Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Хабарҳо

2025-07-23 18:15:17

КИШТИ ТАКРОРӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Соли равон кишоварзони шаҳри Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки дар майдони 3137 гектар баъди ҷамъоварии ҳосили кишти асосӣ, кишти такрорӣ гузаронанд. То ин муддат дар майдони 2860 гектар картошка, шалғам, турб, сабзӣ, зироати хурокии чорво ва дигар зироат кишт карда шудааст.
Тавре зимни сафари кории раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба Ҷамоати деҳори Ёрӣ гуфта шуд, кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 140 гектар баъди ҷамъоварии ғалла, картошкаи барвақтӣ кишти такрорӣ гузарониданианд ва ҳоло кишт идома дорад.
Таҷрибаи деҳқонони варзида собит кардааст, ки дар иқлими ин ҷо сабзӣ, шалғам, ҷуворимакка, бодиринг , турб ва дигар зироати зудрас дар кишти такрорӣ ҳосил хуб медиҳад.
Дар боғҳои хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоати деҳот низ ҳосил фаровон аст ва деҳқонон ҳоло ба ҷамъоварии меваҳои пешпазак низ пардохтаанд.
Дар ҷараёни боздид аз рафти кишти такрорӣ ҳамчунин аз фаъолияти пойгоҳи обкашӣ дидан намуда, ба роҳбарияти идораи беҳдошти замин ва обёрӣ барои таъмини мунтазами он дастур дода шуд.

2025-07-23 15:59:02

БОЗДИДИ РАИСИ КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН АЗ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

БОЗДИДИ РАИСИ КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН
АЗ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ дар раъси як гурӯҳ масъулон ва мутахассисони Кумита бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Панҷакент боздид намуданд.
Дар оғози боздид онҳо бо ҳамроҳии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти бунёди як қатор иншоот, аз ҷумла Майдони Фирдавсӣ, беморхонаи кӯдакон шинос шуда, аз мавъеъе, ки барои бозори ояндаи шаҳрӣ пешбинӣ шудааст ва бинои маъмурии Кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дидан намуда, ба масъулини шаҳрдорӣ маслиҳату машварат доданд.
Баъди боздид дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо кормандони бахши шаҳрсозию меъморӣ, роҳбарони ширкатҳои бинокории шаҳр машварат доир шуд.
Дар машварат раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон зимни ибрози мулоҳизаҳо аз раванди бунёди иншоот ва корҳои ободонӣ ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бунёди 984 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта, то кунун 760 тои он мавриди истифода қарор гирифта,ҳоло дар 127 иншоот корҳо идома доранд.
Гуфта шуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ташриф ба шаҳри Панҷакент зимни ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ба корҳои бунёдкорию ободонӣ,сифати иншооти бунёдшуда баҳои баланд доданд ва ин боиси ифтихори сохтмончиёни шаҳр аст.
Дар идомаи машварат таваҷҷӯҳи масъулини шуъбаю бахшҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ширкатҳои бинокорӣ, муассисаҳои лоиҳакашӣ ба такмили нақшаи генералии шаҳр, таҳияи лоиҳаҳои биноҳо, сифати сохтмон, таъмини бақодории онҳо, ворид намудани унсурҳои миллӣ дар лоиҳаҳо, ба меъёрҳои сохтмонӣ мутобиқ гардонидани мавзеъи сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, фаъолияти ширкатҳои лоиҳакашӣ, аз санҷиши ҳатмӣ гузаронидани лоиҳаҳои иншоотҳо ва риояи дигар меъёрҳои сохтмон ҷалб карда шуд.
Дар анҷоми машварат ба раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода нишони унвони “Бинокори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сарварони ширкатҳои сохтмонии “СУ-3”– Абдулло Азизмуродов, “Сомон- бинокор” Баҳодур Насриддинов, “Асл”- Саъдулло Иноятов, “Панҷакентсоз”- Абдумаин Қодиров, “КСМ-278”- Олим Саидов барои саҳми арзанда дар корҳои ободию созандагӣ ифтихорномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

2025-07-22 09:38:12

СӮҲБАТ БО ҲАЙАТИ РОҲБАРИИ ДАСТАИ ФУТБОЛИ «САРАЗМ”

Натиҷаҳои иштироки дастаи футболи “Саразм”дар мавсими аввали чемпионати лигаи якуми футболи мамлакат дар мулоқоти раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо роҳбарияти даста ва аъзоёни Федератсияи футболи шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки натиҷаҳои бозиҳои даста дар мавсими аввал қаноатбахш нестанд ва он аз 13 бозӣ нӯҳ бозиро бохта, се бозиро мусовӣ анҷом дода, танҳо дар як бозӣ ғолиб омадааст.
Зимни пурсиш аз бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳайати мураббиёни даста, сармураббии нави он сабабу омилҳои ин вазъ муайян намуда, барои дар даври дуюми мавсим куллан дигар намудани усули бозӣ, ба ҳайати даста ҷалб намудани бозигарони ҳунарманд, беҳтар кардани муҳити муносибатҳо дар он, омода намудани варзишгарони ҷавон ва ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дастуру маслиҳат дода шуд.
Таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, Федератсияи футболи шаҳр барои ба натиҷаҳои беҳтар соҳиб шудани даста дар даври дуюми мавсими футболи соли ҷорӣ фаъолона мусоидат менамояд.

2025-07-22 08:59:14

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҶОПОН

Дар доираи сиёсати дарҳои боз, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо кишварҳои хориҷа пеш гирифтааст, ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо мамолики дуру наздик густариш меёбад.
Дар ин замина, дирӯз раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоқикистон, хонум Фурута Кейкоро, ки бо сафари корӣ дар шаҳр қарор дошт ба ҳузур пазируфт.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи қарордод ва лоиҳаҳои гуногун байни Тоҷикистон ва Ҷопон дар самтҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ намуданд. Аз ҷумла, ба хонуми сафир барои дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба беморхонаи марказии шаҳр изҳори сипос карда шуд.
Изҳори умед карда шуд, ки чунин ҳамкорҳо минбаъд низ идома дода хоҳад шуд.

2025-07-21 17:55:56

ДИДОРБИНӢ БО СОБИҚАДОРОН

Дидорбинӣ бо собиқадорони варзида ва аёдати ашхоси бемор, дастгирии онҳо аз масъалаҳоест, ки пайваста мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қарор дорад.
Дар ин росто раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода раиси Ҷамоати деҳоти Саразм Дилнавоз Султоноваро, ки ҳоло баъди ҳодисаи нохушӣ нақлиётӣ табобат мегирад, аёдат намуд.
Дар сӯҳбат гуфта шуд, ки ӯ солиёни зиёдест дар хидмати давлатӣ қарор дорад ва вазифаи раиси ҷамоати деҳоти калонтарини шаҳрро низ бо камоли масъулият ба ҷо меорад ва ин хидматҳои ӯ қадршиносӣ ҳам карда мешавад. Ба ӯ сиҳатии комилу оҷил орзу карда шуд.
Дар деҳаи Нуристони Ҷамоати деҳоти Чинор ин рӯз раиси шаҳр ҳамчунин бо собиқадори меҳнат Бобоназар Ёқубов, ки солиёни зиёд дар рӯёнидани ҳосили фаровони зироати кишоварзӣ саҳм гузоштааст ва ҳоло давлати пирӣ меронад, сӯҳбати самимӣ доир намуд ва ба ӯ тӯҳфаҳои пулию молии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

2025-07-21 17:53:39

ПАЗИРОИИ ЭКСПЕДИТСИЯИ “САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ -2025» ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Рӯзи 19 июли соли равон ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё - 2025”-ро дар шаҳри Панҷакент пазироӣ намуданд.
Ҳайати экспедитсияи сайёҳии “Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025”, ки аз намояндагони ҷавонон ва блогерҳо ва доираҳои соҳибкории давлатҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон иборат буда,санаи 6 июн аз Русия сафарро оғоз намуда, аз ҳудуди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ 7400 километрро тай намуданд намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷавонон дар дидбонгоҳи сарҳадии Саразм бо меҳмоннавозии хоси тоҷикона, нону асал, карнаю сурнай ва гулу гулдаста пешвоз гирифтанд.
Дар ҷараёни боздид меҳмононро раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ҳайати экспедитсия давоми ду рӯз тибқи барнома аз шаҳраки бостонии Саразм, осорхонаи ба номи Рӯдакӣ, минтақаи сайёҳии Ҳафткӯл, ёдгории меъмории Хоҷа Муҳаммади Башоро, хона- музеи Шоири Халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар деҳаи Мазор, оромгоҳи сардафтари адабиёти класикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷруд дидан намуданд.
Дар маросими расмии қабули ҳайати экспедитсия муовини раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Панҷакент онҳоро ба шаҳри Панҷакент , вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Тоқикистон хушомадед гуфта, онро ҷавобгӯи сиёсати сулҳдӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми шоиста дар раванди тавсеаи сулҳу дӯстӣ, робитаю ҳамкорӣ дар байни мардуми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва рушди соҳаи сайёҳӣ унвон намуданд.
Экспедитсия рӯзи 22 июл дар шаҳри Душанбе бо баргузории конфронси байналмилалии доираҳои соҳибкории давлатҳои иштирокчии он анҷом меёбад.

2025-07-21 17:52:18

ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНИ МАКТАБИ НАВ ДАР ДЕҲАИ ДЕВАШТИЧ

Дар деҳаи Деваштичи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент барои муассисаи таҳсилоти умумии №1 бинои нав бунёд карда мешавад.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти сохтмони бинои нави мактаб гуфта шуд, бинои собиқи таълимгоҳ имкони фарогирии беш аз 570 нафар хонандагонро аз ин деҳаи наздишаҳрӣ надошт.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, сармоягузории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони бинои нави таълимгоҳ, ки дорои ду қабат, 13 синфхона, толор ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон аст, оғоз карда шуд ва ҳоло бинокорони ҶДММ “Гулгун” бо ҷалби техникаи зарурӣ ба гузоштани таҳкурсии бино машғул ҳастанд.
Тибқи лоиҳа бино аз ду қабат, 10 синфхонаи барҳаво, низоми гармидиҳии мустақил, нуқтаи санитарӣ, толори ҷамъомад, синфхонаи махсуси технологияи иттиллотӣ иборат буда, дар ду баст 480 нафар хонандагонро фаро мегирад.
Ба бинокорон барои дар мӯҳлати пешбинишуда, бо риояи қатъии қоидаҳои сохтмон ва сифати хуб анҷом додани корҳо дастур дода шуд.

2025-07-15 12:58:20

ДИДОРБИНӢ БО СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ ВА МОДАРИ ТАНҲО.

Сокини деҳаи Қумоқи Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Сайфиддин Мастонов баъди хатми омӯзишгоҳи касбӣ- техникии шаҳри Калининободи собиқ, ҳоло Левакант, солиёни зиёд ба ҳайси барқкор дар ташкилоту муассисаҳои гуногун кор кардааст ва ӯро чун мутахассиси кордон имрӯз низ қадршиносӣ ва эҳтиром менамоянд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ бо ин собиқадори барӯманд мулоқот намуда, ба ӯ барои меҳнати бисёрсола изҳори сипос намуд.
Дар сӯҳбат собиқадори меҳнат изҳор дошт, ки дар заминаи сиёсати иҷтимоии муваффақи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо батадриҷ рушд карда, барои зиндагии босаодати мардум шароити мусоид муҳайё карда мешавад.
Дар ҷараёни сафари корӣ раиси шаҳр дар деҳаи Ғӯсар ҳамчунин бо шароити зиндагии модари танҳо, озодакори беморхонаи минтақавӣ Иззатуллоева Анора шинос шуда, барои таъмиру таҷдиди хонаи истиқоматии ӯ тасмим гирифта шуд.
Ба собиқадори меҳнат ва ин модари танҳо тӯҳфаҳои пулию молӣ тақдим карда шуд.

2025-07-14 16:47:05

ПОЙГОҲИ ОБКАШӢ БАРҚАРОР КАРДА ШУД

Пойгоҳи обкашии деҳаи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Шинги шащри Панҷакент, ки тавассути он даҳҳо гектар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсии ин деҳа ва деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ шодоб мешуданд, баъди таҷдид аз нав мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода гуфта шуд, дар пойгоҳ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи лоиҳаи ҶСК “Корезлоиҳа”-и Кумитаи давлатии сохтмон ва меъморӣ аз ҷониби пудратчӣ- ҶДММ “ Ориён КС” дар мӯҳлати кӯтоҳ ҳаракатдиҳанда, насоси нав насб карда, дар масофаи 1400 метр лӯлаҳои полиэтилении қутраш 400 мм хобонида шуд.
Пойгоҳи нав аз санҷиш гузашта, тавассути он ҳолати мелиоративии беш аз 300 гектар заминро беҳтар кардан мумкин аст.
Ҳоло дар пойгоҳ корҳои охирини омодагӣ ба истифодаи доимии он анҷом дода мешавад.

2025-07-14 15:39:43

БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛ

Дар маҷлиси фаъолони шаҳри Панҷакент, ки имрӯз баргузор шуд, натиҷаҳои фаъолияти иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғози ҷаласа, ки бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Тоҷибой Султонзода, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва фаъолони шаҳр баргузор шуд, гуфта шуд, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ташриф ба вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, баён доштанд, моро ба тавсеаи корҳои ободонию созандагӣ, ҳалли масъалаҳои умдаи рӯз, ноил шудан ба дастовардҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ , истиқболи сазовори 35- солагии истиқлоли давлатии кишвари азизамон водор менамояд.
Дар ҷаласа зимни шунидани масъалаи асосии рӯзнома-““Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Панҷакент дар нимсолаи аввали соли 2025”, ки бо он муовини раиси шаҳр Эркин Хушвақтзода баромад кард, нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, воридот ба буҷет, роҳу нақлиёт, хидматрасонӣ ва дигари соҳаҳо мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Дар ҷараёни баррасӣ аз муовинони раиси шаҳр оид ба фаъолияти соҳаҳои вобасташуда, роҳбарони як қатор корхонаю муассисаҳо пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошта, тавсеаи корҳои бунёдкорию созандагӣ дастур дода шуд.
Дар ҷаласа намояндаи намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода сухан кард.
Дар ҷамъбасти ҷаласа раиси шаҳр оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ташриф ба шаҳри Панҷакент ва мулоқот бо фаъолони шаҳр баён доштанд, дар назди ниҳодҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаю муассисаҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

2025-07-14 13:52:18

БАРРАСИИ ОМОДАГИИ КОРХОНАИ МУШТАРАК

Дар мулоқоти раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо директори кулли корхонаи муштараки “ Броадтек- Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед” Ҷоотин Ҷонг, ки баъди танаффуси зиёд ҳоло корҳои омодагӣ барои ба кор андохтани он оғоз шудааст, масъалаҳои марбут ба раванди омодагии ин корхонаи муҳими саноати кӯҳӣ мараҳ карда шуданд.
Зимни мулоқот гуфта шуд, ки корхонаи мазкур соли 2015 баъди бунёди коргоҳи истеҳсолӣ дар ҳудуди деҳаи Рукнободи Ҷамоати деҳоти Ворӯ ба истихроҷ ва коркарди маъдани қалъагӣ ва мис дар кони мавзеъи Мушистон ба кор шурӯъ шурӯъ намуда буд ва ҳоло барои аз нав ба кор андохтани он тадбирҳо андешида мешавад.
Дар сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ба кор омода намудани коргоҳи истеҳсолӣ, таъмиру таҷдиди роҳ, таъминот бо барқ, об, ҷудо намудани замин барои бунёди коргоҳи нави коркард дар ҳудуди он ва дигар масъалаҳои омодагӣ ба оғози фаъолияти истеҳсолии корхонаро матраҳ намуданд.
Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти корхона ва мақомоти соҳавии ҷумҳурӣ барои ҳарчи зудтар ба кор андохтани корхона мусоидат менамояд.

2025-07-10 09:30:53

ДАР ОҒӮШИ «ЧИЛАРЧА”

Дар фароғатгоҳи иттифоқи касабаи соҳаи маорифи шаҳри Панҷакент, ки дар мавзеъи хушобу ҳавои Чиларчаи Ҷамоати деҳоти Саразм воқеъ аст, сад нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, имсол бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, шуъбаи маориф ва иттифоқи касабаи соҳа инҷо барои истироҳати хонандагон ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё буда, онҳо рӯзе чор маҳал бо хуроки серғизо таъмин карда, дар хобгоҳи барҳаво истироҳат менамоянд. Майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ низ дар ихтиёри хонандагон аст ва онҳо тибқи реҷа бо роҳнамоии мураббияҳо ба мусобиқаҳои варзишӣ, шеърхонӣ, расмкашӣ, мутолиаи адабиёти бадеӣ, шатранҷу шашкабозӣ машғул мешаванд. Вазъи саломатии онҳо зери назорати духтур қарор дорад.
Дар давраи таътили тобистона дар се навбат дар “Чиларча” 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

2025-07-08 14:58:31

ПЕШБАРИИ НОМЗАД БА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВИЛОЯТӢ

Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ки бо иштироки раиси шаҳр Адухолиқ Холиқзода, намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, вакилони маҷлисҳои шаҳрию вилоятӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон ва фаъолони ҳизб баргузор шуд, масъалаи пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии масъалаи рӯзномаи ҷаласа- пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар ҳавзаи интихоботии Панҷакент № 23 ба ҷойи вакили хориҷшуда, бо розигии аъзоёни Кумитаи иҷроия номзадии Ҳабибзода Умедҷон Лутфулло – директори бахши минтақавии Агентии “Тоҷикстандарт” аз ин ҳавзаи интихоботӣ ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят номзад пешбарӣ карда шуд.
Дар ҷаласа раиси шаҳр бо ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ, аз фаъолони ҳизб даъват ба амал овард, ки дар корҳои созандагию ободонӣ, ки ҳоло дар шаҳр ҷараён дорад, тарғиби ғояҳои ҳизб, ки ба баланд бардоштани маърифати сиёсии аҳли ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолона иштирок намоянд.

2025-07-07 10:41:39

КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст

ДУШАНБЕ, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кулолгарӣ – ҳунарест, ки аз лои махсус зарфҳову лавозимоти дигар месозанд. Ин соҳаи ҳунармандӣ дар байни тоҷикон аз давраҳои қадим маъруфу маъмул аст. Гили кулолгарӣ аз давраҳои қадим маҳсулоти аз ҳама наздик ва аз ҳама дастрас ба шумор мерафт. Дар давраи ҳукумронии сулолаи Сомониён ин ҳунари аҷдодӣ ба авҷи тараққӣ расида буд. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намунаҳои гуногуни ин ҳунари аҷдодии мо ба намоиш гузошта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ.
Дар экспазитсияи шуъбаи «Таърихи бостон ва асрҳои миёна» -и Осорхонаи миллии Тоҷикистон бархе аз бозёфтҳои кулолии ёдгории Саразм ба намоиш гузошта шудаанд, ки бо як ҳунари баланди наққошӣ бо ангоб зинат ёфтаанд. Маҳз ҳамин ашёҳо бештар диққати тамошобинони ватанию хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд.
Намунаҳои зебои кулолгарии қадимаи тоҷикон дар натиҷаи ҳафриёт дар Саразм, ки ба давраи баъдинаи энеолит ва асри биринҷӣ мансуб аст, кашф гардидаанд.
Аз бозёфтҳои Саразм маълум мешавад, ки дар ин мавзеи бостон ҳунари кулолгарӣ хеле ривоҷу инкишофёфта будааст. Бозёфтҳои кулолии Саразм аз он ҷиҳат хеле муҳиманд, ки мо дар навъу намуди зарфҳо ҳам нақшҳои ҳандасавӣ ва ҳам хатҳои амудию уфуқиро мушоҳида мекунем. Дар ҳар як нақш маънои алоҳида нуҳуфтааст. Масалан, мо хатҳои ростеро, ки дар ин зарфҳо мушоҳида мекунем, маънои боридани борон ва хатҳои гирдогирди зарф кашидашуда маънои оби равонро доранд. Аз таҳқиқи ин зарфҳо маълум мешавад, ки аллакай ниёкони мо дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ба истеҳсоли чунин зарфҳое, ки сифатан хеле баланданд, ханӯз 5-6 ҳазор сол муқаддам машғул шудаанд.
Аз биноҳои Саразм баъзе деворнигораҳо низ кашф гардидаанд, ки яке аз пораҳои дар Осорхонаи миллӣ ба намоишгузоштаи он, ки мансуби ҳазораҳои IV-III-и то милод аст, тасвири ба свастика монанд дорад, ки яке аз рамзҳои тамаддуни ориёиҳо буд.
Дар вақти ҳафриёт аз Саразм, инчунин, оташдонҳои бузургҳаҷм кашф шуданд. Чунин оташдонҳо ё хумдонҳо, ки маъмулан дар марказҳои муҳими истеҳсоли кулолгарӣ сохта мешаванд, гувоҳ бар онанд, ки дар Саразм ҳунари кулолгарӣ дар авҷ будааст. Бахусус, маҳсулоти сафолӣ бо сифат ва шаклу намуди олии худ дар авҷи равнақ будааст. То ба имрӯз се намуди зарфи дар чархи кулолгарӣ сохташуда маълуму муайян шудаанд, ки номгӯи онҳоро зарфҳои восанҷӣ, ошхонагӣ ва хӯрокхӯрӣ ташкил медиҳанд.
Кулолгарон ба хотири беҳтарсозии сифат ва серхаридор будани маҳсулоташон рӯи зарфҳоро бо ангоб суфта мекарданд ва барои қонеъ гардонидани талаботи эстетикӣ аз нақшунигорҳои гуногун истифода мебурданд.
Роҷеъ ба дараҷаи баланди истеҳсолоти сафолӣ шаш хумдони аз ҳафриётҳои 2, 4, 6 ва 9-и Саразм ёфтшуда низ гувоҳӣ медиҳанд. Ин хумдонҳо ба навъҳои кушодаи мудаввар, дукамерагии якқабатаи дорои оташдони жарф ва дуқабата мутааллиқ мебошанд.
Хумдони дуқабатаи барои пазондани сафолот таъйиншуда, ки аз ҳафриёти 9-и маҷмааи маросимӣ ёфт шудааст, шаҳодати он аст, ки кулолгарони саразмӣ ин истеҳсолотро ҳанӯз панҷ ҳазор сол қабл аз худ намуда будаанд. Ин хумдони ба дараҷаи хуб маҳфузмонда аз ду камераи рӯиҳам ҷогирифтаи аловмонӣ ва пазониш иборат аст, ки бо хишти хом сохта шудаанд.
Низоми шабакаҳои гармигузаронӣ ва дудмӯриҳо аз ҷиҳати андешакорона сохта шуданашон фарқ мекунанд. Дар худи ҳамин ҷо шикастапораҳои пиёла, табақ ва дигар зарфҳо ( бештар аз даҳ шакл ) ёфт шудаанд, ки мавриди пазониш қарор гирифтаанд. Сохти хумдоне, ки ҳанӯз дар оғози ҳазорсолаи III-и то милод саразмиён коркард ва истифода менамуданд, дар ҳудуди Осиёи Марказии ҳамон давра ҳамто надоштааст. Танҳо баъди ду ҳазор сол ба истифодаи ин гуна хумдонҳо дар воҳаҳои Қашқадарёву Самарқанд шуруъ карданд.
Саразми бостон яке аз нахустин ва марказҳои кулолгарии нафақат ниёгони мо, балки тамоми сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ будааст. Маҳз нуфузу мақом ва таъсири санъати кулолгарии Саразм буд, ки дар қарнҳои минбаъда кулолгарӣ дар Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Ҳулбук, Балх, Кошону Исфаҳон барин шаҳрҳои бузурги минтақаи Осиёи Марказӣ низ тараққӣ намуд.

2025-07-04 09:07:47

ПАНЕҶАКЕНТ ҚОМАТ МЕАФРОЗАД Суратлавҳа

Ин манзараҳо, ки аз иншооти бунёдшавандаи шаҳри Панҷакент аксбардорӣ шудааанд, як умумият доранд: дар онҳо маноракранҳо ба назар мерасанд.
Ин далели раванди созандагию бунёдкориҳоест, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастурҳои раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба ифтихори ҷашни бузурги 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудааст.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди 984 иншоот пешбинӣ шуда, давоми солҳои 2021- 2024 ва 5 моҳи соли 2025 – 756 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла, 44 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, 31 иншооти соҳаи тандурустӣ, 59 иншооти соҳаи маориф, 32 иншооти варзишӣ, 9 иншооти истироҳатӣ - фарҳангӣ, 21 иншооти сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо, 117 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 15 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 36 пул, 7 бинои маъмурӣ ва 321 адад дигар намуди иншоот ва дар маҷмӯъ 77,2 фоизи онҳо мавриди истифода қарор дода шудааст.
Ҳоло дар зиёда аз 80 иншоот, аз ҷумла дар беш аз 40 бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, 1 бинои беморхонаи минтақавӣ, 4 бинои муассисаҳои таълимӣ ва 1 меҳмонхона, 1 бинои маъмурӣ кор идома дошта, дар онҳо 1720 нафар бо ҷои кор таъмин шудаанд.

2025-07-02 10:15:20

ДЕҲАИ НАВ БУНЁД МЕШАВАД

Дирӯз бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва намояндагони шарикони рушд ба маҳали нави аҳолинишин, ки дар қарибии деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Ворӯ бунёд мешавад, санги асос гузошта шуд.
Тавре зимни гузоштани санги асос ва муаррифии лоиҳаи деҳаи нав гуфта шуд,он дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сармоягузории ташкилоти байналмилалии хайриявии Шарҷа аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” бунёд карда мешавад.
Тибқи лоиҳа дар навбати аввал дар деҳаи нав, ки дар заминҳои бо қарори Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои оилаҳои эҳтиёҷманд ҷудо шуда буд, ҷойгир аст, барои 25 оилаи эҳтиёҷманди Ҷамоати деҳоти Ворӯ хонаҳои истиқоматии дорои се ҳуҷраи истиқоматӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон сохта, хати барқ ва оби нӯшокӣ гузаронида,бунёди бинои муассисаи таълимӣ ва нуқтаи тиббӣ низ дар назар дошта шудааст.
Тибқи нақша маҳали истиқоматии нав то ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, ба эҳтиёҷмандон тақдим карда мешавад.
Зимнан, бо саҳмгузории ин ташкилоти хайриявии байналмилалӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр чанд сол қабл дар деҳаи Ворӯ бинои муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи тиббӣ сохта шуда буд.

2025-06-27 11:34:14

ВАҲДАТИ МИЛЛАТ БАҚОИ МИЛЛАТ АСТ

-Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳими давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем, - таъкид кардаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ин маънӣ имрӯз дар ҷамъомади тантанавӣ дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 28- солагии ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ- Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки бо иштироки доираи всеъи фаъолон ва ҷавонон баргузор шуд, дар паёми табрикии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода, ки муовини аввали раиси вилоят Суҳайлӣ Қурбонзода ба ҳозирин ироа намуд ва сухани шодбошии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ифода шуд.
Гуфта шуд, ки, ки ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу оянда буда, ба шарофати он сохти конститутсионӣ барқарор, хатари парокандагии миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тоҷикон бартараф карда, барои таҳкими сулҳу субот, татбиқи лоиҳаҳои азими бунёдкорӣ, рушду нумӯи кишвар заминаи боэътимод гузошта шуд.
Барномаи ҷолиби ҳунарӣ, ки ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳ ва ободию осудагии Ватани азизамонро таҷассум менамуд, анҷомбахши ҷамъомади тантанавӣ буд.

2025-06-26 15:26:38

ПАЁМИ ТАБРИКИИ табрикии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ

Ҳамдиёрони арҷманд!
Бо камоли эҳтиром ҳамаи шуморо бо 28-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ- Рӯзи ваҳдати миллӣ, самимона муборакбод менамоям.
Дар таърихи ҳар қавму миллат санаҳои фархундае сабт шудаанд, ки дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳидояти мардум ба сӯи созандагиву ободгарӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ нақши муҳим бозидаанд.Расидан ба истиқлоли давлатӣ ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҷанги таҳмилии дохилӣ хотима бахшид ва ваҳдату сулҳу субот, рушди босуботи кишвар бо он оғоз шуд, аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини миллати мо ба шумор меравад.
Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки “Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳими давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем”.
Дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ бо дахолати нерӯҳои бадхоҳ Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин марҳилаи хеле душвор мардуми тоҷикро ба мушкилоту харобиҳо рӯ ба рӯ сохт, иқтисодиёт фалаҷ гашт, хатари аз байн рафтани Тоҷикистон чун давлати мустақил ба миён омад.
Барои ба эътидол овардани авзоъи ногувори сиёсиву иҷтимоии он солҳо баргузории Иҷлосияи тақдирсози ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозида, ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани фарзанди барӯманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи кишвари мо саҳифаи наве боз шуд.
Расидан ба ваҳдати миллӣ марҳилаи басо душвору мураккаб буд ва хушбахтона ҷаҳду талошҳои Пешвои тоҷикон ва хиради азалии мардуми соҳибтамаддунамон моро ба пирӯзӣ шарафёб намуд. Маҳз талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Ба шарофати имзои ин Созишномаи таърихӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ оғоз шуд. Дар муддати кӯтоҳ ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар корҳои азиме ба иҷро расида, ҳоло низ дар ин самтҳо татбиқи даҳҳо лоиҳаҳои нави созандагӣ бо маром ҷараён доранд.
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷумҳурии моро чун кишвари ташаббускор эътироф намуд ва таҷрибаи сулҳофаринии Пешвои миллати мо ҳоло дар сатҳи ҷаҳонӣ омӯхта мешавад ва густариши ғояҳои ваҳдат дар ҷомеа дар баробари таъмини заминаҳои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таърихию фарҳангии даврони соҳибистиқлолӣ, барои эҳёи тафаккури нави миллӣ заминаҳои мустаҳкам фароҳам овард.
Дар ин солҳо ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ дар баробари дигар минтақаҳои мамлакат шаҳри бостонии Панҷакент низ ободу зебо гардида, барои истиқболи сазовори 35- умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беш аз ҳазор иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то ҳол 770 адад иншоотҳои гуногун мавриди истифода қарор дода шудаанд ва ҳоло дар бунёди 80 иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ корҳо бомаром идома доранд.
Бори дигар солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро ба мардуми диёри бостониамон самимона табрику таҳният намуда, итминони комил дорам, ки мо барои амалисозии роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастурҳои раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар самти вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва истиқболи сазовори 35- умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро мегузорем.
Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!