Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Хабарҳо

2025-08-02 16:06:43

ДАР ДЕҲАИ РОҶ ВАРЗИШГОҲИ МАКТАБӢ БУНЁД КАРДА ШУД

Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 63-и деҳаи Роҷи Ҷамоати деҳоти Амондара бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода ва дӯстдорони варзиш майдончаи варзишии замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре зимни ифтитоҳи варзишгоҳ гуфта шуд, он бо саҳмгузории соҳибкорон, сокинони деҳа ва дастпарварони мактаб бунёд шуда, минбаъд машғулиятҳои дарси тарбияи ҷисмонӣ, мусобиқаҳои варзишӣ дар таълимгоҳ ва байни ҷавонони деҳа дар ин ҷо баргузор карда мешавад. Ба ташаббускорони бунёди варзишгоҳ изҳори сипос карда шуд.
Дар маросим ифтитоҳ ба наврасон- дӯстдорони варзиш, тӯби футбол ҳадя карда шуд.
Ин иншооти варзишӣ яке аз 15 майдончаи варзишӣ аст, ки соли равон дар шаҳр мавриди истифода қарор дода мешавад

2025-08-02 15:16:02

ИФТИТОҲИ МАҒОЗА ВА СӮҲБАТ БО СОКИНОН

Дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии имстиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Рукнободи Ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент бо сармогузории соҳибкор Муҳаммадризо Саъдиев мағозаи молҳои хурокворӣ бо номи “Афлесун” мавриди истифода қарор дода шуд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳот дар маросими ифтитоҳи ин маркази савдо иштирок намуд.
Дар ин нуқтаи савдо , ки дар он ҳамаи анвои ғизоӣ ба савдо гузошта шудааст, барои се нафар ҷойи кори доимӣ бо маоши хуб муҳаё карда шудааст.
Зимни ифтитоҳи мағоза раиси шаҳр бо сокинони деҳа оид ба мавзӯъҳои муҳими рӯз, аз ҷумла иштироки фаъолона дар корҳои ободонӣ, тоза озода нигоҳ доштани манзили зист, тарбияи дурусти фарзандон, риояи реҷаи танзими маъракаҳо сӯҳбати самимӣ доир намуда, ба саволҳои онҳо посух гуфта шуд.

2025-08-01 16:58:33

МИНТАҚАИ ПАЗИРОИИ САЙЁҲОН ВАСЕЪ МЕШАВАД

-Рушди инфрасохтори сайёҳӣ, сохтмони меҳмонхонаҳо, омода кардани роҳбаладон ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии сайёҳӣ дар Панҷакент метавонад ба рушди иқтисоди маҳал, афзоиши ҷойҳои корӣ ва шинохти беҳтари фарҳангу таърихи тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад,- таъкид шудааст дар суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Панҷакент.
Дар ин замина мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои тавсеаи инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби сармояи соҳибкорон, ширкатҳои сайёҳӣ ба ин соҳа тадбирҳои амалӣ меандешад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Ворӯ дар қисмати кӯҳии он бо бунёди меҳмонхонаҳо ва минтақаҳои сайёҳӣ, аз ҷумла, дар деҳаи Зимтуд бо рафти сохтмони меҳмонхонаи дорои 20 кат ва ва 5 ҷойи корӣ аз ҷониби соҳибкор Муҳиддин Пиров ва чунин меҳмонхона ва шаҳраки хаймаҳо дар мавзеъи сайёҳии Симиганҷи деҳаи Ғазза барои сайёҳону меҳмонон, ки ширкати сайёҳии “Панҷакент- интур” бунёд мекунад, шинос шуда, ин иқдоми онҳо барои рушди инфрасохтори сайёҳии кӯҳӣ муҳим арзёбӣ шуд.Дар деҳаи Ғазза, ки яке аз хатсайрҳои сайёҳӣ ба кӯҳҳои Фон аз он ҷо убур мекунад, ин сеюмин меҳмонхона барои сайёҳон аст.
Дар деҳа ҳамчунин бо иқдоми соҳибкор Мурод Латифов барои парвариши гулмоҳӣ 7 ҳавз сохта шудааст. Ин навъи моҳии хушлаззат мақбули сайёҳон ва дигар меҳмонон гашта, дар ҳамин ҷо барои онҳо аз ин навъи моҳӣ таъомҳои гуногун низ пешкаш карда мешавад.
Дар мавзеъи хушманзараи Ровади деҳаи Ворӯ, дар соҳили Рӯзрӯд соҳибкор Бобо Бобозода барои пазироии 50 нафар меҳмонхона бо тарҳу нақши миллӣ месозад ва барои онҳо шароити хуби пазироию меҳмондорӣ низ муҳайё кардааст. Дар ин меҳмонхона ва мавзеъи пазироии сайёҳону меҳмонон дар мавсим 15 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд.
Зимни боздид ин иқдоми соҳибкорон барои сокинони дигар минтақаҳои сайёҳии шаҳр намунаи ибрат дониста, идомаи сохтмони чунин иншоот барои рушди сайёҳӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ муҳим дониста шуд.

2025-08-01 12:50:47

ПАВЛОВНИЯ- ДАРАХТЕ, КИ ЧОҲИ НАФТ УНВОН КАРДААНД

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз 1 июни соли 2023 “Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” ба тасвиб расида, ҳар сол шинонидани сад ҳазор бех аз ин дарахт пешбинӣ шудааст.
Павловния аз рӯи нишондоди манбаъҳо яке аз зудрастарин дарахтон буда, дар ҳашт сол бо риояи агротехникаи парвариш то ба сӣ метр қад мекашад ва чӯби он бо чандирӣ, мустаҳкамӣ ва тобоварӣ дар ҷаҳон беҳтарин дониста, барои рӯпӯш намудани саҳни киштиҳо, сохтани мебел ва дигар корҳои бинокорӣ фаровон истифода мешавад. Яъне, васеъ кардани майдони парвариш он воридоти чӯбу тахтаро аз хориҷи кишвар ба маротиб коҳиш медиҳад. Павловнияро ба сабаби зудрасӣ, сифати беҳамтои чӯб ва харидорони зиёд дар бозори ҷаҳонӣ “чоҳи нафт” унвон кардаанд. Аз шаҳди гули он ҳамчунин занбӯри асал беҳтарин асал ҳомил мекунад.
Дар ҳамин замина соли сеюм аст, ки дар ду қитъаи озмоишии муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеъи Киштӯдак дар шароити иқлимии гуногун дар майдони 1,3 гектар бо дастгирии шарикони рушд 1350 без ниҳоли павловния парвариш карда мешавад.
Дар ҷараёни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз қитъаи озмоишии дарахти павловния дар соҳили дарёи Зарафшон гуфта шуд, ки он ба шароити иқлимии ин ҷо мутобиқ шуда, дар муддати се сол нисбат ба дарахти дар мо маъмули сафедор бамартиб бештар қад кашидааст.Дар қитъаи озмоишии Киштӯдак, ки нисбатан камоб аст, низ павловния соли дуюм аст хуб нашъунамо дорад.
Бо истифода аз таҷрибаи парвариши павловния дар ин қитъаҳои озмоишӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои дар оянда зиёд намудани майдони парвариши он тадбирҳои амалӣ меандешад.

2025-08-01 12:49:14

ШОЛИЗОРИ СОҲИЛИ ЗАРАФШОН

Майдонҳои кишти шолии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсии Ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент,ки дар заминҳои серҳосили дарёи Зарафшон воқеъ гаштаанд, ҳоло нашъунамои хуб дошта, аз ҳосили фаровон дарак медиҳанд.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз ҷамоати деҳот гуфта шуд, ки баҳори соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсӣ дар майдони 325 гектар шолӣ киштаанд. Ҳамчунин дар қисми зиёди 290 гектар заминҳои соҳилии ҳудуди хоҷагии ҷангал низ деҳқонон бо шартномаи шолӣ кишт менамоянд.
Тибқи мушоҳидаи мутахассисон парвариши шолӣ дар коперативи кишоварзии ба номи Шамсӣ Назарови деҳаи Озодагон, ки ба тухмипарварӣ машғул , нашъунамои хуб дорад. Имсол ин ҷо дар майдони 158 гектар шолии навъҳои “Панҷруд”, “Девзира”, “Аланга”, “Регар”, “Нуқус” ва “Идона” кишт кардаанд ва аз онҳо то 80-90 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд. Дар ҳудуди ҷамоати деҳот соҳибкорон аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд шаш коргоҳи хурди коркард сохтаанд ва шолӣ дар онҳо тоза карда , биринҷ истеҳсол карда мешавад ва он дар бозор талабгорони зиёд дорад.
Ҳамчунин ҳар сол бо идомаи корҳои соҳилбандӣ даҳҳо гектар заминҳои соҳилӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, дар онҳо низ асосан шолӣ парвариш карда мешавад.
Дар маҷмӯъ бо дастури Ҳукумати мамлакат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои зиёд намудани майдони кишт ва истеҳсоли шолӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.
Имсол майдони кишти он ба 2706 гектар расонида шуд, ки назар ба соли 2020 қариб 1000 гектар бештар мебошад. Истеҳсоли шолӣ бошад аз 12140 тоннаи соли 2020, соли гузашта ба 17854 тонна расонида шуд, ки 5713 тонна зиёд аст.

2025-08-01 12:47:31

РОҲИ ОЗОДАГОН МУМФАРШ МЕШАВАД

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ҷалби соҳибкорону сокинон кӯчаи асосии деҳаи Озодагони Ҷамоати деҳоти Хурмӣ мумфарш карда шуд.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иттилоъ доданд, кӯчаи асосии деҳа, ки онро бо шаҳр мепайвандад, ҳанӯз барвақт барои мумфаршкунӣ тахту ҳамвор карда, омехтаи муми сард дар канори он рехта шуда буд.
Имруз бо ҷалби техникаи муасисаи давлатии истифодаи роҳҳои автомобилгарди шаҳр ин роҳ дар масофаи 1,4 километр мумфарш карда шуд.
Дар ҷараёни боздид ба вакили Маҷлиси шаҳрӣ Абдумаин Ҷумъаев ва сокинони деҳа барои саҳмгузорӣ дар мумфарш намудани роҳ изҳори сипос карда, барои идомаи корҳои ободонӣ дар деҳа дастур дода шуд

2025-07-31 10:58:03

ШИНОСОӢ БО РАФТИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МОҒИЁН

Дар Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент дар доираи Барномаи рушди деҳот, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо татбиқ мегардад, дар заминаи лоиҳаи “Идоракунии ҳамгирои захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон дар солҳои 2022-2027” ҳафт зерлоиҳа амалӣ карда мешавад.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳот бо рафти татбиқи ин лоиҳаҳо шинос шуд.
Тавре гуфта шуд, дар деҳаҳои ҷамоати деҳот шаш лоиҳа амалӣ шуда, ҳоло лоиҳаи кашидани хати оби полезӣ дар мавзеи Нови Фароғ барои обёрии 280 гектар замини лалмӣ дар деҳаҳои Пуштакӯҳ, Моғиён ва Фонӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Бо амалӣ шудани лоиҳаи мазкур дар ин заминҳо боғ бунёд карда, кишти зироатҳои ғизоӣ ба роҳ монда мешавад ва ба ин васила ҷойҳои кории нав ташкил гардида, сатҳи рӯзгори сокинон беҳтар мешавад.
Дар ҷараёни сафари корӣ ҳамчунин бо боғи дарахтони гуногуни мева дар деҳаҳои Фонӣ ва Пули гирдоб, ки дар 3,5 гектар бунёд карда шудаанд, гармхонаҳои оилавии сокини деҳаи Пуштакӯҳ Фозил Сияров, Хурмӣ- Бибираҷаб Маликова шинос шуда, ба онҳо барои истифодаи босамари замини байни дарахтон ва гармхона маслиҳат дода шуд.
Ба сокинони ҷамоати деҳот ҳамчунин нуқтаи қубул, коркард ва фурӯши хушкмева, ки дар доираи ин лоиҳа ташкил шудааст, хидмат мерасонад. Дар ҳамин ҷо усули нави хушконидани босифати зардолу дар қуттиҳои симтӯрӣ роҳандозӣ шудааст.
Дар ҳудуди ҷамоати деҳот инчунин ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо, хушзот намудани чорвои сокинон, ташкили агроҷангал дар доираи ин лоиҳа корҳо амалӣ карда мешаванд.
Ба масъулони лоиҳаи мазкур ва баҳрабарандагони он барои назорат ба иҷрои зерлоиҳаҳо, истифодаи босамар аз имкониятҳое, ки барояшон муҳайё шудааст, дастур ва маслиҳат дода, таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

2025-07-30 11:26:38

ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ МУРОДУЛЛО ШЕРАЛИЗОДА ВА БОЗДИД АЗ БЕМОРХОНА

Соли равон яке аз нахустин шаҳидони роҳи барқарор намудани сохти конститутсионии Тоҷикистон, олими таърихшинос ва сармуҳаррири вақти нашрияи “Садои мардум” Муродуллоҳ Шерализода агар барҳаёт мебуд, ба синни 80-солагӣ мерасид.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ марқади ӯро дар зодгоҳаш деҳаи Кулолӣ, зиёрат намуд ва ба масъулин барои таъмиру таҷдиди он дастур дода шуд.
Дар ин боздиди корӣ ҳамчунин бо вазъи бино ва фаъолияти беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳот шинос шуда, ҷиҳати ҷустани имкониятҳо барои таъмиру таҷдиди куллии он масъулони беморхонаи марказии шаҳр ва ниҳодҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр муваззаф карда шуданд.

2025-07-30 10:35:24

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ НАВИ САВДО

Дар деҳаи Марғедари Ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент, ки шаҳроҳи Панҷакент- Айнӣ аз байни он мегузарад, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр соҳибкорон нуқтаҳои зиёди тиҷорату хидматрсонӣ бунёд менамоянд.
Яке аз аз чунин иншоот маркази савдои соҳибкор С.Сангинов бо номи “Инсоф” аст, ки бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳот ифтитоҳ карда шуд.
Дар маркази савдо харидорон ҳама намуди маҳсулоти саноатӣ, молҳои хоҷагӣ ва бинокориро пайдо карда метавонанд ва дар он панҷ нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.

2025-07-30 09:13:49

ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ МУКОЛАМА

Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи муколама оид ба мусоидат ба татбиқи лоиҳаи “Идоракунии ҳамгирои захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон дар солҳои 2022-2027”, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузории шарикони рушд амалӣ мешавад, бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва роҳбарони лоиҳаи мазкур баргузор шуд.
Дар ҷаласа рафти татбиқи зерлоиҳаҳо дар доираи лоиҳаи мазкур оид ба барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ, бунёди сардхона ва гармхонаҳои оилавӣ, қитъаҳои ҷангал, дастрасӣ ба тухмии картошка, шолӣ ва сабзавоти хушсифат, бунёди боғҳои интенсивӣ, ташкили ниҳолхонаҳо, таъминот бо техникаи хурди кишоварзӣ дар деҳаҳои ҳадафӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳа баррасӣ гардида, ба масъалаҳои саҳмгузории ҷонибҳо дар татбиқи онҳо, дар мӯҳлати пешбинишуда ба иҷро расонидани лоиҳаҳо, ташкили мониторинг дар ин самт таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.

2025-07-29 17:02:53

КИШТИ ПОЛЕЗӢ ДАРОМАД МЕОРАД

Саҳмдори хоҷагии деҳқонии “Шингак”-и Ҷамоати деҳоти Хурмӣ Олим Икромов соли гузашта аз фурӯши тарбуз 50 ҳазор сомонӣ даромад гирифт.Имсол низ ӯ дар ин замин 3 ҳазор бех тарбуз шинонд ва пас аз муддате ба ҷамъоварии он шурӯъ менамояд.
Таҷрибаи ӯ собит менамояд, ки дар обу ҳавои гарми имсола аз ин зироат ҳосили фаровон ва фоидаи зиёд гирифтан мумкин аст. Бо маслиҳати мутахассисон соли оянда парвариши тарбуз дар зери плёнкаро ба роҳ монда, ҳосилнокӣ ва даромадро аз он зиёд карданӣ аст.
Дар қитъаи замини саҳмдори дигари хоҷагӣ Турсунмурод Юсуфов ба ҷамъоварии ҳосили картошка шурӯъ кардаанд. Байни ҷӯякҳои он бошад ҷуворимаккаи донӣ киштаанд ва он низ дон бастааст.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода гуфта шуд, ин заминҳо собиқа лалмӣ буданд ва соли дуюм аст, ки тавассути пойгоҳи обкашии хоҷагӣ он обёрӣ мешавад.
Ба деҳқонон барои истифодаи босамари ҳар қитъа замин дастуру маслиҳат дода шуд.

2025-07-29 17:01:29

ҲАМДАРДӢ

Бегоҳи дирӯз узви Иттифоқи нависандагон ва Созмони рӯзноманигорони Тоҷикистон, нависанда ва рӯзноманигори хушному соҳибистеъдод Эҳсон Субҳон дар синни 79- солагӣ ҷон ба Ҳақ таслим намуд.
Дар маросими ҷанозаи ӯ, ки ин субҳ дар зодгоҳаш- деҳаи Косатароши Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент баргузор шуд, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дӯстону ҳамкорон дар бораи ҳунари нависандагӣ ва сифатҳои неки инсонии марҳум, ҳикояю қисса ва романҳои ӯ, ки дар шакли даҳҳо китобу маҷмӯаҳо ба табъ расидаанд ва мақбули хонандагони сершумор гаштаанд, ёдвар шуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент нисбат ба даргузашти ин адиб ва рӯзномнигори номвар ва соҳибистеъдод ба аҳли оила ва наздикон, аҳли адабу фарҳанги шаҳр таслият изҳор менамояд.

2025-07-28 15:55:38

ИФТИТОҲИ СУПЕРМАРКЕТИ “ОРИЁН” ВА НУҚТАИ СӮЗИШВОРИИ “ШОҲРОҲ”

Имрӯз дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази хидматрасонӣ ва савдои “Умариён” нахустин супермаркети шаҳр бо номи “Ориён” ифтитоҳ карда шуд.
Тавре зимни ифтитоҳи он ба раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иттилоъ дода шуд, он дар муддати кӯтоҳ дар ҷои собиқ маркази савдо бо сармоягузории соҳибкор Носирҷон Бобоев ба таври замонавӣ таҷдид шуда, ба харидорон ҳамаи анвои маводи ғизоии босифат пешкаш карда мешавад.
Хидматрсонӣ дар он ба таври замонавӣ ба роҳ монда, ҳар маводи ғизоӣ дар рафи алоҳида гузошта шудааст.Ба харидорон ҳар рӯз аз соати 8 то 23 дар ду баст 16 нафар фурӯшандаҳо ва мушовирон хидмат мерасонанд.
Дар ин рӯз инчунин дар канори шоҳроҳи Панҷакент- Айнӣ, дар мавзеъи Қавола нуқтаи сӯзишворӣ ва маркази хидматрасонии техникӣ ба нақлиёт,ки соҳибкор Абдусаттор Руҳулов бо тарҳи замонавӣ бунёд намудааст ва 6 нафарро бо ҷойи кор таъмин менамояд, мавриди истифода қарор дода шуд.

2025-07-28 13:32:51

БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ ТАҲИЯ КАРДА МЕШАВАД

Рафти иҷрои қарорҳои раиси шаҳр дар бораи омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани ҷавонон ба даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, таҳияи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2026-2030, кишти такрорӣ, нақшаи омодагиҳо ба 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳот, баррасии муроыиату дархости шаҳрвандон, дигар масъалаҳои муҳими рӯз дар маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Панҷҷакент Абдухолиқ Холиқзода имрӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, зимни шунидани гузориши муовинони раиси шаҳр ва масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр таваҷҷӯҳи онҳо ба тавсеаи омодагии ҷавонони синни даъватӣ барои хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳ, дар муҳлати муқарраршуда, бо ҷалби мутахассисон ва коршиносон ба анҷом расонидани таҳияи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2026-2030, истифодаи босамари заминҳои кишт, ба анҷом расонидани кишти такрории зироат, беҳтар намудани таъмини аҳолии шаҳр бо оби нӯшокӣ, чароғонкунии кӯчаю хиёбонҳо, кор ҷалб карда шуд.
Ба масъулини вобасташуда ва раисони ҷамоатҳои деҳоти Ёрӣ, Моғиён, Ворӯ, Фароб ҷиҳати тезонидани бунёди иншооти ба истиқболи ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии кишвар пешбинишуда дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар ҷаласаи назоратӣ дигар масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулини марбута дастур дода шуд.

2025-07-25 15:00:58

МУАРРИФИИ РОҲБАРОНИ НАВИ МАҚОМОТИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ВА ҚУДРАТӢ

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Камолзода, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобо, муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ Сӯҳроб Раҳматзода ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр ҷамъомад баргузор шуд.
Дар оғози ҷаласа муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқ сардори раёсати минтақвии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон Нодирхон Акмалзода барои заҳмати содиқона дар мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ ва коррупсионӣ изҳори сипос намуда, сардори нави онро , ки бо фармони директори Агентӣ ба ин вазифа таъин шудааст, Низомзода Насриддин Низомро ба ҳозирини муаррифӣ намуд.
Гуфта шуд, ки собиқ сардори Раёсати минтақавӣ дар дастгоҳи марказии Агентӣ ба вазифаи нав таъин карда шудааст.
Дар идомаи ҷаласа фармонҳои вазири мудофиаи мамлакат дар бораи ба вазифаи комиссари ҳарбии комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент таъин намудани подполковник Абӯнасрзода Мирзобек Ҷомеъ ва командири қисми ҳарбии 05170 таъин намудани полковник Алимадзода Баҳрулло Хайрулло ба ҳозирин шинос намуда, онҳо муаррифӣ карда шуданд.
Ба собиқ сардори раёсати минтақвии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон Нодирхон Акмалзода барои хидмати шоиста дар мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои молиявӣ сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

2025-07-25 10:01:26

МУЛОҚОТ БО САРҲАДБОНОН

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо қисми сарҳадбонии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар дар ҳудуди шаҳр, дидбонгоҳҳои сарҳадии он ҳамкорӣ ва робитаи пайвастаро ба роҳ мондааст.
Дар ин замина раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар ҷараёни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Фароб бо ҳайати шахсии дидбонгоҳи сарҳадии “Фароб” мулоқот намуд.
Гуфта шуд, ки бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидори мудофиавии мамлакат, аз ҷумла неруҳои марзбонӣ пайваста афзуда, марзу буми кишвар, фазои сулҳу салоҳ ва амнияти давлат зиракона ҳифз карда мешавад.
Ин рӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои ҳайати шахсии дидбонгоҳи сарҳадӣ дастархон густурда, маводи хурока тақдим карда шуд.

2025-07-25 09:22:45

САФАРИ КОРӢ БА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ФАРОБ

Фароб аз дурдасттарин ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент маҳсуб мешавад ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои рушди он таваҷҷӯҳи пайваста зоҳир менамояд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳот бо фаъолияти беморхона, рафти сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54, таъмири роҳҳои байни деҳа ва дигар корҳои ободонӣ шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло сохтмони бинои нави муассисаи таълимии мазкур бо маблағгузории оилаи Ҳамроқуловҳо- соҳибкорони муваффақи деҳа, оғоз шуда, он тибқи лоиҳа аз се ошёна ва 22 синфхона иборат буда, барои 1100 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Беморхонаи ҷамоати деҳот низ тамир шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 10 ва 87 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар арафаи анҷомёбӣ аст.
Ҳамчунин бо дастгирию саҳмгузории сокинон роҳи деҳа то деҳаи Сори Ҷамоати деҳоти Моғиён қумпӯш карда шудааст.
Дар ҷараёни боздид дар ба масъулон ва фаъолони Ҷамоати деҳот барои тавсеаи корҳои ободонӣ, истифодаи босамари заминҳои кишт, зиёд намудани истеҳсоли картошка ва мева дастуру маслиҳат дода шуд.

2025-07-24 16:42:03

МУЛОҚОТ БО ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР

Эҳтиром гузоштан ба омӯзгорону устодон, қадр намудани заҳмати онҳо дар роҳи таълиму тарбияи насли ҷавон дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ҷойгоҳи хоса дорад.
Дар ин радиф раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Ёрӣ бо яке аз омӯзгорони варзида ва собиқадори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и деҳаи Ёрӣ Хуршеда Эгамова мулоқот намуд.
Гуфта шуд, ки саҳми ин омӯзгори варзида дар таълиму тарбияи насли наврас басо калон аст ва чандин нафар шогирдонаш дар пайравӣ ба ӯ пешаи омӯзгориро низ ихтиёр кардаанд.