, Боғча ҳоло симои нав ба худ касб карда, роҳ ба деҳа аз шоҳроҳи Панҷакент – Айнӣ мумфарш, соли селрави паҳлӯи он тоза карда, бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои муассисаи таълимӣ бо шароити созгори замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.