Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Хабарҳо

2025-08-22 11:01:54

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Амонқул Умриев аз куҳансолтарин кормандони соҳаи тадурустии шаҳри Панҷакент буда, беш аз ним аср ба ҳайси духтури кӯдакон дар муассисаҳои тиббии шаҳр кор карда, ҳамчун табиби ҳозиқу донишманд ва инсони шариф байни ҳампешаҳо ва сокинон этироф ва соҳиби обрӯву эътибор гардидааст.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни аёдат аз хидматҳои арзандаи ин табиби ҳозиқ ёдоварӣ намуда, ӯро бо Рӯзи кормандони соҳаи тиб муборакбод намуда, барояш саломатӣ ва давлати пирӣ орзу кард.
Дар ин рӯз ҳамчунин собиқадори соҳаи тандурустӣ Марҳабат Холмуродова, ки беш аз 35 сол дар муассисаҳои тиббӣ вазифаи хоҳари шафқатро софдилона ба ҷо оварда, ҳоло ба асари беморӣ ранҷ мекашад, аёдат карда шуд.
Ба собиқадорон тӯҳфаҳои пулию молии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

2025-08-22 10:39:04

НИШАСТИ МАТБУОТИИ ҲАЙАТИ ШӮРОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУНАРМАНДӢ

Намояндагони Шӯрои байналмилалии ҳунармандӣ дар ҳайати муовини раиси минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ороми Шӯро Сандип Кумар, коршиносон Паула Манфреди, Соника Соника Кар ва узви Шӯро аз Тоҷикистон Абдуқаҳҳор Ҳамдамов, ки бо даъвати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баҳодиҳӣ ба пешниҳод ҷиҳати пазироии шаҳри Панҷакент ба узвияти ин Шӯро дар номинатсияи сӯзанӣ дар шаҳр қарор доранд, бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рӯзноманигорони васоити ахбари маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ баргузор намуданд.
Зимни нишаст ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки Шӯрои байналмилалии ҳунармандӣ (World Crafts Council, WCC) ташкилоти ғайритиҷоратию ғайридавлатӣ буда, соли 1964 ҳамчун ниҳоди созмони ЮНЕСКО таъсис шудааст ва ҳадафаш пешгирии аз байн рафтани намудҳои ҳунарҳои мардумӣ, ташкили ҳамоишҳои байналмилалии ҳунармандон,табодули таҷрибаи онҳо, дастгирии ҳунармандон буда, аз соли 2014 ҳамчунин барномаи “Шаҳрҳои ҷаҳонии ҳунармандӣ”-ро бо мақсади эътирофи саҳми шаҳрҳо дар рушду нигоҳдошти ҳунарҳои мардумӣ ва мусоидат ба такомули он роҳандозӣ менамояд. Тавре гуфта шуд ҳоло 108 давлат ба узвияти Шӯро пазируфта, 74 шаҳр аз кишварҳои узв чун Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ эътироф шудаанд.
Гуфта шуд, ки шаҳри Панҷакент бо дастгирӣ ва мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазируфта шудан ҳамчун Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ дархост пешниҳод намудааст ва онҳо чун узви Комиссияи баҳодиҳии Шӯро ин ҷо қарор доранд.
Ҳайати комиссия тибқи дархости ирсолшуда таърих, анъана ва густариши ҳунари сӯзанидӯзиро дар шаҳри Панҷакент омӯхта, бо намунаҳои он, маҳсули дасти бонувони ҳунарманд шинос шуда, хулосаашро ба Шӯро пешниҳод менамояд.
Дар нишаст ҳамчунин аз таҷрибаи Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ бо намунаи ҳунари кордсозӣ соли 2024 эътироф шудани шаҳри Истаравшан низ ба хабарнигорон нақл карда шуд.
Дар нишасти матбуотӣ аъзоёни ҳайати Шӯро ба саволҳои хабарнигорон посух гуфтанд.

2025-08-22 08:47:36

ПАЗИРОИИ ҲАЙАТИ ШӮРОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУНАРМАНДӢ

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ҳайати Комиссияи баҳодиҳии Шӯрои байналмилалии ҳунармандиро, ки бо даъвати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳр омаданд, ба ҳузур пазируфт.
Ҳайати Шӯрои байналмилалии ҳунармандӣ аз муовини раиси минтақаи Осиё ва Уқёнуси Шӯро Сандип Кумар, коршиносон Паула Манфреди, Соника Соника Кар ва узви Шӯро аз Тоҷикистон Абдуқаҳҳор Ҳамдамов иборат буда, бо мақсади баҳодиҳӣ ба пешниҳод ҷиҳати пазироии шаҳри Панҷакент ба узвияти ин Шӯро дар номинатсияи сӯзанӣ дар шаҳр қарор доранд.
Зимни мулоқот ба меҳмонон оид аз таърихи қадимаи ҳунармандӣ, ки намунаи боризаш бостоншаҳри Саразм чун маркази ташаккули кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мебошад, дар заминаи дастгирии ҳунармандӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бесобиқаи он дар шаҳр, анъанаи сӯзанидӯзӣ, ташкили марказҳои ҳунармандӣ, дастгирии давлатии онҳо иттилоъ дода шуд.
Ҳайати Шӯро таасуроташонро аз боздид аз Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, баён дошта, мақсаду вазифаҳои ин ниҳоди байналмилалиро шарҳ доданд ва изҳори қаноатмандӣ карданд, ки ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби давлат ин ҷо дастгирӣ меёбад ва ин барои қабули шаҳр ба Шӯрои байналмилалии ҳунармандӣ заминаи боэътимод хоҳад буд.
Шӯрои байналмилалии ҳунармандӣ ниҳоди байналмилалиест, ки шаст сол боз фаъолият дошта, 108 давлати сайёра ба он шомил буда, 74 шаҳр чун шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ дар заминаи навъҳои ҳунарҳои мардумӣ ба он пазируфта шудаанд.
Аз Тоҷикистон то кунун шаҳри Истаравшан ду сол қабл бо ҳунари кордсозӣ ба он шомил шуда буд.

2025-08-22 07:40:07

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ТИБ..

Дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, собиқадорон ва кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тиб ва зодрӯзи олими бузург, ҳаким Абӯалӣ ибни Сино ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Дар паёми табрикии раиси шаҳр ба ин муносибат гуфта шуд, ки дар даврони истиқол бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомаӣ Раҳмон соҳаи тандурустии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, рушд карда, заминаи моддӣ- техникии он тавсеа ёфта, дар ин давра барои рушди соҳа дар маҷмӯъ 185 миллион сомонӣ масраф гардидааст.
Аз ҷумла, 11 июли соли равон зимни ташрифи Сардори давлат ба Панҷакент беморхонаи минтақавии деҳаи Ғӯсар ва боз 5 муассисаи тиббӣ ба истифода қарор дода шудааст ва ин кор минбаъд низ идома дода мешавад.
Дар фарҷоми ҷаласа ба як гурӯҳ духтурон, кормандони миёнаи тиб, дигар кормандон нишони “Аълочии тадурустии Тоҷикистон”, сипосномаи раёсати тандурустии вилоят, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, бо иштироки ҳунармандон аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ва санъаткорони шаҳр барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешкаш карда шуд.

2025-08-22 07:38:15

МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ...

Рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди соҳаи маориф, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд Бахтиёр Саҳадов, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Қабл аз оғози машварат иштирокчиён аз намоиши ҳунари аъзоёни маҳфилҳои муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва кӯдакистонҳо дидан намуданд.
Дар суханронии раиси шаҳр зимни баррасии рафти иҷрои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент, аз ҷумла зикр карда шуд, дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Панҷакент Пешвои муаззами миллат санаи 11 июл дастовардҳоро дар соҳаи маориф дар даврони истиқлол бо далелҳо баён дошта, баробари ин вазифаҳо дар ин соҳаи калидӣ муайян намуданд.
Зимни ин ташриф Пешвои муаззами миллат бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 115-и деҳаи Боғчаи Ҷамоати Шингро ифтитоҳ намуда, дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ кӯдакистон, ки 300 нафар кӯдаконро ба тарбия фаро мегирад ва дорои ҳама шароитҳои замонавӣ аст, мавриди истифода қарор доданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат ба таври фосилавӣ ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Суҷина барои 120 кӯдак, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Косатарош барои 520 хонанда дар ду баст, синфхонаҳои иловагӣ дар деҳоти Сор барои 120 хонанда оғоз бахшиданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳое, ки дар Стратегияи номбурда муайян шудаанд, давоми солҳои охир бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои дастрас ҷиҳати таъмини молиявии рушди маориф, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ- техникии он корҳои зиёдеро ба ҷо овард ва ҳоло 60 фоизи қисми хароҷоти буҷети шаҳр ба соҳаи маориф равона шуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ҷалби сармояи соҳибкорон, шахсони саховатпеша, падару модарон дар соҳаи маорифи шаҳр корҳои зиёде амалӣ шуданд ва ин раванд пайваста идома меёбад.
Ҳамчунин дар машварат таваҷҷӯҳи роҳбарияти шуъбаи маориф, сарварони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, назорати пайваста ба раванди таълим, дарёфти соҳибистеъдодҳо ва таъмини иштироки шумораи бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, иҷрои муқаррароти қонун дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, омодагӣ ба мавсими зимистон ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа ҷалб карда шуд.
Дар машварат намояндаи раёсати маорифи вилоят Бахтиёр Сарҳадов сухан кард.
Дар фарҷоми машварат ба як гурӯҳ кормандони соҳаи маориф, сарпарастон нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ифтихорнома ва сипосномаи Вазорати маориф ва илм, раёсати маорифи вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда, барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешкаш карда шуд.

2025-08-18 16:39:14

ҶАВОНОН БА ХИДМАТИ ҲАРБӢ ОМОДА БОШАНД

Ин масъала ва рафти баррасии иҷрои қарори раиси шаҳри Панҷакент аз 12 июни соли 2025 “Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2025” дар машварат бо иштироки муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода, прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Искандар Раҳматзода, сардори ШВКД дар шаҳри Панҷакент Шовалӣ Ташрифзода, муовини сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Панҷакент Муҳаммадшариф Амаков, роҳбарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қисмҳои ҳарбии мустақар дар шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр, кормандони соҳаи маориф, имом-хатибони масоҷид, роҳбарони корхонаю муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар суханронии муовини раиси шаҳр, прокурори шаҳр, ибрози мулоҳизаҳои сардори ШВКД, муовини сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳр ва зимни пуришу посух аз масъулин масъалаи омодагии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, вазъи омодагии тодаъватии онҳо, тасеаи тарғибу ташвиқи хидмат ба Ватан, ҳифзи марзу буми он, эҳсоси меҳандӯстӣ дар ниҳоди ҷавонон, мусоидати фаъолонаи масъулин дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ, ба насли ҷавон фаҳмонидани хатари гароиш ба ақоиди ифротӣ матраҳ шуда, изҳори умед карда шуд, ки чун ду соли қабл дар даъвати тирмоҳии имсола низ ҷавонони шаҳр бо амри дил химат ба Ватанро ихтиёр намуда, нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ дар кӯтоҳтарин фурсат пеш аз мӯҳлат ба иҷро расонида мешавад. Барои ин ҳамкории пайвастаи фаъолон ва масъулон бо комиссияи даъват ба хидмати ҳарбӣ заминаи боэътимод хоҳад буд.

2025-08-14 09:26:42

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ЗАМИНА БАРОИ РУШДИ БОСУБОТ

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷиҳати иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти корҳои тарғиботӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Музаффар Ашӯриён- вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зариф Ализода- ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Шуҳрат Ғанизода- раиси комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорат ва ташкили кор, Тақдиршо Шарифов – профессори факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои деҳот, собиқадорон ва ҷавонон машварат баргузор шуд.
Дар машварат зимни матраҳ намудани масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, рафти иҷрои нақшаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ баёншуда, истифодаи иттилооти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, ташреҳи тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои маъмурӣ ва ҷиноӣ оид ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ таваҷҷӯҳи ҳозирин ба ҳамдастӣ ва иштирок дар беҳдошти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иҷрои қонунҳо ҷалб карда, таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад.
Аз ҷумла таъкид шуд, ки тарбияи ҳукуқӣ ва ватандӯстӣ бояд аз кӯдакӣ ва наврасӣ дар ниҳоди ҷавонон ҷой намуда, иҷрои муқаррароти Қонун “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” дар маркази таваҷҷӯҳи сохтору ниҳодҳои марбута қарор гирифта, дастовардҳои замони истиқлол ба таври васеъ ба мардум фаҳмонида, тарғиб карда шавад.
Ҳамчунин дар машварат ташаккули раванди иттилоти рақамӣ, истифода аз зеҳни сунъӣ дар низоми идорӣ ва тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба истифодаи ғайриқоидавии нерӯи барқ, муҷозоти муқарраршуда дар ин самт ба ҳозирин шарҳ дода шуд.
Дар фарҷоми машварат раиси шаҳр оид ба тадобире, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати тақвияти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон меандешад, рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ гузориш дод.
Дар машварат ба дархосту пешниҳоди иштирокчиён оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ посух гуфта шуд.

2025-08-13 13:31:43

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷаласаи навбатии Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси шаҳр баргузор шуд.
Дар ҷаласа, ки дар раъси раиси шаҳр, раиси Шӯро Абдухолиқ Холиқзода, бо иштироки прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1, Искандар Раҳматзода, раиси суди шаҳр Рустам Юнусзода ва дигар аъзоёни Шӯро доир гардид, зимни шунидани гузориши котиби Шӯро оид ба рафти иҷрои нақшаи фаъолияти он дар нимсолаи аввали соли равон ва мудири маорифи шаҳр оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон аз ҷумла гуфта шуд, ки тибқи нақша дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тақвияти ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, аз ҷумла дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, ташкили барномаи вижаи “Маърифати ҳуқуқӣ” дар телевизиони маҳаллӣ, коҳиш додани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, танзими ҷашну маросим корҳои зиёде баҷо оварда шудааст.
Дар ҷаласаи Шӯро барои боз ҳам вусъат додани корҳо ҷиҳати беҳдошти маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҳар гуна қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, аз ҷумла дар байни ноболиғон, таваҷҷӯҳ ба таълим ва тарбияи наврасоне, ки волидонашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд ва ё дар хориҷи кишвар қарор доранд , дигар масъалаҳои марбут ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дасстуру супориш дода шуд.

2025-08-12 13:11:53

БА ТАВАҶҶӮҲИ ҲУНАРМАНДОНИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ОЗМУН БАРОИ СОҲИБ ШУДАН БА ГРАНТИ РАИСИ ШАҲР

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ дар асоси қарори раиси шаҳр аз 2 декабри соли 2024, № 421 “ Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси шаҳр ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории ҳунармандон барои солҳои 2025-2026” барои соҳиб шудан ба грантҳои раиси шаҳр дар соли 2025 байни ҳунармандон озмун эълон менамояд.
Озмун мутобиқ ба низомномаи ҷудо намудани грантҳои раиси шаҳр баргузор шуда, дар он ҳунармандон- сокинони шаҳри Панҷакент, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба дастгирии соҳибкорӣ,баланд бардоштани фаъолнокии ҳунармандон, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди ҳунарҳои мардумии сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, рассомӣ, дигар намудҳои ҳунарҳои халқӣ нигаронида шудааст, иштирок карда метавонанд.
Грантҳои раиси шаҳр аз 7 грант ҳар кадом ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ иборат мебошад.
Хоҳишмандон маълумоти иловагиро оид ба таҳия ва пешниҳоди лоиҳа барои соҳиб шудан ба гранти раиси шаҳр, дигар масъалаҳои вобаста ба иштирок дар озмун аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тариқи телефонҳои 5-53-94, 92-642-70-42 гирифта метавонанд.
Лоиҳаҳое, ки ба талаботи низомномаи озмун ҷавобгӯй нестанд, баррасӣ ва баргардонида намешаванд.
Муҳлати пешниҳоди лоиҳаҳо барои соҳиб шудан ба гранти раиси шаҳр то 1 сентябри соли 2025.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

2025-08-11 11:46:14

РОҲИ НЕКНОТ – ЗЕРИ ҲИСОР МУМФАРШ КАРДА ШУД

Роҳи байни деҳаи Некнот ва Зери Ҳисори Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва маблағгузории сокинон дар масофи се километр мумфарш карда шуд.
Тавре ташаббускорони ин иқдом иттилоъ доданд, бо саҳмгузории сокинони деҳа мумфаршкунии кӯчаи асосии деҳа, ки ба ин роҳ мепайвандад, дар масофаи ду километр соли гузашта анҷом анҷом ёфта буд.
Имсол ба 700 метри он қабати дуюми омехтаи мум рехта, ҳоло ин кор дар идомаи роҳ давом дорад.
Ба тахту ҳамвор намудани фарши роҳ техникаи муассисаи назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва мумфаршкунии он ширкати хусусӣ ҷалб карда шудааст.
Мумфаршкунии қитъаи роҳ дар дохили деҳаи Зери Ҳисор бо маблағгузории сокинони ин деҳа то пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Рукнобод - Панҷруд идома дода мешавад.

2025-08-11 10:39:44

БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ ДАР ҲАФТ МОҲИ СОЛИ 2025

Дар маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки имрӯз бо иштироки муовинони раис, кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаю муссисаҳо ва раисони ҷамоатҳои деҳот баргузор шуд, натиҷаҳои фаъолияти иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар ҳафт моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни шунидани гузориши муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, мудири шуъбаи маорифи шаҳр ва пурсиш аз роҳбарони як идда корхонаю муассисаҳо, аз ҷумла гуфта шуд, ки дар ҳафт моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 4 миллиард сомонӣ - 119 фоиз, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 872,5 миллион сомонӣ-113,4 фоиз, расонида, дар соҳаи сохтмон ба маблағи беш аз 96,3 миллион сомонӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ сармояи асосӣ азхуд карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар бештар манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудааст.
Дар ҷаласа фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, маориф тандурустӣ, дигар самтҳо низ мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор гирифта, ҷиҳати тавсеаи кор дар ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар заминаи дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ки зимни ташриф ва мулоқот бо фаъолони шаҳр баён шуданд ва нақшаи омодагиҳо ба 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд.
Дар ҷаласа, дигар масъалаҳои муҳими рӯз низ баррасӣ карда шуданд.

2025-08-09 15:02:40

ҶАШНИ ҶАСОРАТ ВА НЕРӮМАНДӢ

Имрӯз таҷлили Рӯзи варзишгарон, ки ҳамасола дар малакат 10 август баргузор мешавад, дар шаҳри Панҷакент бо намоиши дастовардҳои варзишгарони шаҳр, ҳунарнамоии онҳо дар саҳни майдони Исмоили Сомонии шаҳр оғоз шуд.
Дар ҷамъомад бо иштироки собиқадорони соҳа, мураббиён ва варзишгарон, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор шуд, ба ҳозирин паёми табрикии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзодаро муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода ироа намуд.
Дар паёми табрикӣ, аз ҷумла таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш пайваста ғамхорй зоҳир менамоянд. Таҳия ва қабули «Барномаи маҷмўи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026” ва «Барномаи рушди футбол барои солҳои 2022-2026” аз ҷумлаи ин ғамхориҳост.
Дар ҳамин замина мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои такмилу тавсеаи инфрасохтори соҳаи варзиш эътибори ҷиддӣ медиҳад ва ҳоло дар шаҳр варзишгоҳи марказӣ ва 76 толору майдончаҳои варзишӣ фаъол буда,сохтмони 25 иншооти варзишӣ идома дорад.
Варзишгарони шаҳр соли равон дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, дар маҷмӯъ 10 нишони тилло, нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар фарҷоми ҷаласа ба як гурӯҳ собиқадорон, мурббиёни варзиш ва варзишгарони фаъол сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

2025-08-08 10:51:15

ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНҲОИҶУМҲУРИЯВӢ

Дар даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии "Беҳтарин оилаи ҳунарманд" ва "Хушдомани беҳтарин" , ки дар маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ду нафар бонувони шаҳри Панҷакент ғолиб дониста шуданд.
Бонуи ҳунарманд, иштирокчӣ ва ғолиби чандин озмунҳои сатҳи гуногун Мавлуда Абдураҳмонова дар озмуни "Беҳтарин оилаи ҳунарманд" дар вилоят беҳтарин дониста шуд.
Ҳакамони озмуни "Хушдомани беҳтарин" Шодиева Лӯъбатро дар қатори беҳтарин хушдоманҳои вилоят донистанд ва ӯ саовори ҷойи дуюм гардид.
  • Онҳо ба даври ҷумҳуриявии ин озмунҳо роҳхат гирифтанд.

2025-08-07 13:39:20

МО ВАТАН ДОРЕМУ ОНРО ПОСБОНӢ МЕКУНЕМ

Дар доираи сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақшаи Вазорати мудофиаи кишвар субҳи имрӯз дар майдони фурудгоҳи шаҳри Панҷакент бо даъвати ситоди мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарии шаҳри Панҷакент ҳазорҳо нафар кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва садҳо адад нақлиёти мусофирбару боркаш ва хидматрасон ҷамъ омаданд.
Муовини аввали Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- майёр Бобоҷон Саидзода ва муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент Сабурҷон Собирзода баъди боздид аз сафороии даъватшудагон, дар назди ҷамъомадагон сухан гуфта, таваҷҷӯҳи онҳоро ба вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон, зарурати боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат, таъмини ягонагии ҳудудиву марзии кишвар, осоишу амнияти аҳолӣ, пешгирии амалҳои хасмонаи созмонҳои террористию экстремистӣ, гароиши ҷавонон ба ақоиди ифротӣ, воридшавии аъзои гурӯҳҳои даҳшатафкан ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир, боло бурдани обрӯю эътибори Тоҷикистони азизамон ҷалб намуда, боварӣ изҳор доштанд, ки ҷавонмардони ватандӯсти шаҳри Панҷакент ҳозир ҳастанд барои ҳимояи марзу буми кишвар якҷо бо афсарону аскарон ҷоннисорӣ намоянд. Таъкид шуд, ки дар таъмини бақову пойдории давлату давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзу буми кишвар саҳми ҳар яки мо бояд назаррас бошад.
Иштирокчиёни ҳамоиш омодабошиашонро барои ҳифзи ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Ватан изҳор намуданд ва ба иштирокчиёни фаъол сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

2025-08-05 10:11:40

ЯРМАРКАИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

Дирӯз дар саҳни коргоҳи дӯзандагии “Маҳсул” воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ярмарка- намоиш- фурӯши либоси мактабӣ ифтитоҳ шуд.
Дар маросими ифтитоҳи ярмарка раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иштирок намуд ва нахуст ба даҳ нафар наврасон, ки аз меҳри волидон бо амри тақдир маҳрум мондаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сару либоси мактабӣ тақдим карда шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, имсол коргоҳи дӯзандагии ҶДММ “Маҳсул” тибқи шартнома бо муассисаҳои таълимии шаҳр барои хонандагони ҳамаи синну сол аз матоъҳои хушсифату бадошт бо тарҳи шинаму зебо либос омода кардааст ва нархи он нисбат ба либосҳои воридотии мактабӣ арзону дастрас ҳам ҳаст ва 180- 220 сомониро ташкил медиҳад.
Роҳбарияти коргоҳ тасмим гирифтааст, ки имсол ба сад нафар хонандагон аз оилаҳои эҳтиёҷманд ройгон сару либоси мактабӣ тӯҳфа намояд.
Зимни боздид аз коргоҳи дӯзандагӣ ба устоҳо ва дӯзандагон ҷиҳати эътибори ҷиддӣ ба сифат ва тарҳи либосҳои мактабӣ ва рақобатпазирӣ бо либоси воридотӣ дастур дода шуд.
Ярмаркаи либосҳои мактабӣ то оғози соли нави таҳсил идома меёбад.

2025-08-04 16:17:45

ЭКО– НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮҲИИ “SEVEN LAKES -2025” БАРГУЗОР ШУД Суратгузориш

Имсол – соли панҷум аст, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассосиатсияи дави Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар яке мавзеъҳои хушманзараи кишвар- Ҳафткӯл, ба ифтихори солгарди ҷашни истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи варзишгарон эко-ниммарафони байналмилалии кӯҳии “SEVEN LAKES - 2025” баргузор мешавад.
Тавре дар кумитаи тадорукоти ин мусобиқаи байналмилалӣ гуфтанд, дар он беш аз 200 нафар варзишгарон ва дӯстдорони дав аз даҳ давлат дар масофаҳои 3, 10 ва 21 километр дар роҳҳои кӯҳии байни кӯлҳои якум ва ҳафтуми силсилакӯлҳои Ҳафткӯл нерӯ санҷиданд.
Дар маросими ифтитоҳ ва ҷамъбасти эко- ниммарафони кӯҳӣ зимни суханронии Зулфиқор Гулаҳмадзода - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Лоиқ - муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухолиқ Холиқзода - раиси шаҳри Панҷакент ва Бахтиёр Исматзода - сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ҳадафи баргузории ниммарафони мазкур оммавигардонии варзиш, ҷалби мардум ба навъи дави варзишӣ, рушди сайёҳии экологиву варзишӣ ва кӯҳӣ, ҳифзи муҳити зист,табодули таҷрибаи варзишгарони хориҷиву дохилӣ унвон карда шуд.
Дар маросими ҷамъбасти эко-ниммарафони байналмилалии кӯҳӣ ба 18 нафар ғолибон дар масофаҳои муқарраршуда байни мардону занон, ташкилкунандагони он диплом, сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои таъсиснамудаи ҳайати тадорукоти он тақдим карда шуд.

2025-08-04 16:15:15

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ МУОСИРИ ВАРЗИШӢ

Дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни бузурги 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ аз сиёсати
созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Суғдиёни Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ,раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода майдончаи варзишии болопӯшидаи замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти варзишӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва маблағгузории соҳибкорони оилаи Иноятовҳо сохта шуда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани бозии футбол ҳамаи шароити заруриро доро мебошад.
Зимни ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ба ташаббускорони бунёди он изҳори сипос карда, ин иқдом дар самти рушди варзиш ва ташаккули тарзи солими ҳаёт муҳим арзёбӣ карда шуд.
Ба наврасон - дӯстдорони варзиши футбол, ки дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ иштирок доштанд, тӯби футбол ҳадя карда шуд.
Дар майдончаи варзишии нав нахустин бозии дӯстонаи ҷавонону наврасони шаҳраки Суғдиён баргузор шуд.

2025-08-04 16:13:19

ДЕВЗИРАИ ПАНҶАКЕНТ ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ОШИ САМАРҚАНД

Ҳайати намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ошпази номии шаҳр Зариф Тиллоев дар фестивали байналмилалии “Оши Самарқанд”, ки оғози моҳи ҷорӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, ба намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Иштирокчиён ва меҳмонони фестивал ба тарзи омода намудани палов аз биринҷи девзираи машҳур аз ҷониби ошпази шаҳри Панҷакент шинос шуданд. Палов аз биринҷи девзираи Панҷакент бо таъму лаззати хоса дар қатори беҳтарин намунаи оши палов, ки дар ҷараёни ин намоиши ҳунари ошпазӣ пухта, ба ҳозирин пешкаш гардид, дониста шуд.
Баргузории ин фестивали байналмилалӣ бори дигар собит намуд, палов, ки аз қадимтарин таъомҳои миллии мо аст, дар байни халқҳои Осиёи Миёна ва берун аз он кайҳо чун хуроки миллӣ пазируфта шуда, ҳаводорони он бо рушди сайёҳӣ дар саросари олам меафзояд.