Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Хабарҳо

2025-06-26 09:13:25

ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ

Таҷрибаи кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент собит мекунад, ки аз картошкаи барвақтӣ дар шароити иҷлими ин ҷо ҳосили фаровон гирифтан мумкин аз аст. Аз ин ҷост, ки баҳори соли равон деҳқонон дар майдони 74 гектар картошкаи барвақтӣ шинониданд.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ дар мавзеъи Қавола гуфта шуд, ҳосили он дар маҷмӯъ аз ҳар гектар то 300-350 сентнериро ташкил медиҳад.
Чун анъана деҳқонон баъди ҷамъоварии ҳосили катошка дар ин заминҳо сабзӣ, шалғам, турб ва дигар сабзавот кишт менамоянд ва аз засмин ду ҳосил гирифта, даромадашонро афзун мегардонанд.
Дар маҷмӯъ баҳори соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр дар майдони 215 гектар картошкаи барвақтӣ шинониданд ва ҳоло ҷамъоварии ҳосил дар дигар минтақаҳо низ идома дорад.

2025-06-26 08:38:21

БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ИҶТИМОӢ

Рафти бунёди иншоотҳое, ки дар доираи омодагиҳо ба 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, мавриди таваҷҷӯҳи пайвастаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қарор дорад.
Дар ин замина раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти бунёди чанд иншооти таъиноти иҷтимоӣ дар шаҳр боздид намуд.
Аз ҷумла, зимни боздид аз дармонгоҳи дандонпизишкии соҳибкор Воҳид Икромов, ки дар қабати аввали бинои 12 ошёнаи истиқоматии тарафи ғарбии хиёбони Рӯдакӣ воқеъ аст, гуфта шуд, ки дар он барои табобати мизоҷон таҷҳизоти зарурӣ дастрас шуда, 13 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
Дар ин сафар ҳамчунин аз бинои баландошёнаи истиқоматии соҳибкор Имомиддин Бобоев, ки дар ин мавзеъ воқеъ аст,дидан намуда, барои ороиши муносиби намо ва саҳни он дастур дода шуд.
Дар ҷараёни боздид боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ масъулин барои риояи лоиҳаи таҷдид ва таъмири он, вусъат бахшидани корҳои ободонӣ бо ташкили ҳашарҳо муваззаф карда шуданд.

2025-06-26 08:36:33

КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ МАСОЛЕҲИ СОХТМОН БА КОР МЕПАРДОЗАД

Дар ҶДММ “Чинорсой”, ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент воқеъ аст, коргоҳи истеҳсоли куму шағал ва масолеҳи бетонӣ бунёд шуда, ҳоло корҳои санҷиши таҷҳизоту механизмҳо идома доранд.
Тавре зимни боздиди кории раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иттилоъ дода шуд, коргоҳ бо иқдоми соҳибкор Ифтихор Шодмонов бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ бунёд шуда, он метавонад талаботи афзояндаи ширкатҳои сохтмонӣ ва аҳолиро ба чор намуд қуму шағал ва масолеҳи бетонӣ таъмин намояд.
Зимнан, ҳоло дар шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беш аз 80 иншооти таъиноти гуногун корҳои бинокорӣ идома доранд.
Дар коргоҳ то сӣ нафар бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин карда мешаванд.
Ба соҳибкор барои ободу зебо намудани атрофи коргоҳ, шинонидани ниҳолҳои гуногун ва сабзкории он, насби лавҳаю овезаҳо дастур дода шуд.

2025-06-24 16:14:22

РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ ОБОД КАРДА МЕШАВАНД

Дар доираи нақшаи рушду ободонӣ ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, ки аз хиёбони Рӯдакӣ то фурудгоҳи шаҳр тӯл мекашад, мумфарш ва хати сабзи байни он гулпӯш карда шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ширкати сохтмонии “АСЛ” бо ҷалби техника ва роҳсозон дар мӯҳлати кӯтоҳ масофаи як километри ин роҳро бо сифати хуб мумфарш намуд.
Кормандони корхонаи фаръии “Хоҷагии манзилӣ- комуналӣ” бошанд дар оғози ин кӯча дар гулгашти байни роҳ садҳо бех гулҳои мавсимии гуногунранг шинониданд.
Бо анҷоми мумфаршкунӣ ва гулшинонӣ дар ин кӯчаи сераҳолӣ ва серрафтуои шаҳр барои ҳаракати нақлиёт ва сайругашти сокинон шароити боз ҳам созгор муҳаёё карда шуд.
Дар маҷмӯъ дар доираи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35 – солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва соҳибкорон 85,6 километр роҳҳои маҳаллӣ ба таъмир фаро гирифта, аз ҷумла 43, 4 километр мумфарш ва 44,2 километр қумпӯш карда, 36 пул сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.
То охири соли равон мумфарш намудани боз 27 километр роҳҳои маҳаллӣ пешбинӣ шуда, ҳоло дар ин самт корҳо идома доранд.

2025-06-24 10:11:37

ҲОСИЛИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ ФАРОВОН АСТ

Саҳмдори хоҷагии деҳқонии “Меҳнатобод”-и деҳаи Сӯфиёни Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент Абдуғаффор Самадов аз майдони 13 ҳисса замин беш аз чору ним тонна картошка ҷамъоварӣ намуд.
Ӯ ва аҳли оилааш ин баҳор арафаи иди Наврӯз ба ин замин картошкаи барвақтии навъи “Биг- роза” кишт карда буданд ва ҳоло ба ҳисоби миёна ҳосили ҷамъовардаашон аз ҳар гектар наздик ба 350 сентнерӣ аст. Ҳосили ҷамъовардаи саҳсмдори дигари ин хоҷагӣ Маҳмадзариф Ёқубов аз 25 ҳисса замин низ фаровон аст.
Ба шарофати заҳмати ҳамин кишоварзон нархи картошка дар бозори сарироҳии Қавола рӯз ба рӯз арзон мешавад.
Чун анъана дар ин заминҳо деҳқонон баъди ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ сабзӣ ва дигар зироати зудрас кишт менамоянд ва ҳамин тавр фоидаи он дучанд мешавад.
Дар маҷмӯъ дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан ин баҳор дар майдони 74 гектар картошкаи барвақтӣ шинониданд ва ҳоло ҷамъоварии он идома дошта, дар заминҳои холишуда кишти сабзӣ ва дигар сабзавот оғоз шудааст.

2025-06-23 17:41:28

КОРҲОИ БУНЁДКОРӢ ВА ОБОДОНӢ ВУСЪАТ ДОДА МЕШАВАД

Дар маҷлиси назоратии ҳафтавори назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо, ширкатҳои сохтмонӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо баргузор шуд, масъалаи вусъати корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ дар иншоотҳое, ки тибқи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода доданашон пешбинӣ шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни гузориши муовини якуми раиси шаҳр Сабур Собирзода, таваҷҷӯҳи ҳозирин ба тезонидани корҳо дар ин иншоотҳо, ҷалби ширкатҳои сохтмонӣ ба ин корҳо, ташкили ҳашарҳои ободонӣ, ба тартиб овардани канори роҳу кӯчаҳо, насби овезаҳои электронӣ, рангу бор намудани намои биноҳои маъмурӣ ва истиқоматии шафати роҳҳо ва дигар масъалаҳои ободонӣ ҷалб карда, таъкид шуд, ки рафти ин корҳо зери назорати ҳамарӯзаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор гирифтааст.

2025-06-21 18:09:08

СӮҲБАТ БО САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ ФУТБОЛИ “САРАЗМ”

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода сармураббии нави дастаи футболи “Саразм” Мубин Эргашевро ба ҳузур пазируфт.
Дар сӯҳбат, аз ҷумла ёдрас карда шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои рушди футбол, хоса дастаи “Саразм”, ки ҳоло дар ҳайати лигаи якуми футболи мамлакат ҳунарнамоӣ мекунад, тадбирҳои амалӣ меандешад ва онро сармоягузорӣ менамояд. Варзишгоҳи марказии шаҳр низ таъмиру таҷдид шуда, ба меъёрҳои Федератсияи футболи мамлакат мувофиқ карда шудааст.
Бо такя ба таҷрибаи ғании сармураббии нав изҳори умед карда шуд, ки дастаи “Саразм” дар лигаи якуми футбол хуб ҳунарнамоӣ карда, мухлисонашро бо бозии хуб ва ғалаба шод хоҳад кард.
Зимнан, дастаи “Саразм” дар бозӣ бо дастаи “Ваҳдат” аввалин ғалабаро дар мавсими нави футбол ба даст овард.

2025-06-17 14:51:31

ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲР, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

Санаи 17 июн иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент, даъвати ҳафтум, баргузор шуд.
Дар кори иҷлосия, ки таҳти раёсати раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода баргузор шуд, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи сайёҳӣ Абдумаҷид Раҳимов, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ иштирок доштанд.
Тибқи рӯзномаи иҷлосия вакилон маърӯзаи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовини раиси шаҳр Парвина Нақибиро “Оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026 дар шаҳри Панҷакент” ва маърӯзаи иловагии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Эраҷ Муҳаммадҷонзодаро шуниданд.
Аз ҷумла гуфта шуд, ки рафти муқаррароти Стратегияи мазкур зери назорати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, дар ин замина барои таъмини рушди сайёҳӣ, беҳтар гардонидани инфрасохтори соҳа, ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ як қатор корҳо ба ҷо оварда шудааст. Ҳамчунин ширкатҳои сайёҳии шаҳр, ки ҳоло шумораашон ба 26 адад мерасад, аз тариқи иштирок дар ҳамоишу намоишҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии дар маҷмӯъ мамлакат, аз ҷумла шаҳри Панҷакент , талош намуданд.
Дар қарори иҷлосия , ки баъди шунидани музокираи вакилон оид ин масъала қабул карда шуд, амалӣ намудани маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои ҳамаҷонибаи талаботи Стратегияи мазкур ва таъмини рушди сайёҳӣ ҳамчун соҳаи фоидаовар ва шуғлофар пешбинӣ шудааст.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия, ки дар ин бора вакили Маҷлиси шаҳрӣ, муовини раиси шаҳр Хусрав Дӯстбойзода гузориш дод, вакилон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021-2025” қарор ба тасвиб расониданд.
Ҳамчунин вакилон масъалаҳои дигари рӯзнома- оид ба ворид намудани тағйирот ба қисми даромаду хароҷоти буҷети маҳаллӣ, ҳисоботи вакилони маҷлиси шаҳрӣ, ташкил намудани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати ҳафтум, тасдиқи қарорҳои раиси шаҳрро баррасӣ намуда, дар ин бора қарор қабул намуданд.
Дар фарҷоми иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд суханронӣ намуд.
Вакилон дар бораи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони хаққи шаҳр, даъвати ҳафтум қарор ба тасвиб расониданд.

2025-06-13 16:19:45

ОҚИБАТИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАД

Дирӯз, баъди нисфирӯзӣ ба асари борони кӯтоҳмуддати пуршиддат ва омадани сел ба иншооти обёрӣ ва киштзорҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент зиёни ҷиддӣ ворид шуд.
Ин масъала ин субҳ бо иштироки раиси шаҳр Абдухолқ Холиқзода, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Холмаҳмад Раҷаббойзода дар ситоди ҳодатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр , ки дар Ҷамоати деҳоти Косатарош баргузор шуд, муҳокими гардид.
Зимни шунидани гузориши сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент гуфта шуд, ки ба асари боришот ва сел дар канали Халифа Ҳасан, ки тавассути он беш аз 3,5 ҳазор гектар заминҳои кишт ва дарахтони бисёрсола обёрӣ мешаванд, зери 20 метри соҳилро об канда, дар чанд мавзеъ маҷрои он бо қуму шағал банд гардида, сарбанд ва як қисмати канали Фарметан низ низ бо қуму шағал пур шуда, маҷрои об банд гардидааст.
Ҳамчунин сел ба таҷрибан 80 гектар кишти шолӣ, картошка, ҷувормакка ва дигар зироати хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсии ҳудуди ҷамоати деҳот зиён расонидааст.
Ба шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар шаҳр дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохтори марбута зиёни офати табиӣ дақиқ ба ҳисоб гирифта, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон бо ҷалби техникаю таҷҳизоти худӣ ва корхонаи муштараки “Зарафшон” дар кӯтоҳтарин фурсат маҷро ва сарбанди ин каналҳо тоза карда, ба он об баста шавад.
Ҳоло дар ин ду иншооти муҳими обёрӣ корҳои бартараф кардани оқибати офати табиӣ оғоз гардидааст.

2025-06-13 15:26:56

ҚАДРШИНОСИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

Дар Кохи Лоиқи шаҳри шаҳри Панҷакент маросими қадрдонии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор шуд.
Зимни сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ гуфта шуд, ки дар даври шаҳрии ин озмуни бонуфузи ҷумҳуриявӣ 115 нафар иштирок намуда, 66 нафар аз рӯи номинатсияҳои он ғолиб дониста, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Ба ғолибони даври шаҳрии озмун диплом, сипоснома ва мукофотҳои пулии таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд ва ба иштирокчиёни маросими қадршиносӣ ғолибони даври шаҳрии озмун барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешкаш намуданд.

2025-05-20 16:13:46

МАН БАЪДИ ҲАЗОР СОЛ МЕОЯМ БОЗ

Ман баъди ҳама завол меоям боз,
Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.
Аз баъди ҳазор сол ёдам бикунанд,
Аз баъди ҳазор сол меоям боз.
Ин ва дигар байтҳои Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва байналмилалии “Нилуфар”, устоди зинндаёд Лоиқ Шералӣ ин субҳ дар пояи муҷассамаи ӯ, саҳн ва саҳнаи Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент борҳо аз забони дӯстдорону мухлисони ашъори нобаш садо доданд.
Ин ҷо ба муносибати 84-умин зодрӯзи шоир маҳфили адабию фарҳангӣ бо иштироки доираи васеъи дӯстдорони каломи бадеъ ва ашъори ин шоири ширинкалом баргузор шуд.
Баъди маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи шоир дар толори Кохи Лоиқ паёми шодбошии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро ба ифтихори зодрӯзи шоир ба ҳозирин муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ қироат намуд ва писарбузурги устод Лоиқ Шералӣ Диловар барои бузургдошт ва арҷгузорӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ҳамдиёрон барои гиромидошти хотираи шоир изҳори сипос намуд.
Аз ҷумла, ёдрас шуд, ки ин кохи мӯҳташам, ки номи Лоиқро дорад ва муҷассамаи шоир бо иштироки Пешвои миллат ифтитоҳ шуда буд ва ҳамасола ба ифтихори зодрӯзи шоир ин ҷо маҳфили бузургдошт ва ёдкарди ӯ баргузор мешавад.
Дар идомаи маҳфил ҳозирин аз қироати ашъори шоир, ҳунарнамоии Ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ, Орзугул Хӯҷамова, овозхони ҷавон, дастпарвари Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон, шодравон Давлатманд Холов- Лоиқ Холов ва санъаткорони шаҳр, ки бар матни ашъори устод Лоиқ суруданд, лаззат бурданд.
Имсол низ ба ифтихори зодрӯзи шоир чун анъана дар муассисаҳои таълимии шаҳр озмуну маҳфилҳои Лоиқхонӣ баргузор шуданд.
Ҳамчунин ин бегоҳ дар саҳни муҷассамаи устод Лоиқ Шералӣ маҳфили шеъру суруд баргузор мешавад.

2025-05-15 14:16:41

КОРХОНАИ КОРКАРДИ ҚАЛЪАГӢ ВА МИС АЗ НАВ БА КОР АНДОХТА МЕШАВАД

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва мусоидати мақомоти марбутаи Ҷумҳурӣ баъди даҳ соли танаффус корхонаи муштараки “ Броадтек- Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед”, ки бо сармоягузории соҳибкорони чинӣ бунёд шуда буд, аз нав ба кор андохта мешавад.
Дар ин бора дар мулоқоти раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо директори корхонаи мазкур Гуо Чин Чин ва муовини ӯ Сун Ҷи Фенг иттилоъ дода шуд.
Зимни мулоқот гуфта шуд, ки корхонаи мазкур соли 2015 баъди бунёди коргоҳи истеҳсолӣ дар ҳудуди деҳаи Рукнободи Ҷамоати деҳоти Ворӯ ба истихроҷ ва коркарди маъдани қалъагӣ ва мис дар кони мавзеъи Мушистон шурӯъ намуда, баъди андаке бо сабабҳои гуногун аз фаъолият бозмонд ва ҳоло соҳибмулкони чинии он дар мувофиқа бо мақомоти марбутаи ҷумҳуриявӣ барои аз нав ба кор андохтани он омодагӣ мегиранд.
Дар сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ба кор омода намудани коргоҳи истеҳсолӣ, таъмиру таҷдиди роҳ, таъминот бо барқ, об, қабули кормандон ва дигар масъалаҳои омодагӣ ба оғози фаъолияти истеҳсолии корхонаро матраҳ намуданд.
Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти корхона ва мақомоти соҳавии ҷумҳурӣ барои ҳарчи зудтар ба кор андохтани корхона мусоидат менамояд.

2025-05-09 10:28:34

ТАҶЛИЛИ 80- СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Ба ифтихори 80-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар саҳни лавҳаи ёдгорӣ ба хотири шаҳидони ҷанг дар боғи Камоли Хуҷандии шаҳри Панҷакент бо иштироки доираи васеъи собиқадорони меҳнат, ҷомеаи меҳнатии корхонаю муассисаҳо, ҷавонон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Таҷлили ин санаи таърихӣ бо шиносоӣ бо аслиҳаи ҷангӣ ва гулгузорӣ ба пояи лавҳаи ёдгорӣ ва оташи абадӣ ба эҳтироми шаҳидони ҷанг оғоз шуда, ҳозирин ва сокинони шаҳрро аз номи муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, директори намояндагии КВД “ Хоҷагии манзилӣ- коммуналӣ” дар вилояти Суғд Баҳриддинхоҷа Нозимӣ ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати ҷашни Ғалаба муборакбод намуданд.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ба таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба ифтихори 80- солагии Ғалаба мардум ва Ҳукумати мамлакат ба ин хизмати таърихии фарзандони содиқу далери худ ҳамеша арҷ мегузоранд.
Зимнан,дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ 5885 нафар ҳамдиёрони диловари мо дар набардҳои хунин иштирок намуда, 2400 нафари онҳо ҷонашонро дар ҷабҳаҳо нисор кардаанд ва ҳоло дар шаҳри Панҷакент аз иштирокчиёни набардҳои хунини ҷанги ҷаҳонии дувум танҳо хотира ва номи нек боқӣ мондааст.
Дар фарҷоми таҷлили ҷашни 80- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аскарони қисми низомии Вазорати мудофиаи мамлакат мустақар дар шаҳри Панҷакент машқҳои ҳарбӣ нишон доданд.
Ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун баргузор карда шуданд.

2025-05-06 14:33:28

БОЗДИД АЗ ЧАРОГОҲ

Тибқи ҳисоботи оморӣ ҳоло дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва шахсии шаҳри Панҷакент наздик ба 222 ҳазор сар гӯсфанду буз нигоҳдорӣ ва парвариш карда мешавад.
Қисмати асосии моли майда фасли зимистонро дар минтақаҳои ҷануби кишвар паси сар намуда, баъди анҷоми маъракаи наслгирӣ, ҳоло ба чарогоҳҳои тобистона ронда мешавад. Маъракаи наслгирӣ асосан анҷом ёфта, дар маҷмӯъ аз ҳар сад сар моли майда наздик ба 70 сар барраю бузғола гирифта шудааст
Рамаи моли майдаи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Нишонов ва “Роҳи абрешим”-и Ҷамоати деҳоти Саразм бошад, зимистонро низ дар дашту кӯҳҳои ҳудуди шаҳр мегузаронад. Ин рамаро солҳои зиёдест, ки даҳмардаи авлодӣ ва варзида Фатҳулло Бобоев ва писаронаш Ашӯру Султон нигоҳубин менамоянд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз чарогоҳи мавеъи Чавлии Ҷамоати деҳоти Саразм боздид намуда, бо кору бори ин чорводорони собиқадор ва асил шинос шуд.
Гуфта шуд, ки дар рамаи онҳо беш аз 700 сар моли майдаи ин ду хоҷагӣ парвариш меёбад. Имсол низ онҳо гӯсфандонро аз зимистон фарбеҳу солим бароварда, аз ҳар сад сар 90 сарӣ насл гирифтанд,
Ҳоло рамаи онҳо дар чарогоҳҳои сералафи мавзеъи Палангсой нигоҳдорӣ шуда, баъди муддате ба чаррогоҳҳои тобистонаи Ҳафткӯл бурда мешавад.

2025-05-06 08:40:00

ПАНҶАКЕНТ: БОҒИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ БОЗСОЗӢ МЕШАВАД..

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки дар яке аз мазеъҳои зебоманзари шаҳр, дар соҳили дарёи Зарафшон воқеъ аст, аз ҷониби соҳибмулк, соҳибкори муваффақ Алишер Бозоров бо тарҳи комилан нав азнавсозӣ карда мешавад.
Тавре, зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода шарҳ дода шуд, айни замон корҳои ободонию азнавсозӣ бо тарҳи нав оғоз шуда, атрофи Кӯли ҷавонон, ки дар канори боғ воқеъ аст, роҳравҳо бо қуми маҳин пӯшида, барои истироҳат ва шиноварӣ омода карда шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.
Мутобиқи лоиҳаи ангоравӣ дар боғ бунёди манораи бузург тимсоли бурҷи Эйфели Порис, фаввораҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, қаҳвахонаю майдонҳои бозӣ, айвонҳои мунаққаш барои нишаст, амфитеатр, роҳравҳои чароғон, майдон, гулгаштҳо ва лавҳаи ёдгорӣ ба хотири иштирокчиёни ҷанги дуюми ҷаҳон бо тарҳи нав ва ғайра пешбинӣ шуда, онҳо батадриҷ сохта мешаванд.
Бо анҷоми ин ободкориҳо боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба минтақаи зебои фароғатӣ барои сокинону меҳмонон, сайёҳон ва баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ табдил хоҳад ёфт.

2025-05-05 14:51:42

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент
1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
2. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
3. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;
4. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ;
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
5. Сармутахассиси Раёсати кишоварзӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
6. Сармутахассиси бахши сохтмон ва меъморӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
7. Мутахассиси пешбари шуъбаи маориф – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1554,40 сомонӣ;
8. Мутахассиси Раёсати кишоварзӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ;
Ҷамоатҳои деҳот
9. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1902,40 сомонӣ;
10. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
11. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
12. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ– 1276,00 сомонӣ;
13. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1902,40 сомонӣ;
14. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1902,40 сомонӣ;
15. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
16. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
17. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Ворў – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
18. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ворӯ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
19. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Ворӯ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ
20. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
21. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
22. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
23. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ;
24. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
25. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
26. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
27. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
28. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1276,00 сомонӣ;
29. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
30. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
31. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
32. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Шинг - 1554,40 сомонӣ;
33. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Фароб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
34. Сармутахассис заминсози Ҷамоати деҳоти Косатарош – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
35. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Косатарош – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
36. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Косатарош – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ;
37. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Хурмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
38. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Хурмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
39. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Хурмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
40. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Суҷина – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
41. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
42. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Сӯҷина – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
43. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Чинор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
44. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Чинор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
45. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Чинор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
46. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Чинор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
47. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Ёрӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
48. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Ёрӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ;
49. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ;
50. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Моғиён – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1902,40 сомонӣ;
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири бахш:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер;
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис:
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер;
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер;
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– малакаи кор бо компютер;
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Панҷакент, хиёбони Рўдакӣ 122, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ошёнаи 2, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент, телефон барои маълумот: 5-53-52, 5-72-25, почтаи электронӣ mimhd_panjakent@mail;ru
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 21 рӯз пас аз нашри эълон;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
– эъломия оид вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
– маълумотнома аз ҷои зист.

2025-04-22 08:57:38

ДАСТХАТҲОИ ҚАЛЪАИ КӮҲИ МУҒ БА РӮЙХАТИ “ ҲОФИЗАИ ҶАҲОНӢ”-И ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

Дастхатҳои Қалъаи Муғ, ки ба шарофати бозёфти он дар соли 1932 ба саҳифаҳои таърихи водии Зарафшон, охирин шоҳи Панҷакенти давраи истилои арабҳо- Деваштич, кашфиёт ва таҳқиқи минбаъдаи ёдгориҳои асрмиёнагии барвақтии водӣ , шаҳрдориву хоҷагидорӣ, расму русуми оиладорӣ, савдои дохилӣ, вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, барқарор намудани таърихи сиёсии Осиёи Марказии он давра ибтидо гузошт, дар қатори 74 чунин дастхату ҳуҷҷатҳои нодири ҷаҳон ба Рӯйхати “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и созмони ЮНЕСКО шомил гардид.
Зимнан, тавре шарқшиноси рус, яке аз муҳаққиқони матнҳои суғдӣ Олга Ивановна Смирнова навиштааст, бори аввал номи Панҷакент дар дастхатҳои суғдии аз Кӯҳи Муғ ёфтшуда, ки мутааллиқи чоряки аввали асри 8 ҳастанд, сабт шудааст ва он ибтидои кашф ва таҳқиқи шаҳри Панҷакенти қадим гардид.
Дастхатҳои Қалъаи Муғ бо пешниҳоди Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи Осиёи Марказӣ ва Маркази ҷаҳонии мероси хатӣ, ки аз ниҳодҳои созмони ЮНЕСКО ҳастанд , ба ин рӯйхат шомил карда шудааст.
Дар ин бораи сомонаи ЮНЕСКО 17 апрели соли 2025 хабар интишор намудааст.

2025-04-16 17:43:31

ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ҲАФТКӮЛ

Бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи марҳалаи дуюми татбиқи лоиҳаи “Идоракунии ҳамгирои захираҳои табиӣ дар водии Зарафшон барои рушди одилона ва устувор”(INVEST) бо мақсади иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва “Барномаи давлатии кабудизоркунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” дар шафати кӯли ҳафтуми Ҳафткӯл- Ҳазорчашма, бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, роҳбарияту масъулони Лоиҳаи мазкур ва кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳр ва ихтиёриён ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор шуд.
Дар ин рӯз ҳашарчиён дар майдони беш аз даҳ гектар 3900 бех ниҳолҳои дарахтони себ, зардолу, чормағз, ки ба иқлими баландкӯҳ мутобиқанд, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва зери назари мутахассисон шинониданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар марҳилаи дуюми бунёди боғи кӯҳӣ атрофи он панҷарабандӣ шуда, аз ҳоло нашъунамо ва ҳифзи он зери назорат гирифта шудааст.
Зимнан, Ҳафткӯл бо кӯлҳои зебо ва табиати фусункораш кайҳост мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳон ва дӯстдорони табиат аз дохил ва хориҷи мамлакат қарор гирифтааст. Имрӯзҳо низ ҳарчанд ҳаво дар ин минтақа ҳанӯз гарм нест, ҳамарӯза даҳҳо нафар сайёҳон аз тамошои манзараҳои афсонавии он лаззат мебаранд, аз ҳавои тоза нафас мекашанд. Бо оғози масими сайёҳӣ шумораи сайёҳон бамаротиб меафзояд ва онҳоро дар пойгоҳи сайёҳии “Ҳафткӯл”, дигар пойгоҳҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаю истироҳатгоҳҳои сарироҳӣ,ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ташкил шудаанд, пазироӣ менамоянд.
Баъди муддате сайёҳону меҳмонон аз тамошо ва меваҳои ин боғи навбунёди баландкӯҳ лаззат мебаранд ва он зебогиҳои ин мавъеъи сайёҳиро меафзояд.