Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Хабарҳо

2026-09-18 16:44:33

ДАР ДЕҲОТИ СӮҶИНА РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ КАРДА МЕШАВАНД

Дар деҳаи Дашти Маллаи деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба навбати дуюми мумфарш намудани роҳи кӯчаҳои деҳа шурӯъ намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, қаблан бо саҳмгузории аҳолӣ ва ҷалби техникаи роҳсозӣ масофаи 600 метр ва дар ду рӯзи охир боз ба масофаи 700 метр кӯчаҳои деҳа мумфарш карда шуд.
Мумфаршкунии кӯчаҳои деҳа ҳоло идома дорад ва то анҷоми мавсими имсола масофаи роҳҳои мумфаршшуда дар деҳа ба беш аз 2 километр ва дар оянда ба 5 километр расонида мешавад.

2026-09-18 16:43:03

ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ САБЗАВОТ ВА ШОЛӢ ДАР ДЕҲОТИ ХАЛИФА ҲАСАН ВУСЪАТ МЕЁБАД

Ин баҳор кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент дар майдони 252,5 гектар навъҳои гуногуни сабзавот ва дар 400 гектар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон шолӣ кишта буданд ва ҳоло ҷамъоварии ҳосилро рӯз то рӯз вусъат медиҳанд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти ҷамъоварии ҳосил хоҷагиҳои деҳқонии «Меҳнатобод»,«Кавола» ва «Муҳаммадалӣ» бо рафти ҷамъоварии ҳосли шолӣ, қаланфури булғорӣ, қаланфур ва прввариши сабзӣ шинос шуд.
Гуфта шуд, ки кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Меҳнатобод» дарипарвариши қаланфури булғорӣ, сабзӣ вамдигар навъи сабзавоту картошка собиқаи зиёд доранд. Ҳоло ҳосили қаланфури булғориро тоҷирон бевосита аз сари кишт харидоӣ намуда, ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мебаранд. Ҳамчунин дар шафати шоҳроҳи Панҷакент- Айнӣ дастранҷашонро ба савдл гузоштаанд.
Рӯзҳои наздик онҳо ба ҷамъоварии сабзии тирамоҳӣ низ мепардозанд.
Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҷамъоварии навъҳои нисбатан тезпази шолӣ- девзира ва “Аланга” низ шурӯъ шудааст ва он рӯз то рӯз вусъат меёбад
Ҳосили шолӣ назар ба мушоҳидаи мутахассисон аз 55-70 сентнерӣ бештар аст

2026-09-18 09:57:06

ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БУНЁДИ МАҲАЛЛАИ НАВИ ЗАМОНАВӢ ИДОМА ДОРАД..

Дар қисмати ҷанубии шаҳри Панҷакент, дар канори маҳаллаи Рӯдакӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сармоягузории соҳибкор Ҳайдаралӣ Ниёзов аз ҷониби ширкати сохтмонии “Сайёраи Зуҳал” бунёди маҳаллаи нави истиқоматии замонавӣ оғоз шуда, ҳоло идома дорад.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти сохтмон иттилоъ дода шуд, дар маҳаллаи нав бунёди 19 котеҷи дуқабатаи дорои шароити мувофиқи зист пешбинӣ шуда, масоҳати онҳо дар маҷмӯъ 8500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар лоиҳаи маҳаллаи нав майдончаҳои бозии кӯдакон, таваққуфгоҳи нақлиёт, роҳравҳо ва сабзкории ҳудуди он пешбинӣ карда шудааст.
Ба соҳибкор ва масъулини ширкати паймонкор ҷиҳати дар муҳлати пешбинишуда ва сифати хубу намои зебо бунёд намудани маҳаллаи нав дастур дода шуд.

2026-09-18 09:55:39

ДАР МАВЗЕЪИ ИСТИРОҲАТИИ “БЕШАЗОР” СОХТМОНИ МЕҲМОНХОНАИ ДОРОИ 80 ҶОЙ ИДОМА ДОРАД

Мавзеъи истироҳатии ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “ Қаҳвахонаи Бешазор”, ки дар ҷои хушобу ҳавои соҳили рӯди Зарафшон аз ҷониби соҳибкор Мавлон Солиҳов бунёд шудааст, ҳоло бо манзараи зебо,таомҳои хушлаззат, ҳавзҳои оббозию фароғат ба ҷои мақбули сокинон ва меҳмонони шаҳри Панҷакент табдил шудааст.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни боздид аз ин мавзеъи истироҳатӣ бо рафти бунёди меҳмонхона дар ин ҷо шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони меҳмонхонаи нав барои пазироии 80 нафар меҳмонону сайёҳон пешбинӣ шуда, дар мавзеъи зебои табиати соҳили рӯд бо тарҳи замонавӣ ва шароити хуби пазироӣ идома дорад.
Ба масъулини ширкат барои дар мӯҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани сохтмони меҳмонхона дастур дода шуд.

2026-09-18 09:53:55

БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ МАСОЛЕҲИ БИНОКОРӢ ВА БОЗОРИ НАВИ МАВОДИ ХУРОКА

Дар шаҳри Панҷакент бо дастгирию мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сармоягузории ширкати “Сохтмон- таъминот” бунёди коргоҳи коргоҳи коркарди қуму шағал, истеҳсоли бетон ва дар қисмати ғарбии шаҳр сохтмони бозори нави маводи хурока идома дорад
Раиси шаҳр Адухолиқ Холиқзода зимни боздид аз рафти бунёди онҳо ба бинокорони ширкат барои дар мӯҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани корҳо дастур дод.
Гуфта шуд, ки ҳоло корҳо барои харидории таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳати бунёди коргоҳи нави истеҳсоли мум идома дошта, дар бозори нави маводи хурока, ки аз таҳхона ва се ошёна иборат хоҳад буд, барои садҳо нафар ҷойи кор муҳайё карда мешавад.

2026-09-17 08:47:09

САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ СӮҶИНА ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Сӯҷина дар толори бошукӯҳи “Шоҳсарой”, ки дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази деҳаи Сӯҷина аз ҷониби соҳибкорон бунёд карда шудааст, бо фаъолони деҳот мулоқот намуд.
Дар оғози мулоқот ҳозирин бо ҷашни бузурги 35- солагии истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфта, ба соҳибкорон ва сокинони деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳот барои бо дастовардҳои арзанда истиқбл намудани ин санаи муҳими таърихӣ, тавсеаи корҳои ободонию созандагӣ изҳори сипос карда шуд.
Гуфта шуд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузург дар ҳудуди ҷамоати деҳот 94 иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ, ба шумули коргоҳи истеҳсоли шифер, коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ, нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ, биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, иншооти варзишӣ, ҳавзҳои моҳӣ ва мурғобипарварӣ бунёд карда шудаанд, ки ин аз нақшаи пешбинишуда 44 адад бештар аст.
Дар идомаи мулоқот бо такя ба иқдомоти шоистаи соҳибкорон ва сокинон ба ташкили коргоҳҳои истеҳсолию нуқтаҳои хидматрасонӣ таваҷҷӯҳи ҳозирин ба тавсеаи корҳои ободонӣ, ба тартиб овардани маркази ҷамоати деҳот, ки аз он шоҳроҳи Панҷакент- Айнӣ убур мекунад, ба хидмати ҳарбӣ беҳтар омода намудани ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, одоби ҳамида, беҳдошти сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва ба ин васила омода намудани хонандагон барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳо, коҳиш додани хурофотпарстӣ, риояи танзими маъракаҳо, бо истифодаи босамар аз заминҳои кишт омода намудани захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ҷалб карда шуд.
Дар мулоқот ба пешниҳоду дархост ва саволҳои иштирокчиён посух гуфта шуд

2026-09-16 13:56:11

БОЗДИД АЗ РАФТИ ТАҶДИДИ КОРХОНАИ ҒАНИГАРДОНИИ МИСУ ҚАЛЪАГӢ

Дар корхонаи муштараки “Броадтек- Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед” баъди танаффуси зиёд бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент корҳои омодагӣ барои ба кор андохтани он идома дорад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Ворӯ аз рафти корҳои барқарор ва омода намудани коргоҳ боздид намуд.
Гуфта шуд, ки ҳоло корҳо ҷиҳати ба кор омода намудану санҷиши техникии таҷҳизоту механизмҳо, насби таҷҳизоти нав, бунёди сехи нав ва азнавсозии манбаъи истихроҷи маъдан дар мавзеъи Мушистон, омода намудани хобгоҳҳо барои коргарон идома дорад,
Роҳбарияти коргоҳ муваззаф карда шуд, ки то муҳлати пешбинишуда навбати аввали он бо ҷалби 300 нафар коргарону кормандон ба кор андохта шавад

2026-09-16 10:28:55

ДАР ДЕҲОТИ ВОРӮ БАРОИ ФАРОГИРИИ 1920 ХОНАНДА ДАР ДУ БАСТ СОХТМОНИ БИНОҲОИ НАВИ ТАЪЛИМГОҲҲО ИДОМА ДОРАД

Дар деҳаи дурдасти кӯҳии Ғаззаи деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода барои бунёди бинои нави филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 73 санги асос гузошта шуд.
Дар тарҳи бинои нав барои дар як баст ба таълим фаро гирифтани хонандагон бунёди синфҳои барҳаво пешбинӣ шуда, он бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории сокинони деҳа сохта мешавад.
Дар ҷараёни сафари корӣ ҳамчунин аз рафти бунёди биноҳои наву иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёна умумии № 65, деҳаи Гулистон, № 73, деҳаи Марғедари боло ва № 35 дар деҳаи Рукнобод, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳмгузории сокинон ва шарикони рушд сохта мешаванд, дидан намуда, ба масъулон ҷиҳати вусъат додани корҳо дастур дода шуд.
Дар ин рӯз ҳачунин дар деҳаи Рукнобод аз мавзеъе, ки барои бунёди мактаби президентӣ пешбинӣ шудааст ва муассисаи таҳсилоти асосии № 21-и деҳаи Ғӯйтан, ки ба таъмири асосӣ ниёз дорад, дидан карда шуд.
Дар чор бинои нав ва иловагии муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати деҳот баъди анҷоми сохтмон 1920 нафар хонандагон дар ду баст ба таълим фаро гирифта мешаванд.

2026-09-16 10:27:33

ДЕҲАИ НАВ БАРОИ ҚАБУЛИ СОКИНОН ОМОДА КАРДА МЕШАВАД

Дар деҳаи нав барои муҳоҷирони экологӣ , ки дар шафати деҳаи Гулистони деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” сохта мешавад, корҳои охирини омодагӣ барои маскун намудани 25 оила идома дорад.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти корҳои омодагӣ гуфта шуд, ки биноҳои муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои истифода омода буда, хати обу барқ насб карда шудааст ва ҳоло кӯчаҳои деҳа ба тартиб дароварда мешавад.
Ба масъулон ҷиҳати дар мӯҳлати пешбинишуда барои ба қабул омода кардани деҳа дастур дода шуд.

2026-09-16 10:26:34

БАРРАСИИ РАФТИ ИҶРОИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР”

Масъалаҳои рафти иҷрои лоиҳаи “Шаҳри бехатар”, ки дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “ Нет Солюшенс” дар шаҳри Панҷакент амалӣ карда мешавад, дар мулоқоти раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо масъулони ширкатҳои татбиқкунандаи он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии лоиҳа, ки дар роҳҳои ҳудуди шаҳр гузоштани камераҳои назоратӣ, ташкили таваққуфгоҳҳои нақлиёт, минтақаҳои барои таваққуфи нақлиёт манъшударо пешбинӣ мекунад, пешниҳодҳо ҷиҳати муайян намудани таваққуфгоҳҳо дар ҳудуди роҳҳои дохили шаҳр ва чанд минтақа дар ҷамоатҳои деҳот, бо барқи доимӣ таъмин намудани таҷҳизоти насбшаванда ва дигар самтҳои амалӣ намудани он муҳокима карда шуд.
Гуфта шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа баробари таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт, манфиатҳои соҳибони нақлиёт, сокинон, меҳмонону сайёҳон низ ба назар гирифта мешавад.

2026-09-15 17:06:08

ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ ТАГОБИ ХАЛҚ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ТИББӢ ДАР ДЕҲАИ ҒӮЙТАНИ ДЕҲОТИ ВОРӮ

Бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Ворӯ дар деҳаи Тагоби халқ бинои нави бунгоҳи саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд он аз чор утоқи барҳаво иборат буда, бо саҳмгузории аҳолӣ ва дастгирии сохтори Кумаки аввалияи тиббӣ- санитарии шаҳр аз тариқи ҳашар сохта, бо ҳамаи таҷҳизоти тиббии зарурӣ таъмин карда шудааст.
Дар ҳамин рӯз ҳамчунин аз рафти бунёди бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Ғӯйтан, ки бо саҳмгузории аҳолии деҳа сохта шудааст, боздид карда шуд.
Ба ташаббускорони ин иқдом изҳори сипос карда, ба сифати сохтмон баҳои хуб дода, ба масъулон ҷиҳати дар кӯтоҳтарин муҳлат барои бо ҷиҳози корӣ ва тиббӣ таҷҳизонидани он дастур дода шуд.

2026-09-15 17:03:14

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ БАРОИ ТАЪМИНИ 1500 НАФАР

з ин рӯз ба пас беш аз 1500 нафар сокинони деҳаи Марғедари болои деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент аз оби тозаи нӯшокӣ истифода мебаранд.
Дирӯз зимни сафари кории раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба деҳоти Ворӯ дар ин ҷо хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд.
Гуфта шуд, ки чоҳи амудӣ, хати оби нӯшокӣ, ҳавзи захираи об бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, маблағгузории шарикони рушд ва саҳмгузории сокинони деҳа сохта шудааст

2026-09-15 17:02:05

САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ ВОРӮ, МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН ВА АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН

Дар мулоқоти раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, бо фаъолони деҳоти Ворӯ, ки зимни сафари корӣ дар деҳаи Зимтуд баргузор шуд, масъалаҳои умдаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғози мулоқот ҳозирин ва сокинони деҳот бо ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷиқистон муборакбод гуфта, аз дигаргуниҳои азиме, ки дар ин солҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтанд, раванди корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳр ва деҳоти Ворӯ ёдоварӣ карда шуд.
Дар мулоқот зимни баррасии корҳое, ки зимни омодагӣ ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатӣ дар ҷамоати деҳот анҷом дода шудааст, таваҷҷӯҳи роҳбарият ва фаъолон ба масъалаҳои идома додани корҳои ободонӣ, ҷалби бештари соҳибкорон ва сокинон ба ин корҳо, аз ҷумла бунёди муассисаҳои томактабӣ, ки то ҳанӯз дар деҳаҳо сохта нашудаанд, ташкили коргоҳҳои хурди хидматрасонӣ ва истеҳсолӣ ва ба ин васила муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, ба соҳибкорӣ ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сокинон, рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла занбӯри асалпарварӣ ва паррандапарварӣ, сари вақт пардохт намудани андозҳо ва ҳаққи истифодаи оби полезӣ, эътибори ҷиддӣ ба тарбияи фарзандон, аз байн бурдани хурофот, беҳдошти сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, иштироки бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо ва дигар масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ҷалб карда шуд.
Дар мулоқот ба саволу муроҷиатҳои иштирокчиён посух гуфта шуд.
Дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Зимтуд маҷрӯҳи гурӯҳи якум Баҳрӣ Холмуродов, омӯзгори собиқадор Ҳамроқул Қулов ва дар деҳаи Ғӯйтан Нарзулло Сӯфиев, ки ҳоло 99 –сола буда, беш аз 60 сол ба таълиму тарбияи хонандангон машғул шудааст, аёдат карда, ба онҳо тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд

2026-09-12 14:46:41

МУЛОҚОТ БО СОБИҚАДОРОНИ ХИДМАТИ ДАВЛАТӢ

Арҷгузорӣ ба онҳое, ки дар таҳкими низоми идории давлатӣ, пешбурди ҷомеа саҳм гузоштаанд, дар заминаи дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз амалҳои шоистаест, дар рӯзҳои таҷлили 35- солагии истиқлоли давлатӣ сурат мегирад.
Дар ин росто имрӯз раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо собиқадорони хидмати давлатӣ, собиқ муовинони раиси шаҳр Эркин Аҳроров ва Хуршед Сироҷев мулоқот намуд.
Зимни сӯҳбат собиқадорон бо ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатӣ муборакбод гуфта, барои саҳми арзанда дар хидмати давлатӣ ба онҳо изҳори сипос намуда, тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Собиқадорони хидмати давлатӣ ҷонибдориашонро аз сиёсати давлат ва таассуроти амиқашонро аз шукӯҳу шаҳомати таҷлили 35- солагии истиқлоли давлатӣ баён доштанд.

2026-09-12 14:15:26

ДАР НУРИСТОН БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМГОҲ БАРОИ 900 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Ин субҳ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40, деҳаи Нуристони деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент таҳсилро дар бинои нави таълимгоҳ оғоз намуданд.
Дар ин ҷо бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бинои иловагии таълимгоҳ, ки дар ду қабат бунёд шуда, дорои 18 синфхона мебошад ва барои ба таҳсил фаро гирифтани 900 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар ҳузури омӯзгорону хонандагон ва аҳли деҳаҳои Нуристон ва Чорводор мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре зимни ифтитоҳ муассиса гуфта шуд он бо саҳмгузории сокинони деҳа дар ҳаҷми беш аз 11 миллион сомонӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд шудааст.
Таълимгоҳ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо мизу курсӣ ва дигар ҷиҳози таҳсил таъмин шуда, дар маросими ифтитоҳ барои синфхонаи компутарӣ боз 10 адад компутар тақдим карда шуд.
Дар ҷамъомад ба муносибати ифтитоҳи бинои нав сокинони деҳа бо 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод карда, аз онҳо даъват шуд, ки корро барои нав кардани болопӯши бинои пешинаи таълимӣ ва рангубори он, сохтмони бинои кӯдакистон дар назди мактаб оғоз намоянд. Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр таъмини шиферро барои болопӯши бинои таълимгоҳ ба ӯҳда мегирад.
Дар фарҷоми чорабинӣ як гурӯҳ фаъолон барои саҳми арзанда дар бунёди бинои нави таълимгоҳ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ин нӯҳумин бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ аст, ки имсол дар оғози соли нави таҳсил ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр мавриди истифода қарор дода шуд.

2026-09-12 10:23:33

ҚАБУЛИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН

Таъминот бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, беҳтар намудани шароити манзил, ҳалли баҳси замин, мусоидат ба дарёфти ҷойи кор, расонидани кӯмаки молиявӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ин навбат низ дар сархати муроҷиатҳои шаҳрвандон дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода қарор дошт.
Зимни шунидани муроҷиатҳо моҳият ва роҳи ҳалли қонунии арзу шикоятҳо фаҳмонида, ба ниҳодҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои баррасӣ ва дарёфти роҳи ҳалли онҳо дастуру супориш дода шуд.

2026-09-10 11:49:46

ДАР МУҲОКИМА- МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Дар оғози маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки имрӯз доир шуд, рафти баргузории чорабиниҳо бахшида ба 35- солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру деҳот баррасӣ гардида, барои иштироки фаъолона ба ҷомеаҳои меҳнатии корхонаю муассисаҳо, масъулон изҳори сипос карда шуд.
Дар идомаи ҷаласа зимни пурсиш аз аъзоёни комиссияи даъват ва раисони ҷамоатҳои деҳот рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026 дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ва омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ баррасӣ карда, барои дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ба иҷро расонидани нақша дастур дода шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ҷиҳати тезонидани кишти тирамоҳӣ, ба таъмир фаро гирифтани муассисҳои тиббӣ ва таълимии таъмирталаб, бунёди муассисаҳои томактабӣ ба масъулин дастур дода, пешниҳодҳои мақомоти прокуратура баррасӣ карда шуд.

2026-09-07 16:29:42

ТАБРИКИ АФСАРОНУ АСКАРОНИ ҚИСМҲОИ ҲАРБӢ БА МУНОСИБАТИ 35- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз -7 сентябр, дар қисмҳои ҳарбии воқеъ дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаҳои идона баргузор шуд.
Зимни боздид раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзлда бо шароити хизмат ва фаъолияти ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ шинос шуда, дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хонаи фарҳанги қисми ҳарбӣ ва хобгоҳи нав барои сарбозон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар биноҳои нави хонаи фарҳанг толори ҷамъомад,осорхона, толори мутолиа ҷойгир буда, дар хобгоҳи нав ҳамаи шароит барои истироҳати сарбозон фароҳам оварда шудааст.
Дар ҷамъомади тантанавӣ дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати мудофиаи мамлакат афсарону сарбозон ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, гуфта шуд, ки ки ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва марзу буми Ватан вазифаи пурифтихори ҳар як хизматчии ҳарбӣ ба ҳисоб рафта, афсарону сарбозон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба савганди ҳарбӣ хизмати содиқона анҷом медиҳанд.
Дар идомаи боздид ба афсарону сарбозон барои хизмати содиқона, ба роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳое, ки барои бунёди иншоотҳои нав дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ саҳм гузоштаанд, сироснома ва нишонҳои ҷашнӣ тақдим карда шуд.
Барои афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ дастархони идона ороста шуд.