Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Хабарҳо

2024-12-04 11:48:55

ПАНҶАКЕНТ: БА АМРИ ВАТАН СОДИҚЕМ

Дирӯз субҳи барвақт ҳазорон нафар мардони синну соли гуногун, садҳо адад техникаҳои мухталиф ҷониби майдони фурудгоҳи шаҳри Панҷакент раҳсипор шуданд. Ин ҷо дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи Вазорати мудофиаи мамлакат ҷиҳати муайян намудани сатҳи омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарии шаҳри Панҷакент чорабинӣ баргузор шуд.
Муовини якуми Вазири мудофиа, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- лейтенант Эмомалӣ Собирзода ва ҳайати ҳамроҳонаш, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз сафҳои иштирокчиёни машқи мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ, техникаи сершумори мусофиркашону боркаш, гурӯҳи аспсаворон, ки дар майдони парвози фурудгоҳ бо тартибу низоми ҳарбӣ ороста шуда буд, дидан намуда, бо онҳо сӯҳбат анҷом доданд.
Баъди шунидани гузориши комиссари ҳарбии шаҳр оид ба омодагии иштирокчиёни машқи мудофиаи ҳудудӣ ва захираи сафарбарӣ муовини якуми Вазири мудофиа, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- лейтенант Эмомалӣ Собирзода зимни шарҳи вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон баргузории ин машқро дар амри таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар, омодагии захираҳои сафарбарӣ барои ҳифзи сулҳу субот ва рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, барои дар қатори аввалинҳо дар мамлакат ба иҷро расонидани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ба ҳамаи масъулони маъракаи даъват, хоса падару модарони наваскарон, сипос изҳор намуд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар муддати кӯтоҳ, дар вақти муайяншуда саф оростани иштирокчиёни машқи мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ аз ҳама гӯшаю канори шаҳру деҳот, дар рӯзи аввал ба иҷро расонидани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбиро далели муътамади ҷонибдории самимиии сокинон аз сиёсати Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон карда, аз ҷумла таъкид карда шуд, ки ҳифзи марзу буми муқаддаси Ватан, фазои сулҳу суботи кишвар барои ҷавонон ва ҳама сокинони Панҷакент вазифаи муқаддас маҳсуб мешавад ва онро минбаъд низ бо камоли масъулияти баланди ватандорӣ ба ҷо меоранд.
Иштирокчиёни машқи мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ бо сар додани шиорҳои ватандӯстонаи “Шараф ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон!” ва “Тоҷикистон, ба пеш!” бори дигар садоқаташонро ба амри Ватан, ҳифзи марзу буми муқаддаси он, дастовардҳои даврони истиқлол изҳор намуданд.

2024-11-26 17:08:39

ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРО МАСЪАЛАИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ БАРРАСӢ ШУД

Дар ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Панҷакент, ки таҳти раёсати раиси Шӯро, прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи як Искандар Раҳматзода бо иштироки аъзоёни Шӯро, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва дигар фаъолон баргузор шуд, рафти иҷрои қонунгузорӣ оид ба муқовимат бо коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Оид ба ин масъала муовини прокурори шаҳр Фирдавс Иброҳимзода, сардори шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон Нодирхон Акмалзода гузориш ироа намуда, муовини якуми раиси шаҳр Муҳаммадсодир Сафарзода ва сардори раёсати молияи шаҳр Ҷаҳон Мирзоҳафизиён дар бораи чораҳое, ки дар ин самт андешида шуданд, сухан карданд.
Дар ҷаласа зимни баррасии масъалаи рӯзнома натиҷаи санҷишҳои мақомоти марбута оид ба ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта дар соҳаҳои маориф, истифодаи замин, сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои деҳот, соҳаҳои барқ, обёрӣ ва беҳдошти замин, дигар соҳаҳо бо мисолҳои мушаххас матраҳ шуда, роҳбарону муҳосиботи корхонаю муассисаҳо, мақомоти молия, ҷамоатҳои деҳот, дигар соҳаҳо, кормандони васоити ахбори омма даъват шуданд, ки дар мубориза ва муқовимат бо коррупсия, пешгирии амалҳои хусусияти корруписонидошта, иҷрои муқарароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон , “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷиҳати коҳиш додани ин зуҳуроти зиёновар ба ҷомеа ва давлат мусоидати фаъолона намоянд.
Дар ҷаласаи Шӯро ба саволу пешнишодҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш дода шуд.

2024-11-15 13:53:39

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо роҳпаймоии сокинон бо аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шиору овезаҳое, ки садоқат ва ҷонибдориашонро аз сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар ифода менамуд, оғоз ёфт.
Дар Кохи фарҳанги шаҳр маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки собиқадорон, фаъолон ва ҷавонон баргузор шуд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят Илҳом Пӯлодзода паёми табрикии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирин ироа намуд. Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ҳамдиёронро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.
Дар паёмҳои шодбошӣ, аз ҷумла, аз нақши носутудании Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими низоми давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, татбиқи лоиҳаҳои азим дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика, саноат, рушди маориф, тандурустӣ, фарҳанг, забон, таърихи пурғановати миллат, арҷгузорӣ ба фарзандони бузурги он сухан рафта, таъкид шуд, ки ба шарофати пешниҳодҳои Пешвои миллати мо Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати ташаббускор ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалии сайёра шинохта шудааст.
Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ ба ҳозирин наворҳо аз кору пайкори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дода, барномаи ҷолиби ҳунарӣ, ки тараннумгари нақш ва ҷойгоҳи ин фарзанди фарзонаи миллат дар таърихи навини кишвар аст, манзур карда шуд.
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷомеаҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимии шаҳр ҳамоишу ҷамъомадҳо баргузор шуданд.

2024-11-14 13:17:36

ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад

ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти мудирияти муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷӣ ба дастовардҳои беназир ноил шуд, яъне мамлакати мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба давлати калидӣ ва таъсиргузори низоми муносибатҳои байналмилалӣ мубаддал гардид.
Чунин иброз намудааст директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдарзода дар мақолааш бахшида ба Рӯзи Президент, ки ба АМИТ «Ховар» ворид гардидааст.

Матни пурраи мақола дар зер оварда мешавад.

-Сиёсати дилхоҳ давлати муосир дар асоси назардошти неруи сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва фарҳангӣ сохта мешавад. Дар навбати худ дар татбиқи сиёсати хориҷии ин ё он давлат чунин омилҳо, ба мисли мавқеи геополитикӣ ва геостратегӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, зарфияти геоиқтисодӣ ва геофарҳангии он нақши бориз доранд. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки принсипҳои асосиашро андешаҳои фалсафӣ-сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил медиҳанд, бо назардошти омилҳои гуфташуда бунёд гардидааст. Тоҷикистон дар натиҷаи татбиқи сиёсати хориҷии бисёрсамта муносибати дӯстонаро бо 192 давлати дунё, ки соҳибистиқлолии моро шинохтанд, ба роҳ монда, бо зиёда аз 180 мамлакати ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор намудааст, ки натиҷаи сиёсати муваффақи хориҷии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Роҳбари давлат сиёсати хориҷии мамлакатро бо назардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон, таҷрибаи давлатдорӣ ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик, таҷрибаи давлатдории кишварҳои муваффақи дунё, тамоюлҳои муосир дар фазои геополитикӣ ва геоиқтисодиву геофарҳангии ҷаҳон хеле дурандешона ва дурбинона амалӣ менамояд. Албатта, дар ин қарина ҳар минтақа ва ҳар давлати дунё таҷрибаи сиёсӣ, тамоюли иҷтимоӣ ва арзишҳои фарҳангии хос дорад, ки дар раванди иртиботи хориҷии байнидавлатӣ ба инобат гирифта мешавад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии давлатамонро, пеш аз ҳама, аз сохтани фазои дӯстона ва равобити мутақобили судманд бо ҳамсоякишварҳо бо назардошти мавқеи геостратегии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд.

Геостратегияи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ аз ҳифзи манфиатҳои геополитикии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон бо назардошти мавқеи ҷуғрофии мамлакати мо иборат аст. Дар навбати худ манфиатҳои геополитикии Тоҷикистон аз ҳадафҳо ва вазифаҳое иборатанд, ки давлати мо дар дурнамои дуру наздик барои худ бобати амалисозии манфиатҳои миллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ муқаррар намудааст. Албатта, ҳангоми иҷрои вазифаҳои гузошта геостратегияи дилхоҳ давлат вобаста ба тағйирёбии вазъият дар ҷаҳон дар ҳолати таҳаввулот қарор мегирад. Аз ин рӯ, геостратегияи давлатро ҳам бо назардошти ҳолати кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам дар қаринаи таърихи рушди давлатдории миллӣ бояд амалӣ намуд. Таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало исбот мекунад, ки танҳо тавассути иртибот бо қаринаи таърихӣ метавон геостратегияи давлатро ҳамчун падидаи маҷмуӣ татбиқ намуд. Маҳз мавқеи ҷуғрофии давлат стратегияи онро дар самтҳои гуногун ва дар қаринаи сиёсати хориҷиаш дар арсаи ҷаҳонӣ муқаррар менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 иброз намуда буданд, ки «мизони асосии усули «дарҳои кушода», ки мо дар сиёсати хориҷии худ пеш гирифтаем, амалӣ кардан ва пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ буда, дар сиёсати хориҷӣ ба хотири рушди минбаъдаи муносибатҳо бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон омодаи ҳамкорӣ мебошад. Мамлакати мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад».

Дар ҳақиқат дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии роҳбарияти давлат Тоҷикистон ба мамлакати амн ва босубот табдил гардидаст. Мо мутмаинем, ки ин фазои сулҳу оромӣ дар ҷумҳурии мо дар заминаи расидан ба Ваҳдати миллӣ ва иттиҳод дар атрофи Пешвои миллат имконпазир гардидааст. Тоҷикистон дар натиҷаи татбиқи барномаҳо ва бузурглоиҳа дар қаринаи ҳадафҳои миллии стратегӣ аз таъсири равандҳои манфии глобалӣ — ба мисли буҳрони амиқ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ, рақобати шадиди геополитикӣ ва геоиқтисодии абарқудратҳо як навъ маснуияти сиёсӣ ва иқтисодӣ пайдо намудааст. Албатта, ин падидаи манфии номбаршудаи ҷаҳонӣ ба равандҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии давлатҳои минтақаи мо низ бетаъсир нахоҳад монд. Дар ин росто Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 барҳақ изҳор доштанд, ки «вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии мамлакат тадбирҳои иловагӣ андешем».

Дар ҳақиқат вазъи геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳон рӯз ба рӯз мураккабтар мешавад ва он ба дилхоҳ кишвари дунё таъсир хоҳад кард. Аммо дар ҳолати мавҷудияти як Сарвари оқил ва дурандеши миллӣ ҳар давлат метавонад худро аз таъсири манфии тамоюлҳои глобалӣ ҳифз намояд. Хушбахтона, Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо нақшофарони ҷаҳонӣ, ба мисли Чин, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Федератсияи Русия ва ҳам қудратҳои минтақавӣ, аз қабили Ҳиндустон, Эрон, Арабистони Саудӣ, Покистон ва Туркия муносибати дуҷонибаи мутақобили судмандро дар асоси назардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба роҳ монад.

Дар ин радиф, албатта, хизмати Пешвои миллат дар эъмору таҳкими муносибатҳои стратегии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин вижагиҳои худро дошта, хеле назаррас аст. Ин кишвар имрӯз ба дуюмин иқтисоди ҷаҳон мубаддал гардида, соҳиби ғоя/лоиҳаи универсалии ҳамгироии глобалӣ — «Як камарбанд — як роҳ» мебошад.

Чин соли 2013 бузурглоиҳаи «Як камарбанд – як роҳ»-ро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Консепсияи «Як камарбанд – як роҳ» ҳамчун ташаббуси байналмилалии Чин барои беҳбуд бахшидан ва эҷоди роҳҳои нави тиҷорат, нақлиёт, инчунин долонҳои иқтисодии кишварҳои Осиё, Аврупо ва Африқо, рушди муносибатҳои тиҷоратии байни кишварҳои Авруосиё равон шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 апрели соли 2019 дар Чин дар Анҷумани дуюми байналмилалии «Як камарбанд – як роҳ» оид ба ҳамкории байналмилалӣ чунин иброз доштанд: «Бо назардошти воқеияти нави ҷаҳонӣ ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» саривақтӣ ва серталаб аст, зеро он манфиатҳои иқтисодии бисёр кишварҳоро инъикос ва муттаҳид мекунад. Дар ниҳоят, ҳадафи асосии ин ташаббус ҳавасмандгардонии рушд ва шукуфоии умумӣ дар асоси принсипҳои муштараки бартариҳои ҳар ҷониб ба манфиати умумии ҳамаи давлатҳои воқеъ дар роҳи абрешим мебошад».

Тоҷикистон бо назардошти геостратегияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин вобаста ба он, ки дар яке аз чорроҳаҳои калидии Авруосиё воқеъ аст, метавонад пули пайвасткунандаи Чин ва кишварҳои дигари ҳамсояи минтақа бошад. Ҷониби Тоҷикистон мутмаин аст, ки ин бузурглоиҳаи Чин ба бунёди долони нақлиётӣ, энергетикӣ ва тиҷоратӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва ба таври васеъ барои амиқтар кардани ҳамкории иқтисодии даҳҳо давлати Авруосиё ва густариши ҳамкории илмию техникӣ байни онҳо равона шудааст.

Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки хизмати Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори Созмони ҳамкории Шанхай хеле назаррас аст. Дар ин замина ибтикори Роҳбари давлат дар мавриди табдили «Панҷгонаи Шанхай» ба Созмони ҳамкории Шанхайро таъкид кардан муҳим аст. 5 июли соли 2000 дар Душанбе, дар ҷаласаи сарони Панҷгонаи Шанхай Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи раисӣ ба нақши ин созмон баҳои баланд дода, идеяи табдили Панҷгонаи Шанхайро ба платформаи минтақавии бисёрфунксионалии ҳамкории байналмилалӣ — Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод карданд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Сарвари сиёсии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда ва бонуфузи глобалӣ буда, на танҳо дар муайян кардани рӯзномаи сиёсати байналмилалӣ, балки барои ҳалли масъалаҳои доғи глобалӣ қодир ҳастанд. Сарвари маҳбуби мо бо назардошти он ки ҷаҳон ба минбарҳо ва ғояҳои нави байналмилалӣ барои муколама ниёз дорад, дар таҳким ва рушди ояндаи Созмон саҳми арзанда гузоштаанд. Ба андешаи мо, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) имрӯз маҳз ба чунин минбари муколамаи сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар ин амал албатта, саҳми Тоҷикистон низ ҳаст. Ин созмон, ки аз ҷумла бо саъю кӯшиш ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Авруосиё таъсис ёфта, дар муддати кӯтоҳи таърихӣ мушкилоти муайяни минтақаро ҳал намудааст, имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътибор ва нуфуз пайдо намудааст. Аз ин рӯ, бо итминон метавон гуфт, ки имрӯз Созмони ҳамкории Шанхай аз созмони минтақавӣ ба сохтори байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аммо вазъи мураккаби имрӯзаи ҷаҳон тақозо мекунад, ки созмонҳо ё сохторҳои нисбатан ҷавони байналмилалӣ, аз қабили Созмони ҳамкории Шанхай ва BRICS+ ба ҳам пайваста, сохтори нави байналмилалии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ ба вуҷуд оваранд. Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии дурандешонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои ҳамкорӣ бо BRICS (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) таваҷҷуҳ дорад ва ин тамоюл ба авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон табдил меёбад

Ба андешаи мо, BRICS+ аз минбари муколама ва машваратӣ бо мусоидати аъзои он солҳои наздик бояд ба субъекти мукаммали қабули қарорҳои ҷаҳонӣ табдил ёбад. Ҳамчунин зарур аст, ки бо иштироки фаъолонаи Тоҷикистон раванди ҳамгироӣ ва ба ҳам мутобиқсозии Созмони ҳамкории Шанхай ва BRICS + доир шавад ва шаклбандии нави низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар самти мубодила ва интиқоли сармоя, мол ва технология ба анҷом расад. Созмони ҳамкории Шанхай ва BRICS + бо пуштибонии кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон ҳоло метавонад ба ин раванд шуруъ кунад.

Пешвои миллат ҳамчун Сафири башардӯсти сатҳи олӣ ба илми муносибатҳои байналмилалӣ мафҳуми нав – «дипломатияи об»-ро ворид намудаанд, ки дар он тамоми ташаббус ва ғояҳои минбаъда оид ба истифодаи захираҳои об дар ҷаҳон гирд оварда шудаанд. Кулли ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз қабили Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар рушди соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Имрӯз маҳз Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сарварии сиёсӣ ва ҳамзамон масъулияти худро дилпурона нишон дода, барои муттаҳидсозии минбаъдаи саъю кӯшиши тамоми ҷонибҳои манфиатдор, бахусус пешвоёни сиёсии ҷаҳонӣ дар қабул ва татбиқи тадбирҳо барои таъмини идоракунӣ ва истифодаи устувори захираҳои об шароит фароҳам меорад. Гурӯҳи байналмилалии дӯстони об, ки бо ибтикори Тоҷикистон таъсис ёфтааст, имрӯз ҳудуди 50 кишвари аъзоро муттаҳид намуда, дар баррасии мушкилоти об ва қабули қарорҳои дахлдор дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ саҳми мусбат мегузорад. Ба шарофати хизматҳои хоси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯз худро ҳамчун нақшофари муҳимми ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ муаррифӣ мекунад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақсими одилонаи захираҳои об ба тамоми ҳамсоягони худ саҳм гузоштааст, зеро зиёда аз 60%-и захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди мамлакати мо ҷамъоварӣ мегардад. Тоҷикистон масъулияти глобалии худро барои сарнавишти минтақаи Осиёи Марказӣ ҳис карда, ҳамзамон Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал ва ду комиссияи онро таъсис дод, ки барои баррасии муҳимтарин масъалаҳои оби фаромарзӣ дар минтақа замина фароҳам меоранд.

Бар асоси ин ақидаҳо бо масъулияти баланд изҳор менамоем, ки ташаббусҳои пешниҳодкардаи Сарвари давлатамон оид ба об ва дастгирии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ на танҳо обрӯйи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, балки Тоҷикистонро низ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ боло бурдаанд. Ин иқдом ба ҳамкории минбаъда ва татбиқи дипломатияи об дар ҷаҳон таъсири мусбат мерасонад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Пешвои сиёсии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда ва бонуфузи глобалӣ буда, на танҳо дар муайян кардани рӯзномаи сиёсати байналмилалӣ, балки барои ҳалли масъалаҳои доғи глобалӣ қодир ҳастанд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, ки соли 2017 ба давлати мо сафар карда буд, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дод.

Моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-ум Қатъномаи «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро», ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузоштааст, якдилона қабул кард. Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 153 кишвари аъзои ин созмон дастгирӣ карданд. Қабули чунин қатъномаи муҳим ва муфид барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ мояи ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон гардид.

Бар асоси ин қатънома 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, ҳамчунин тасмим дар Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таъсиси Хазинаи байналмилалии мақсаднок барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳо ва баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид. Ин иқдоми Пешвои миллат воқеан ҳам барои инсоният ва сайёраи мо аҳамияти бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиату захираҳои об, ҳаёти инсоният дар маҷмуъ дар сайёраи мо нигаронида шудааст. Захираҳои маҳдуди об дар ҳавзаҳои дарё рақобатро байни кишварҳо боз ҳам шадидтар мекунанд. Дар ин шароит зиддияте, ки бо нарасидани об алоқаманд аст, байналхалқӣ мегардад ва оқибатҳои эҳтимолии муборизаи байни давлатҳоро дар ин ҳолат пешгӯӣ кардан хеле душвор аст.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати муосири идоракунии манбаҳои об ва роҳу усулҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи ҳалли мушкилоти марбут ба истифодаи об ниёз дорад. Ҳоло омӯзиши амиқи масъалаҳои ҳалли мушкилоти об, сиёсати одилонаи марбут ба манбаҳои об дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дарки нақш ва таъсири он ба равандҳои муосири геополитикии минтақа хеле мубрам ва муҳим аст.

Ҳадаф аз ибрози ин нуктаҳо, пеш аз ҳама, равшанӣ андохтан ба мазмуну моҳияти ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об, истифодаи самаранок ва оқилонаи он мебошад, ки ба назари мо, ба ҳалли яке аз мушкилоти асосии башарият, яъне раҳо шудан аз буҳрони об нигаронида шудааст.

Соли 2024 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари сулҳофар боз як ташаббуси нави глобалиро ба самъи ҷаҳониён расониданд. Ташаббуси шашуми глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бо Қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 садо дод.

Ҳамин тариқ, бо итминони комил таъкид менамоем, ки геостратегия ва геополитикаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ, аз як тараф ба ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва таҳкими мавқеи байналмилалии мамлакати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардида, аз тарафи дигар, ба ҳалли мушкилоти масоили глобалии олам тамаркуз мекунад. Аз ин ҷо аст, ки Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати ташаббускор ва саҳмгузор дар таъмини амнияти Авруосиё эътироф шудааст. Минбаъд низ мардуми тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва ҳалли масоили доғи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ саҳм мегузорад.

2024-11-13 15:48:17

ПАНҶАКЕНТ. ВАҚТЕ ДАСТУ ДИЛИ МАРДУМ ГАРМ АСТ...

·           Панҷакент  аз ҷумлаи он шаҳрҳои кишвар мебошад, ки, ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи сартосарии кишвар, ҳар лаҳза   чеҳраи худро ҳамчун шаҳри муосиру  замонавӣ ва ҷолиб бо сохти меъморӣ тағйир медиҳад.  Имрӯз сафар кардан ба  Панҷакент тавассути роҳҳои ҳамвору ҷавобгӯй ба талаботи замон мумфаршшуда ба кас фараҳ мебахшад.
        Воқеан, ҳоло дар тамоми ҳуҳуди кишвар авҷи сохтмон ба мушоҳида мерасад ва дар ин радиф роҳсозӣ низ мақоми махсус пайдо кардааст. Хусусан, соли равон роҳсозон ҷиҳати иҷрои рисолати хеш ба дастовардҳои шоёни таҳсин ноил мешаванд. Ҳоло на танҳо роҳҳои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявидошта, балки роҳҳои даруни рустову байни маҳаллаҳо пурра навсозиву таъмир ва ба гаштугузори пиёдагардону нақлиёт басо мувофиқ мешаванд. 
        Муҳаммадраҳим Пиров, сардори идораи роҳсозии Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Панҷакент, зимни суҳбат гуфт, ки таъмиру навсозии иншооти дорои аҳамияти гуногуни иқтисодидошта дар Панҷакенти бостонӣ  дар авҷ аст. Соли равон дар ҳамаи деҳоти шаҳри Панҷакент зиёда аз 16 километр роҳ ҷавобгӯй ба талаботи замон мумфарш шуд ва ин раванд рӯз ба рӯз миёни мардум вусъати тоза касб мекунад.
        – Мардуми ма
ҳал дарк кардаанд, ки роҳҳои таъмиршуда ба кас  табъи болида ва  ба деҳаҳо ҳусни нав зам мекунанд, аз ин рӯ, ба ободонии диёр камари ҳиммат бастаанд. Дур нест он солҳо, ки ҳама роҳҳои пиёдагарду мошингарди мо низ чун дигар кишварҳои пешрафта ободу зеботар мегарданд, – бо қаноатмандӣ мегӯяд Муҳаммадраҳим Пиров.
        Дар самти бунёди иншоот: корхонаву биноҳои маъмурӣ, манзилҳои истиқоматӣ низ имрӯз Панҷакент аз дигар мавзеъҳои кишвар ақиб нест. Хусусан, ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Панҷакент зиёда аз 1000 иншооти гуногуни хурду калони истеҳсоливу иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва хизматрасонӣ бунёд хоҳанд шуд.       Тибқи нақшаву чорабиниҳои тарҳрезишуда, то моҳи октябри соли равон дар ҳудуди Панҷакент сохтмони 84 иншоот ба нақша  гирифта шуда буд, ки қисми зиёди онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бо ширкати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода биноҳои истиқоматии нуҳошёна бо тарабхона, маркази дандонпизишкию дигар намуди хизматрасонӣ дар хиёбони Рӯдакӣ ба истифода дода шуданд, ки симои шаҳрро куллан тағйир дод. Ҳамзамон, дар ин фосилаи вақт бинои беморхонаи минтақавӣ тариқи ҳашар дар деҳаи Чорбоғи деҳоти Косатарош,  пули калони мошингард бо иқтидори борбардории 60 тонна дар мавзеи Дуобаи деҳоти Суҷина, бинои 7-ошёна бо марказҳои савдою хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дар кӯчаи Навободи шаҳр,   майдончаи варзиш дар деҳаи Некнот, кӯпруки замонавӣ бо иқтидори борбардории 60 тонна дар мавзеи Дуобаи деҳаи Шинг ва дигар иншоот  ба истифода дода шуданд. Айни замон сохтмони беморхонаи минтақавии деҳаи Ғӯсар ва мактаб барои 320 хонанда дар деҳаи Боғчаи деҳоти Шинг босуръат идома дорад. 
        Тибқи иттилои  мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Панҷакент Раҳматулло Ҷумъаев, аз тарафи соҳибкорони бонангу номуси шаҳр ва ширкатҳои алоҳида сохтмони зиёда аз 35 бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои  савдо ва хизматрасонӣ  идома дорад, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд.
 
                                                               
Ҷовиди АШТӢ,  ”Ҷумҳурият”

                                                           Санаи нашр: 07.11.2024 №: 223

 

2024-11-11 09:28:09

БУНЁДИ ТОКЗОРИ ХАВОЗАВӢ

Таҷрибаи токпарварони собиқадори бисёр манотиқи мамлакат, аз ҷумла шаҳри Турсунзода, собит намудааст, ки аз токзори бо усули нави хавозавӣ бунёдшуда нисбат ба усули маъмулӣ ба маротиб ҳосили зиёди хушсифат гирифтан мумкин аст.
Дар заминҳои канории деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва кӯмаки шарикони рушд тавассути пойгоҳи нави обкашӣ ва хати 5 километрӣ оби полезӣ бароварда шуд, аз ҳамин таҷриба кор мегиранд.
Ҳоло дар 18 гектари ин заминҳо барои бунёди токзори хавозавӣ корҳои тахту ҳамвор, шудгоркунии заминҳо, шинонидану насби пояҳои оҳану бетонӣ, хавозаҳои симӣ, кандани ҷӯйбор ва дигар корҳои омодагӣ идома дорад.
Ба ин корҳо ба кишоварзони деҳаи Ғӯсар мутахассисони собиқадор аз шаҳри Турсунзода маслиҳат медиҳанд ва ҳашарчиён аз ҷамоатҳои деҳоти шаҳр кӯмак мерасонанд.
Мутахассисон ва токпарварони собиқадор барои тибқи қоидаҳои агротехникӣ ва таҷрибаи мавҷудаи токпарварони мамлакат идома додани корҳо маслиҳат медиҳанд.
Зимнан, ин сеюмин қитъаи токзори хавозавӣ дар Панҷакент буда, дар хоҷагии деҳқонии “Бозор Зиё”-и Ҷамоати деҳоти Сӯҷина, ки дар даҳ ҳисса чунин токзор бунёд шудааст, аз он ҳамасола ҳосили фаровон мегиранд.

2024-11-05 12:21:17

КОНСТИТУТСИЯ – РОҲНАМОИ ИСТИҚЛОЛ ВА РУШД

Дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо иштироки доираи васеъи фаъолон, собиқадорон, афсарону сарбозон, ҷавонон 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.
Ҷамъомади тантанавӣ бо ба саҳна ворид намудани Парчами давлатӣ ва тараннуми Суруди миллӣ оғоз шуда, ба ҳозирин матни сухани табрикии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси кумитаи идораи замини вилоят Толиб Толибзода ироа намуда, ҳамдиёронро бо ин санаи мубораки таърихи навини кишвар раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода муборакбод кард.
Зимни табрикот, аз ҷумла гуфта шуд, ки ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таҳия ва қабули ин санади олии ҳуқуқии кишварро аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ роҳнамоӣ мекарданд, ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид.
Ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида,низоми давлатдорӣ барқарор шуда,таҳким ёфта, барои ҳифзи истиқлол, таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини сулҳу салоҳ, мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа, шомил шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва сулҳофар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта шуд.
Тӯли 30 – соли баъди қабули Конститутсия Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ, таҳкими низоми давлатдорӣ, сулҳу салоҳ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар корҳои бузурге анҷом дода, ҳоло дар ҳама манотиқи кишвар, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 35- солагии истиқлоли давлатӣ бо маром идома дорад.
Ҷамъомади тантанавӣ бо манзури барномаи рангини ҳунарӣ, ки тараннумгари Ватан, ободкорию созандагӣ ва сулҳу субот буд, хотима ёфт.

2024-10-26 11:02:26

ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

Хонандаи синфи 11-и муассисаи давлатии литсейи № 1 Муҳаммадҷон Қосимов дар байни 9 нафар, ки аз муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” иштирок менамоянд, аз номинатсияи физика нахустин ҷоизаро ба даст оварда, сазовори ҷойи аввал гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастӣ ва бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад.
Тибқи Низомномаи озмун барои ғолибият дар даври ҷумҳуриявии озмун ба иштирокчиён 35, 25 ва 15 ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шуда, ҳамчунин омӯзгорони онҳо бо мукофот ва унвони “ Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, волидонашон бо нишони “Маърифатпарвар” ва Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Зимнан, дар даврии шаҳрии ин озмун 1336, вилоятии он 56 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, 9 нафар ба даври ниҳоии он роҳхат гирифта буданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ин ғолибиятро ба Муҳаммадҷон, омӯзгорон ва волидонаи ӯ муборакбод намуда, ба дигар иштирокчиёни даври ниҳоии ин озмуни бонуфуз, ки ҳоло идома дорад, барор орзу мекунад.

2024-10-26 08:02:32

ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА ОЯНДАБИНИИ МИЛЛӢ

Мардуми форсу тоҷик тайи таърихи тӯлонӣ тавассути таҳоҷуму истеъмори аҷнабӣ, зулму истибдоди дохилӣ, саҳлангории давлатмардону ҳукуматдорон, бехабарию ноогоҳӣ аз вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва динию дунявии замон, нашнохтани ҳадафу мақсадҳои идеологии бегонагон ва билохира рӯйкард ба ҷаҳл, хурофот ва таассуб ранҷу азоби зиёд кашида, ҷисман ва рӯҳан хаста шудааст.

          Албатта, ба шарофати истиқлолият дар марҳилаи навини таърихӣ мардуми тоҷик масири зиндагиро тағйир дода, рӯ ба таҷаддуди фикрию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ниҳода истодаанд, вале ҳоло ҳам ҷомеаи тоҷикӣ аз бандубори хурофоту ҷаҳолат ва таассуби даҳшатовар куллан наҷот наёфта, тадриҷан раванди ташаннуҷи таассубпарастӣ ва ҷаҳолатхоҳии оммавӣ дар Тоҷикистони кунунӣ, мутаассифона, тақвият ёфта, тадовум пайдо карда истодааст.

            Ҳадаф инҷост, ки ҷаҳолат, хурофот ва таассуб ҳамеша ифротгаройиро тавлид карда, василаю абзори муҳими тадовуми беназмию бетартибӣ, бадахлоқию бадандешӣ, кинаю адоват, нафрату бадбинӣ дар ҷомеа гардида, роҳи тараққиёту таҳаввулоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, фарҳангиро ба таври куллӣ барбаста, мардумро дар тангнои фикрию сиёсӣ қарор дода, ҷониби хирадзудоию варшикастагӣ равона месозад. Агар муруре кӯтоҳ ба таърихи ҷавомеи мусулмон дошта бошем, ба осонӣ дармеёбем, ки аксаран, дар вартаи ҷаҳлу ҷаҳолат қарор доштаанд. Ба унвони намуна метавон гуфтаи сайёҳи франсавӣ Волнейро овард, ки дар садаи ҳаждаҳуми мелодӣ аз Миср дидан намуда, таассуроташро бад-ин тарз ироа доштааст: «Ҷаҳл дар ин шаҳрҳо ому шоеъ аст. Ин шаҳрҳо монанди ғолиби билоди Усмонӣ (Туркия) аст, ки ҷаҳл дар миёни ҳамаи табақоти онҳо русухи комил дорад ва илму адабу ҳунару саноеъ дар онҳо ба баситтарин ва ибтидоитарин сурате боқӣ мондааст, чунонки агар соати шахсе хароб шавад, касеро наметавон ёфт, ки онро дуруст кунад, магар он ки бегона бошад» (ниг.:Ҳалабӣ Алӣ Асғар. Таърихи наҳзатҳои динӣ-сиёсии муосир. Теҳрон: Заввор, 1382.-С.😎.

          Чун ҳадафи навишта ифротгаройӣ ё ба истилоҳ экстремизм аст, суханро аз луғатшиносии мафҳум оғоз мекунем. Экстремизм («extremism» аз лафзи лотинии «extremus» баргирифта шуда, маъноҳои охирин ҳад, ҳадди ниҳоӣ, назари ниҳоӣ ва ифротӣ доштанро далолат мекунад), дар адабиёти сиёсию динӣ, асосан ба маъниҳои дар сиёсат ба назар ва фаъолияти ифротӣ мутамоил будан (см.: Социологический энциклопедический словарь. Редактор –координатор академик Российской академии наук Г. В. Осипов. –Москва: Издательство Норма, 2000. –С.422), дар назар ва ақидаи сиёсӣ ба зиёдаравӣ роҳ додан (см.: Большая Советская Энциклопедия. Том 30. –Москва: Советская Энциклопедия, 1978. –С.19), пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ, ифротталабӣ (ниг.: Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷилди 2. –Душанбе, 2010. –С.699) ва ниҳоятан, саъю талоши ҳалли мушкилот тавассути усулҳои тунду радикалӣ, истифодаи тамоми намудҳои зӯроварӣ ва террор барои расидан ба ҳадаф (см.:Павленок П. Д. Краткий словарь по социологии.–Москва:Инфра-М,2001.–С.247) истифода шудааст. Экстремизм дар шакли истилоҳи «ифротгароӣ» дар чанд соли ахир дар маҳдудаи коршиносии ватанӣ мавриди корбурд қарор мегирад.

          Ифротгароӣ аз решаи арабии «фарт» ба маъниҳои пешдастӣ ва аз ҳад даргузаштан, чира шудан, таҷовуз аз ҳадду андоза, зиёдаравӣ, ифрот ва таҷовуз аз чизе (ниг.: Фарҳанги Амид. Ҷилди севум. Таълифи Ҳасан Амид. Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1381.-С.1826), ҳамчунин дар шакли ифрот ба маъноҳои аз ҳад гузаштан, аз ҳадду андоза таҷовуз кардан, зиёдаравӣ кардан ва умуман, зиёдаравӣ омадааст (ниг.: Фарҳанги Амид. Ҷилди аввал. Таълифи Ҳасан Амид. Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1381.-С.236).

          Бояд тазаккур дод, ки экстремизм (ифротгаройӣ) бо бунёдгаройӣ (фундаментализм) ва радикализм (тундгаройӣ) ҳукми бародарӣ дошта, ин ҳар се дар якҷоягӣ маҷмӯаи мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва умуман, моддию маънавиро дар маҳдудаи иҷтимоӣ ба вуҷуд меоранд ва саранҷом боиси ҷангу низоъҳои бардавоми бемаънӣ, қатлу куштор, даҳшату ваҳшати мардумӣ мегарданд. Радикал (Radicalisme аз решаи «Radical»-и лотинӣ ба маънои решаӣ, аслӣ, асосӣ, марбут ба решаи як чиз ниг.: Фарҳанги Амид. Ҷилди дувум. Таълифи Ҳасан Амид. Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1381.-С.1202) пайрави чораҳои ифротӣ ва қатъӣ дар иҷрои амале маҳсуб меёбад (см.: Словарь иностранных слов. –Москва: Русский язык, 1990. –С.423). Дар таърихи тамоми мардуми ҷаҳон усулгаройӣ, тундгаройӣ ва ифротгаройии динӣ-мазҳабӣ берабтӣ ва шикасти бофтҳои иҷтимоиро ба вуҷуд оварда, махуфтарин балоёро сари мардум рехтаанд. Мусаллам аст, ки ҷанг, хунрезӣ ва қатлу ғорат аз ҷумлаи махуфтарин ва палидтарин балоёи мумкин дар радифи зилзила, сел, тоъун, вабо, қаҳтӣ ва хулоса, тирагӣ маҳсуб шудааст (ниг.: Таҳлиле бар ҷанги таҳмилии Ироқ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Ирон. Ҷилди дувум. Теҳрон, 1367. С.1). Ҳама гуна ақоиди бебунёд, ки дар назари пайравонаш таассубан, аслу решаӣ маҳсуб мешавад, ногузир ба ҷангу хунрезӣ мепайвандад. Ин аст, ки мутафаккири маъруфи урупоӣ Волтер дидгоҳи ҷомеъе дар робита бо ҷангу хунрезӣ ироа доштааст: «Сад ҳазор аз ҳамнавъони мукаллои девонаи мо сад ҳазор ҳайвони дасторбасари дигарро барои чанд ваҷаб хок мекушанд… Ин чанд ваҷаб хок ба касе ба номи султон тааллуқ хоҳад гирифт ё ба як нафари дигар, ки маълум нест, чаро қайсараш меноманд»(ниг.: Гастон В. Ҷомеашиносии ҷанг. Теҳрон, 1368. –С.15).

          Сарнавишти миллат дар ҳама давру замон ба кайфият ва чигунагии вазъи ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ бастагӣ дорад. Решаю авомили бурузи ифротгаройӣ ва ба истилоҳ эктремизми динӣ-мазҳабӣ, қабл аз ҳама, дар ақибмондагии саросарии иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Ҳар қадар иҷтимоъ мутамоили ҷаҳолату афкори пӯсидаи гузашта бошад, ҳамон қадар хатари ҳама гуна ифроту тафритгарӣ онро таҳдид мекунад. Аз назари коршиносӣ, авомзадагӣ як бемории риққатбор ва андешакуши иҷтимоӣ аст. Сараввал, бояд бемориро аз дарун ҷӯем, чунки дар рӯйи кор омадани ифртгаройиву бунёдгаройии динӣ-мазҳабӣ, беш аз пеш, авомили дарунӣ саҳиманд ва онҳо зиёдтар рӯйи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ қарор мегиранд. Ҳанӯз дар даврони императории Ҳаҳоманишӣ маҳдудиятҳои табақотӣ ва маҳрумиятҳои иҷтимоӣ салтанат мекарданд ва ин боиси нобовариҳои мардумӣ ва хуруҷи ифротгаройии динӣ (дар мисоли рӯҳонияти зардуштӣ) гардид. Агар дар маҳдудаи давлати Ҳахоманишӣ табақоти иҷтимоӣ, мисли мардуми Юнон, ки мутаносибан дар тавозун ва фазои демократия зиндагӣ мекард, ба сар мебурд, илму фан, бегумон, пеш мерафт (ниг.: Муртазо Ровандӣ. Таърихи иҷтимоии Ирон. Ҷилди аввал. Теҳрон: Амири Кабир, 1354. -С.498). Ҳамин раванд (номутавозинии иҷтимоӣ, истибдоди дохилӣ, рӯҳониятсолорӣ, вопасмондагӣ, хурофотпарастӣ) дар имтидоди давлатдории Сосонӣ, ки зиёда аз чаҳорсад сол салтанат кард, идома ёфт ва ахиран, мунҷар ба шикасти императории қудратманди Сосонӣ аз ҷониби арабҳо гардид (ниг.: Зарринкӯб Абдулҳусайн. Ду қарни сукут. Теҳрон: Сухан, 1381. –С.60).

          Агар истеъмори дохилӣ, аз як тараф, муҷиби ба вуҷуд омадани ифротгаройиву бунёдгаройӣ дар бисёр маворид шуда бошад (ниг.: Ризоқулӣ Алӣ. Ҷомеашиносии нухбакушӣ: таҳлили ҷомеашинохтии бархе аз решаҳои истибдод ва ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Нашри Най, 1377.-С.227-228), аз ҷониби дигар, дар рӯйи кор омадани истибдоди шарқӣ дар манотиқи гуногун дасти авомили ҷуғрофӣ низ мушоҳида мешавад. Ба сухани сареҳтар, мардуми иронитабор ҳанӯз аз қадимтарин замон бар асари вазъи табиӣ ба мушкилот мувоҷеҳ буд (ниг.: Дуронт Вил. Таърихи тамаддун. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1365. –С.413). Камбуди об дар минтақа, гармиии аз ҳад зиёд, саҳронишинӣ ва чодарписандӣ авомилеанд, ки дар Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна ҳамеша домангири иҷтимоъ буданд. Аз ин лиҳоз, истибдоди шарқӣ бештар рӯйи масоили ҷуғрофӣ тамаркуз пайдо мекард ва камбуди об, ки аз силсилаи мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фикрӣ дар минтақа маҳсуб меёфт, асоси зуҳури истибдод ва муомилаю муошироти ифротию радикалӣ дар миқёси олами Шарқи мусулмонӣ талаққӣ мешавад. Ба таъбири дигар, ҳукуматҳои шарқӣ бар мабнои об пайдо мешуданд, дар ҳошияи об ба вуҷуд меомаданд, аммо ҳукуматҳои ғарбӣ дар асоси таззод зуҳур мекарданд (ниг.: Зебокалом Содиқ. Мо чӣ гуна мо шудем: решаёбии илали ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Интишороти Равзана, 1378. -С.101).

          Камбуди об ва гармо – навоқиси иқлимию ҷуғрофӣ боиси дар ҷаҳлу таассуб қарор гирифтани ҷомеаҳо мешуданд (ин авомил имрӯз низ муаассиранд) ва дар натиҷа, хирадбезории иҷтимоъро ба вуҷуд меоварданд. Хирадситезӣ ё ба қавли Абдулҳодӣ Ҳоирӣ, «яксуянигарӣ» дар фазою муҳити кишварҳои исломӣ сабаби бурузи ифротгаройӣ ва ба ин монанд истибдодҳои равонию ҷисмонӣ гардид. Хирадситезӣ ва ҷаҳолатпарастӣ аз замони салоҷиқа дар Дорулислом (Бағдод) падид омада буд ва Ғазнавиёну Салҷуқиён онро идома бахшиданд (ниг.: Зебокалом Содиқ. Мо чӣ гуна мо шудем: решаёбии илали ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Интишороти Равзана, 1378. -С.206). Ба қавли Маҳдӣ Фаршод, фарогирии улуми ғайридинӣ ва фалсафа дар мадориси ҳавзаи хилофат (минҷумла Ирон) мамнӯъ шуда ва фақат омӯзиши матолиби динӣ муҷоз буд (ниг.: Фаршод Маҳдӣ. Таърихи илм дар Ирон. Ҷилди 1. Теҳрон: Амири Кабир, 1365. –С.86-87). Муаррихи маъруфи илм Ҷорҷ Сартон омили уфул ё пастравии илмии муслиминро дар «ойини мадрасӣ» (scholasticism схоластика) дида, дар ин боб навиштааст: «Мардуми Шарқу Ғарб дар маърази озмоиши бузурги ойини мадрасӣ (scholasticism) қарор гирифтанд, мардуми Ғарб аз он бадар омаданд, вале шарқиён шикаст хӯрданд» (ниг.: Сартон Ҷорҷ. Муқаддимаи таърихи илм. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1353. –С.61-62). Ойини мадрасӣ бартарияти улуми илоҳиро бар улуми табиӣ-риёзӣ ва фалсафӣ тасдиқ мекард ва дар натиҷа, сабабгори ақибмондагӣ ва вопасзадагии иҷтимоию фикрӣ гардида, барои ба вуҷуд омадани падидаҳои номатлуби фундаментализм (бунёдгаройӣ), экстремизм (ифротгаройӣ), радикализм (тундгаройӣ), терроризм (даҳшатафканӣ) ва фатализм (тақдирпарастӣ) дар дилхоҳ иҷтимоъ (албатта, иҷтимои вопасмонда дар назар аст) ҳамаҷониба мусоидат карда ва мекунанд.

          Аз лиҳози таърихӣ, танҳо дар замони салатанати чанд амири Аббосӣ вазъияти иҷтимоию фикрӣ тағйир ёфт ва муҳити муътадили фикрию эҷодӣ сохта шуд. Дар давраи амирони Аббосӣ Абӯҷаъфар Мансур (754-775) наҳзати тарҷумаи осори юнонӣ, мисрӣ, ҳиндӣ шурӯъ шуда, ин раванд дар замони Ҳорунаррашид (786-809) ва Маъмун (813-833) густариш ёфта, муносибати амирони Аббосӣ ба илму ҳикмат ва олимону донишмандон муътадил гардид ва шароити бози фарҳангӣ барои тарвиҷи илму фалсафа дар қаламрави хилофат ба вуҷуд омад. Дар ин давра кутуби Уқлидус, Афлотун, Арасту, Буқрот, Ҷолинус ва соири донишмандону файласуфони юнонию румӣ тарҷума шуд ва майдони баҳсу муҷодилаҳои илмӣ-фалсафӣ густарда гардид (ниг.: Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷум. Муҷаллади аввал. Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1371. -С.44-45). Вале ин раванд дар давраи амирони минбаъда варшикаста ва роҳи илму маориф аз тариқи омӯзиши улуми фалсафӣ ва табиӣ-риёзӣ баста мешавад. Амир Мутаваккил (847-861) ба аҳли ҳадис ва суннат эътиқод карда, хуни ононеро, ки ба баҳси холиқ будан ё набудани Қуръон иштиғол меварзиданд, мубоҳ кард. Ӯ таълиму тарбияи мутавассити аҳли замма (яҳудиён, масеҳиён, зардуштиён)-ро мамнӯъ эълом дошта, хондани фарзандони ононро дар мадориси мусулмонон қатъиян манъ кард. Ҳамчунин китобфурӯшонро савганд дод, ки китобҳои фалсафӣ ва соири осореро, ки дар хусуси масоили каломӣ ва ҷадалӣ иттилоъ медоданд, нафурӯшанд (ниг.: Султонзода Ҳусайн. Таърихи мадориси Ирон аз аҳди бостон то таъсиси Дорулфунун. Теҳрон, 1364. –С.71). Рӯҳониёни мутаассиб ва ҷаҳолатписанди давр хуб медонистанд, ки омӯзиши фалсафа ва илмҳои фалсафӣ сатҳи огоҳӣ ва эҳсоси пурсишгарии ҷомеаро боло мебаранд ва саранҷом боиси ба ҳошия рондани улуми вомондаи динию мазҳабӣ мегарданд. Бо фаро гирифтани фалсафа ва илмҳои фалсафӣ инсон ба масоили зиндагӣ бо назари интиқодӣ бархӯрд мекунад ва роҳҳои бурунрафт аз мушкилот ва шеваи зиндагии шоистаро дунбол менамояд. Ба ин маъно донишманд ва файласуфи маъруфи англис Бертран Рассел ишора кардааст: «Фалсафа дар саросари таърихи худ аз ду ҷузъ ташкил шуда, ки ба таври ноҳамоҳанг таркиб ёфтаанд: ин ду ҷузъ, яке тафаккур дар бораи моҳияти ҷаҳон аст ва дигаре назарияи ахлоқӣ ё сиёсӣ аст дар бораи беҳтарин шеваи зистан (ниг.: Рассел Бертронд. Таърихи фалсафаи Ғарб ва равобити он бо авзои сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз қадим то имрӯз. Тарҷумаи Наҷаф Дарёбандӣ. Нашри электроникӣ, баҳманмоҳи 1388. –С.620). Аз ин ҷост, ки илму фалсафа василаи асосии тағйироти фикрию эҷодии инсон буда ва дар ниҳоят, инсонсозанд, аммо дар асрҳои миёна ва имрӯз ҳам дар бисёр мамолики мусулмоннишини шарқӣ, мардум аз омӯзиши улуми фалсафӣ имтиноъ меварзанд ва ба домони улулми хурофӣ сахт мечаспанд. Бехабар аз он ки илм василаест, ки тамоми тамаддуни моро бо шитоби зиёд дигаргун месозад (ниг.: Бернол Ҷон. Илм дар таърих. Ҷилдҳои 1-2. –Теҳрон, 1354.-С.26).

          Дурӣ ҷустан ва имтиноъ варзидан аз масоил ва улуми фалсафӣ дар асрҳои миёна пойгоҳи ҷиддие барои ҷулуси ифротгаройӣ фароҳам овард. Бояд ёдовар шуд, ки дар тақвияти ҷараёни ифротгаройиву зиёдарвиии динии асримиёнагӣ саҳми Абуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ назаррас аст. Ӯ аз зумраи он мутафаккироне буд, ки дар асрҳои миёна майдони муборизоти шаръиро ба муқобили фалосифа таҳким бахшид. Ғазолӣ дар он рӯзгорон беш аз ҳар касе бо озодандешӣ ва густариши андеша бар пояи тааққул ва истидлол ситез кард ва яксӯнигариро ҷоне тоза бахшид. Юриши саҳмгини Ғазолӣ ба фалосифа ва андешаҳои фалсафӣ, шеваҳои мубтанӣ бар хирад, андеша, истидлол ва жарфнигариро аз густариши фарогир боздошт (ниг.: Ҳоирӣ Абдулҳодӣ. Нахустин рӯёрӯйиҳои андешагарони Ирон бо ду рӯяи тамаддуни буржуазии Ғарб. Теҳрон: Амири Кабир, 1367. –С.131). Ғазолӣ фалосифаро барои он такфир кард, ки онон боиси чолиши фикрӣ ва мунозиоти мазҳаб дар қуруни вусто гардиданд. Бо ин ният вай мутолиоти фалсафиро мамнӯъ сохт. Ғазолӣ навиштааст: «Дар бозии шатранҷ, бо он ки зеҳнро неруманд месозад, мамнӯъ ва маҳзур (мамнӯъ, ҳаром, нораво –Н.Н.) аст ва ҳамчунин аст назар дар илми Уқлидус ва ал-Маҷастӣ (Геометрияи Евклид) ва дақоиқи ҳисобу ҳандаса ва риёзиёт. Дар онҳо, ки хотирро ташҳиз (тез кардан, бурро кардан –Н.Н.) ва нафсро неруманд мекунанд ва бо ин ҳол мо онро ба сабаби як уфт (нуқсон, камбудӣ –Н.Н.), ки дар пай дорад, манъ мекунем, зеро аз муқаддамоти илми авоил (улуми табиӣ) аст, ки мазоҳиби фосиде, ки мутааллиқ бад-ин бошад, вуҷуд надорад, лекин метарсам, ки бад-он мунтаҳо мегардад» (ниг.: Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷум. Муҷаллади аввал.Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон,1371. -С.149). Ҷойи дигар навиштааст: «Агар чизе суде танҳо ва зиёнҳое бисёр дорад, ҷойиз нест барои ин як манфиат худро ба зиёнҳои бузург дучор кард, чунонки шароб, лошак, дар таъдили мизоҷ ва тақвияти табъу димоғ ва қимор дар ташҳизи (тезу бурро кардан-Н.Н.) хотир муассир аст ва бо ин ҳол ҳар ду ҳароманд ва ҳатто мудовамат дар бозии шатранҷ» (ниг.: Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷум. Муҷаллади аввал. Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон,1371. -С.149). Дар Ғарби императории ислом (Андалус) низ муборизоти зидди улуми фалсафӣ мутадовил шуд ва кор то ҳадде расид, ки бо амри халифаи Уммавӣ Мансур бини Абӣ Омир ба ғайр аз кутуби тиб, ҳисоб, луғат, фиқҳ дигар ҳама китоб сӯзонда ва дар чоҳ афканда шуд (ниг.: Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ то авосити қарни панҷум. Муҷаллади аввал. Теҳрон: Интишороти Донишгоҳи Теҳрон,1371. -С.147).

          Мардуми аксари мамолики Шарқи мусулмонӣ бар асари маҳрумияту вобастагиҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ, ҷуғрофӣ ва амсоли инҳо ба гирдоби тамоюлоти ифротгаройӣ меафтанд ва бо назардошти шароити сиёсӣ домани муборизоти динӣ-мазҳабӣ дар манотиқи шарқӣ густардатар мегардад. Ҷомеашиносони ғарбӣ Карл Маркс, Макс Вебер, Бергер бар ин назаранд, ки маҳрумиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ боиси зуҳури тааҳҳуди мазҳабӣ ва натиҷатан, бурузи экстремизм(ифротгаройӣ)-и динӣ мегарданд. Дар таърихи сиёсии мусулмонон экстремизми динӣ ё ба истилоҳ ифротгаройии динӣ собиқа дорад. Муҳаққиқон таърихи бунёдгаройии исломиро ба давраи зиндагии пайғамбар ва пайравонаш марбут донистаанд ва бунёдгароёни муосири исломӣ худро пайрави усулгароёни аввалия мепиндоранд. Ҷунбишҳои бунёдгароёна ва ифротии исломӣ дар натиҷаи буҳронҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд омадаанд (ниг.: Р.Ҳрайр Декмиҷиян (R. Hrair Dekmgian). Ислом дар инқилоб. Ҷунбишҳои исломии муосир дар ҷаҳони араб. Тарҷимаи Ҳамид Аҳмадӣ.Теҳрон:Интишороти Кайҳон, 1377. –С.32).

          Тайи се қарни гузашта, ислом ва ҷомеаи исломӣ ба буҳронҳои дохилӣ ва берунӣ мувоҷеҳ шуд (пошхӯрии империяи Усмонӣ ва аз ҷониби Урупо мудохилакорӣ дар умури Ирон) ва исломиён ҷавоби ҳалли буҳронро дар бозгашт ба ислом ва усули бунёдӣ медиданд ва дар ин замина, роҳи ҳалли мушкилоти печидаи диниро дар бозгашт ба исломи ноби муҳаммадӣ дида, муборизаро дар шакли тунд ва ифротӣ оғоз бахшиданд. Мувофиқи таъкидоти муҳаққиқон, ин муборизот дар шаклу қолабҳои инқилоби исломӣ дар Ирон; тасхири масҷиди бузурги Каъба дар Арабистони Саудӣ; бурузи нооромиҳо дар устони шарқии Арабистони Саудӣ; муқовимат дар баробари ишғоли Афғонистон аз ҷониби Шӯравӣ; қиём алайҳи режими баъс дар Сурия; мухолифати мусаллаҳона бо режими баъсии Ироқ; террори Анвар Содот-Раисиҷумҳури Миср; ҳамалоти ифтихорӣ ва муборизаи мусаллаҳона алайҳи неруҳои исроилӣ, амрикоӣ ва фарансавӣ дар Лубнон; бурузи нооромиҳо дар Баҳрайн ва бомбгузориҳо дар Кувайт; шӯриш ва тазоҳурот дар Алҷазоир, Тунис ва Марокаш машруъият пайдо намуданд. Ба таври куллӣ, ҷунбиши бунёдгаройии исломӣ, чи дар шакли пайгирона ва чи дар шакли ғайрифаъолаш дорои се вижагӣ мебошад: 1) фарогиранда; 2) чандмарказӣ; 3) мудовамат (ниг.: Р.Ҳрайр Декмиҷиян (R. Hrair Dekmgian). Ислом дар инқилоб. Ҷунбишҳои исломии муосир дар ҷаҳони араб. Тарҷимаи Ҳамид Аҳмадӣ.Теҳрон:Интишороти Кайҳон, 1377. –С.21-22). Наҳваи муборизоти динӣ-мазҳабӣ дар ҷаҳони муосири исломӣ бештар рӯйи таассуби динӣ қарор дошт ва маъмулан калимаи «мутаассиб»-ро бо вожаи «мутатарриф» ё ифротӣ баробар талаққӣ кардаанд (ниг.: Р.Ҳрайр Декмиҷиян (R. Hrair Dekmgian). Ислом дар инқилоб. Теҳрон:Интишороти Кайҳон, 1377.–С.24). Вижагиҳои фарогиранда, чандмарказӣ ва муҳимтар аз ҳама, мудовамати ҷунбишҳои исломии хусусияти ифротгароёнадошта дар тавсеаю густариши низоми ифротӣ дар манотиқи мухталифи даргир дар шаклҳои нав дар шароити феълӣ низ муассиранд. «Ихвон-ул-муслимин», «ал-Қоида», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Ансоруллоҳ» ва соири созмонҳои сиёсии исломӣ дар шароити имрӯзӣ тавлидгари асосии низомҳои ифротӣ-экстремистӣ дар манотиқи Шарқи мусулмонианд. Созмонҳои мазкур на танҳо боиси ташаннуҷи вазъ дар Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ мегарданд, балки вазъи куллии ҷаҳонро мағшуш месозанд. Ин аст, ки ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ бо ин гурӯҳу созмонҳои махуф мубориза мебарад ва дар ҳар минтақаи рӯшан садо алайҳи ифротгароён баланд аст. Аммо хадамоти махсуси ғарбӣ, ки дар хидмати қудратҳои ҷаҳонӣ қарор доранд, таври ниҳонӣ муассис, маблағгузор ва тавсеадиҳандаи чунин созмонҳо маҳсуб шуда, танҳо дар лафзу шиор алайҳи онҳо мубориза мебаранд.

          Вазъи муосири сиёсию динӣ тақозо мекунад: агар дар низоми сиёсии ҷаҳони имрӯз заиф бошем, ногузир ба вартаи сиёсатҳои хашини динӣ-мазҳабӣ, ки ҳамагӣ дар хурофот ғутидаанд, меафтем ва оқибати он хеле маргбор аст, чаро ки бозии эҳсосоти мазҳабӣ ҳеҷ гоҳ поён намеёбад ва риштаи мудовимати он дар дасти абарқутратҳо буда, ҷомеаҳои аз назари маърифатӣ ва огаҳӣ заифро ҳамеша дар ҳоли ҷангу низоъ қарор медиҳад, то роҳи ҳадафмандии миллӣ ва фарҳангиро дарнаёбанд ва абадуддаҳр бастаю бандаи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ бимонанд. Мо дар шароите қарор дорем, ки онро шоир (ниг.: Алиакбари Озодӣ мутахаллис ба Гулшан (1901-1974) рӯзноманигор, шоир ва нависандаи муосири иронӣ манбаъ: Викигуфтоварди форсӣ: www. Gugl.com) ин тавр ба риштаи тасвир баркашидааст:

Бирав қавӣ шав, агар роҳати ҷаҳон талабӣ,

Ки дар низоми табиат заиф помол аст.

Ё, дақиқтарашро Бедили Деҳлавӣ арз доштааст:

Оқибати ин маърака оҷизкушӣ аст,

Зинҳор ин ҷо нотавон манмоӣ.

          Дар воқеъ, сарнавишти миллати мо дар раванди ифротгаройии динӣ рӯйи хатари ҷиддӣ қарор дошта, он дар ҳоли ҳозир ва минбаъд давлати Тоҷикистон ва ҷомеаи тоҷикиро ба мушкилоти азим мувоҷеҳ месозад. Хатар, пеш аз ҳама, инҷост, ки пояҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ, маърифатӣ ва фарҳангии мо аз назари сатҳи огаҳӣ ва бинишмандӣ хеле заиф ба назар мерасанд ва ин ақшор байни худ дар таноқузи огоҳона ва ноогоҳона қарор гирифта, ҳанӯз ба сатҳи иттиҳоди миллӣ ва тафоҳуми фарҳангӣ нарасидаанд. Ин аст, ки бояд решаҳои мушкилро дар зиндагӣ ва зеҳни хеш ҷустуҷӯ намоем, онҳоро бозшиносӣ кунем ва баъдан дар пайи дармонашон гом бардорем. Ҷомеашиносон муътақиданд, ки мо зоидаи фарҳангамон ҳастем, бинобар ин, нақш ва аҳамияти фарҳанг дар шаклгирии диду назари умумии ҷомеа калидӣ аст (ниг.: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. -С.16). Бо таваҷҷуҳ ба ин, шинохти фарҳанги бумӣ, костиҳои фикрию маданӣ, камбуду навоқиси равонию ахлоқӣ, омӯзишу арзёбии илмӣ ва мантиқии равандҳои муосири сиёсӣ ва геополитикӣ ва билохира ояндабинии миллӣ имкон фароҳам меоварад, ки сатҳи хатарҳои минтақавӣ ва глобалӣ коҳиш ёбад ва миллат дар масири дурусти сиёсӣ, иҷтимоӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ ҳаракат кунад. Дар зимн, ҷомеаи мо, бо он ки дар садаи муколамаи инсону кайҳон қарор дорад, мутаассифона, суннатӣ, ақибмонда ва вопасгарост. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ниҳодҳои маърифатӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва фарҳангиро зарур аст, ки барои ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи хурофоти динӣ-мазҳабӣ (ки аз рӯйи таҷриботи таърихӣ, одатан дар шакли ифротию тафритӣ буруз мекунад) бо ҳам даст диҳанд ва ба ин восита дар ҳамбастагии миллӣ ва мубориза алайҳи бунёдгаройӣ, тундгаройӣ ва экстремизми динӣ-мазҳабӣ саҳми арзанда бигиранд.

                                                                   Нурзода НОЗИМ, корманди АМИТ

 

 

 

 

2024-10-25 08:07:13

24 ОКТЯБР- РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД.Давоми 32 соли узвият 7 ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон қабул шуда, мавриди амал қарор дорад

ДУШАНБЕ, 24.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 24 октябр Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид таҷлил мегардад. Ин сана ба эътибор пайдо намудани Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки 24 октябри соли 1945 қабул гардидааст, иртибот дорад.

Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015 тасдиқ шудааст, омадааст, ки «ислоҳоти фарогири Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Шурои Амнияти он барои мутобиқ гардонидани фаъолияти ин созмон ба ниёзҳо ва воқеияти ҷаҳони имрӯза тақозои замон аст. Таъмину пуштибонии манфиатҳои миллӣ ва пешбурди фаъолонаи ташаббусу иқдоми созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, муассиса ва ниҳодҳои тахассусии он, ҳамчунин саъю талош барои касби узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомот ва сохторҳои интихобии Созмони Милали Муттаҳид яке аз вазифаҳои калидии сиёсати хориҷии мамлакат маҳсуб мешавад».

Ба андешаи коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Саидов, ҳар даъват аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, албатта, моро водор месозад, ки бори дигар ба таърих ва таъсиси ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ бо назари нек нигарем. «Созмони Милали Муттаҳид барои таъмини афзалияти меъёрҳои ҳуқуқӣ дар умури байналмилалӣ нақши муассир мегузорад. Созмони Милали Муттаҳид садҳо эъломияҳо, аҳдномаҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ ба тасвиб расонид, ки ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тиҷорати байналмилалӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва амсоли инҳо нигаронида шудаанд»,-изҳор намуд ӯ.

Ҳоло зиёда аз 194 давлати дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони Милали Муттаҳид мебошанд. Қароргоҳи Созмон шаҳри Ню-Йорки Амрико аст. Шаш забони дунё — англисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, русӣ ва франсузӣ забони расмӣ ва коргузории Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд. Риояи ҳуқуқи башар, таъмини ҳаёти осоишта, сулҳу субот ва амнияти ҷаҳон, ҳалли низоъҳои байналмилалӣ ва мушкилоти сайёра, таъмини ҳамкорӣ байни кишварҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти давлатҳои гуногуни сайёра аз ҳадафҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид мебошанд.

Ҳамзамон фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид тамоми масъалаҳои глобалӣ- шуруъ аз мубориза бо терроризму экстремизм, бемориҳои гуногун, масъалаҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим, ғизои солим ва ғайраро фаро мегирад. Масъалаҳои глобалӣ дар ҷаласаи Маҷмаи кулл, Шурои амният, шуроҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ ва ҳал мегарданд. Аз моҳи феврали соли 2017 Антониу Гутерриш (Португалия) номзад аз Шурои амният Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

2 марти соли 1992 дар иҷлосияи 46-уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Эъломия дар бораи қабули Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул шуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон расман узви Созмони Милали Муттаҳид гардид. Бори нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 аз минбари баланди ин созмони байналмилалӣ сухан намуда, ба аҳли ҷаҳон ҳадафҳои неку созанда ва сулҳдӯстонаи Тоҷикистони мустақилро ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ расониданд.

Тавре коршинос зимни суҳбат баён дошт, Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 32 соли ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои муҳим, бахусус дар масъалаҳои обро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тавассути ин созмони калидӣ амалӣ намудааст. «Тоҷикистон уҳдадориҳои собитшударо дар самти ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об доро мебошад. Ҳамчун давлати узви Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон дар пешбарии қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз қабили «Соли байналмилалии оби тоза», «Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025», «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» ва «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» нақши муҳим бозидааст. Тоҷикистон ҳамчунин ба ҳайси мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 дар таблиғи рӯзномаи об нақши калидӣ бозид ва пас аз тақрибан 50 сол музокироти сатҳи баланд дар бораи оби тозаро идома дод»,-изҳор намуд Саид Саидов.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон кӯли Сарезро, ки яке аз манбаъҳои бузургтарини оби ошомиданӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, тамошо намуда, аз зебоиҳои нотакрори табиат ва кӯҳҳои Помир дар ҳайрат монд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро мамлакати зеботарини ҷаҳон номида, гуфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбаафлок, қуллаҳои барфпӯш, обҳои ширину мусаффо ва табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин мамлакати зебо ва табиати нотакрор доред».

Зимни сафар ба Тоҷикистон Антониу Гутерриш бори дигар кишварҳои ҷаҳонро ба тақвият додани мубориза ба муқобили тағйирёбии иқлим даъват намуда, изҳор дошт, ки инсоният дигар ҳаққи аз даст додани фурсатро надорад. Ба Антониу Гутерриш зимни тамошои кӯли Сарез пешниҳод ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби мусаффои кӯли Сарез барои кишварҳои минтақа муаррифӣ карда шуд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дода, иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 муҳим ва башардӯстона арзёбӣ намуд.

23 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки равандҳои пуртазоди геополитикӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани «ҷанги сард», низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт. Ба андешаи Сарвари давлат, дар ин замина муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ бо мақсади ҳифзи амнияту субот ва таъмини рушди устувор беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошанд.

Ҳамзамон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки роҳбарони давлатҳоро зарур аст атрофи ҳадафҳои умумӣ бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шаванд. «Вақти он расидааст, ки имрӯз мо аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем»,-баён доштанд Пешвои миллат.

Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба вазъи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳон ҷалб намуда, изҳор доштанд, ки тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мегардад, ки ин раванд ба бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, саноат ва кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Ба андешаи Саид Саидов, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси уҳдадориҳои байналмилалии худ яке аз ташаббускорони роҳи ҳалли муваффақонаи мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ва рушди иқтисоди «сабз» мебошад, ки дар навбати худ зарурати рушди энергияи «сабз»-ро ба миён меорад. «Бо назардошти ин воқеият мамлакати мо Стратегияи рушди иқтисоди «сабз»-ро барои солҳои 2023-2037 қабул намуда, мавриди татбиқ қарор додааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқро аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ҳосил намуда, аз ҷиҳати манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Ҳадаф аз татбиқи нақша дар ин самт то соли 2037 ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон мебошад»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

 

2024-10-21 10:16:38

ИШТИРОК ДАР РӮЗИ ШАҲРИ САМАРҚАНД

Бо даъвати ҳокими шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар раъси як ҳайат ба шумули соҳибкорон ва аҳли фарҳанг дар тантанаҳо бахшида ба Рӯзи шаҳри Самарқанд, ки рӯзи 18 октябр баргузор шуд, иштирок намуданд.
Ҳайати шаҳри Панҷакентро дар гузаргоҳи сарҳадӣ намояндагони шаҳрдории Самарқанд пазироӣ карданд.
Тантанаҳо бахшида ба Рӯзи шаҳри Самарқанд, ки дар он намояндагони бародаршаҳрҳои ин шаҳри бостонӣ аз мамолики гуногун иштирок доштанд, бо маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Амир Темур оғоз ёфт. Дар ҳамин ҷо ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ва ҳокими шаҳри Самарқанд Фазлиддин Умаров раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва ҳайати ҳамроҳонашро пазироӣ намуданд.
Дар сӯҳбат иброз шуд, ки муносибатҳои гуногунҷабҳаи дӯстонаи ду ҷумҳурии ҳамсоя ба шарофати сиёсати пешгирифтаи роҳбарони кишварҳо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба сатҳи комилан нав баромада, ҳоло чун намунаи равобити неки ҳамсоягӣ ва ҳалли масоили гуногун дар минтақа ва ҷаҳон баҳогузорӣ карда мешавад.
Ба ифтихори Рӯзи шаҳр дар хиёбонҳои шаҳри Самарқанд намоиши васеи маҳсулоти хурокворӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии сокинони бумӣ ва марказҳои фарҳангии миллии он ташкил карда шуда, барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ баргузор шуданд, ки ҳайати шаҳри Панҷакент аз он дидан намуд.
Зимни иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ намояндагони шаҳри Панҷакент бо фаъолияти Академияи сайёҳии шаҳри Самарқанд,ки барои ба омӯзиш ва бозомӯзӣ фаро гирифтани кормандони соҳа ҳама шароити зарурӣ фароҳам шудааст, ширкатҳои истеҳсоли қолину матоъҳои пахтагӣ, картону маҳсулоти бастабандӣ, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти металлӣ дар шаҳри Самарқанд дидан намуданд.
Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти ин корхонаҳо имкониятҳои роҳандозии ҳамкориҳо бо соҳибкорони шаҳри Панҷакент, ташкили корхонаҳои муштарак ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои иқтисодӣ матраҳ шуда, чунин боздидҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи иқтисодӣ ва фарҳангӣ муфид арзёбӣ шуд.

2024-10-19 15:45:36

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент хониши сиёсӣ доир шуд

ДУШАНБЕ, 19.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо иштироки олимону кормандони Иститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 ва ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон имсол 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Соли 1994 бо ибтикор ва ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади сарнавиштсози миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар раъйпурсии мардумӣ қабул шуд.
Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи қабули Конститутсия ба эъмори Тоҷикистон шуруъ намуда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби мақому мавқеи арзанда гардид.
Мақсад аз баргузор намудани хониши сиёсӣ байни ҷавонону донишҷӯён, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифат, шуур ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намудани онҳо мебошад.

2024-10-11 13:53:20

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОӢ ДАР НӮҲ МОҲ

Имрӯз натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Панҷакент дар нӯҳ моҳи соли равон дар заминаи дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷлиси фаъолони шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода баргузор шуд, муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо иштирок намуд.
Муовини раиси шаҳр Эркин Хушвақтзода дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ маърӯза кард.
Аз ҷумла, таъкид шуд, ки дар ин давра ҷиҳати татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2021-2025” як қатор корҳо ба иҷро расида, нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 98,4 фоиз иҷро гардида, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 101,5 фоиз таъмин карда шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра баробари 112 фоиз таъмин гардида, якҷо бо хизматрасонии пулакӣ ба зиёда аз 4,2 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 456 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ҳамчунин истеҳсоли 23 номгӯй маҳсулоти саноатӣ афзуда, 8 коргоҳи истеҳсолӣ ташкил карда шудааст.
Қайд шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёда аз 1,6 миллиард сомонӣ расонида, аз ҷумла 33919,4 тонна ғалла, 56335,4 тонна картошка, 65166,1 тонна сабзавот истеҳсол шудааст,ки нисбат ба ҳамини давраи соли пешин бештар буда, дар майдони 2604,5 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.
Тибқи нақша ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1000 иншооти таъиноти гуногун бунёду азнавсозӣ мешаванд ва то охири нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 508 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи беш аз 2,6 миллиард сомонӣ ба истифода дода шуда, ҳоло кор дар беш аз 40 иншооти ҳаҷман калон, аз ҷумла 35 биноҳои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ идома доранд.
Дар ҳисобот ҳамчунин вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хидматрасонӣ, сайёҳӣ, кор бо занону бонувон ва дигар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр таҳлил шуда, аз ҷумла қайд шуд, ки бо талошҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷалби техникаю механизмҳо оқибатҳои офатҳои табиии охири моҳҳои июн-июл асосан бартараф карда шуданд.
Зимни баррасии маърӯза муовини раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳр аз масъулони соҳаҳо, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо пурсиш ба амал оварда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба беҳдошти корҳо, таҳлили вазъи воқеии соҳаҳо, эътибори ҷиддӣ ба тақвияти корҳои тарғиботӣ, ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошта, бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст намудани соли равон, ки марҳилаи муҳими омодагӣ ба 35-умин солгарди истиқлоли давалатии кишвар аст, ҷалб карда шуд.

2024-09-30 09:31:28

ДАР ПАНҶАКЕНТ СОХТМОНИ БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ОҒОЗ ШУД,

 ДУШАНБЕ, 29.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ, ки дар даромадгоҳи шарқии шаҳр ҷойгир аст, навсозӣ мешавад. Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ бо тарҳи нав пешбинӣ шуда, ба назар чун асбоби мусиқии тор менамояд.
Боғ аз майдони пазироӣ оғоз шуда, бинандагон ба он тавассути дарвозаи муҳташам бо баландии 8 ва дарозии 14 метр, ки бо услуби меъмории миллӣ ва сутунпояҳои бузурги мармарин, нақшу ороиши миллӣ, намои муҷассамаҳои паҳлавонони достонҳои безаволи «Шоҳнома» оро дода мешавад, ворид мешаванд.
Дар лоиҳа бунёди майдони даврашакл бо ҳудуди 30 метр ва сутунҳои гаронҳаҷми болордор бо рӯпӯш аз сангҳои мармарини ватанӣ ба назар гирифта шудааст.
Болотар аз майдон муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ бо баландии 5,5 метр қомат меафрозад. Баландии зерпояи муҷассама 6,2 метр буда, дар паҳноии 3,4 метр бо сутунҳои зебо бо тарҳи таърихӣ ва навиштаҷоти «Абулқосим Фирдавсӣ» бо ду забон пешбинӣ гардидааст.
Аз қисмати чапи он муҷассамае аз разми Рустам бо Сӯҳроб аз достони ҳамноми «Шоҳнома» гузошта, дар қисмати дигари боғ ду ҳайкали аспи саманд чун тимсоли аспи Рахш ва дигар аспони ҷангии дар ин асари безавол тасвиршуда гузошта мешаванд.
Дар атрофи муҷассама фаввораҳои зебо бо нишастгоҳҳои чӯбину мармарин ва суҳбаткадаи бузурги мармарин барои қироати «Шоҳнома», яъне «Шоҳномахонӣ» ба инобат гирифта шудааст.
Ҳамаи ин дар маҷмуъ маҷмааи ягонаи меъморӣ –фарҳангӣ-маърифатиро ташкил медиҳад ва бо бунёди он ба руҳи бузурги муаллифи «Шоҳнома»-и безавол чун тимсоли дӯст доштани Меҳан, ҳифзи марзу буми муқаддаси он, боло бурдани эҳсоси худшиносию ватандӯстӣ ва хизмати мондагори Пешвои миллат дар роҳи эҳё ва бузургдошти таърихи ғановатманди миллат арҷ гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷгузорӣ ва бузургдошти фарзандони барӯманди миллат корҳои шоиста анҷом дода мешаванд.
Дастури Пешвои миллат дар бораи нашри «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва ба ҳар оила тақдим намудани он аз ҷумлаи ин ибтикороти ватандӯстона ба хотири тақвияти худшиносии миллат мебошад.

2024-09-23 09:06:42

НОМИ РӮДАКӢ -РАМЗИ ҶОВИДОНАИ ШЕЪРИ ҲАКИМОНАВУ ОЛАМГИРИ МО

Ин баҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақшу ҷойгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, абарустод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар маросими таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ, ки дар зодгоҳи шоир- деҳаи Панҷруди шаҳри Панҷакент доир гардид, борҳо ба забон оварда шуд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, муҳаққиқони осори устод аз Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳо, аҳли адабу фарҳанги шаҳр нахуст ба пояи муҷассамаи шоир дар боғи канори рӯди Уреч ба нишони эҳтиром гул гузоштанд.
Дар оромгоҳи устод баъди фотиҳа ба рӯҳи пурфутӯҳи шоир маҳфили шеър баргузор шуд. Ҳозирин ин ҷо аз осори шоири порчаҳо қироат намуданд.
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Кишиме соз то бад-он гузарӣ.
Маҳфили адабию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар саҳни осорхонаи Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷруд бо сухани табрикии раиси шаҳр оғоз шуда, аз ҷумла гуфта шуд, ки устод Рӯдакӣ адабиёти моро чунон бунёд ниҳод, ки то ба рағми ҳама гирдоби воқеаҳои пурпечутоби таърих пойдор бимонад ва бо ҳиммату истеъдоди ворисони сазовор боз ҳам муҳташаму тавоно гардад.
Дар Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи мубораки устод Абуабдулоҳ Рӯдакӣ ба ноҳия, ҷамоат, деҳаҳо, хиёбону кӯчаҳо, майдону боғҳо, муассисаҳои фарҳангӣ гузошта, осораш борҳо ба нашр расида, оромгоҳи шоир таҷдиду азнавсозӣ гардида, ҳоло он ба Маккаи ҳаводорони шеъри оламгири устод аз ҳама гӯшаҳои олам табдил ёфтааст.
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин муҳаққиқону адибон аз ҷойгоҳи устод Рӯдакӣ дар адабиёт тоҷику форс, ҳунари шоирии ӯ, таъсири осораш ба баъдинагон сухан карданд.
Барномаи ҳунарии санъаткорони шаҳр, ки аз сурудҳо ба ашъори устод Рӯдакӣ, қироати шеърҳои шоир, рақсҳои ҷаззоб мураттаб шуда буд, бар иштирокчиёни ҷашнвора таассуроти ҷолиб боқӣ гузошт.
Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ ҳамчунин дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент конфронси илмӣ- адабии ҷумҳуриявӣ, дар муассисаҳои таълимӣ нишасту ҳамоиш , ҷамъомаду маҳфилҳои шеър баргузор шуданд.

2024-09-18 13:59:38

ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲР БАРГУЗОР ШУД

Санаи 18 сентябри соли равон иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент, даъвати шашум таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода баргузор шуд.
Дар иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори раёсати фарҳанги вилоят Бахтиёр Қосимов, вакилони Маҷлиси халқи вилоят, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаҳои дастгоҳ ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр, намояндагони васоити ахбор иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия - “Оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, № 115 “ Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” муовини раиси шаҳр, вакил аз ҳавзаи интихоботии Лаби Чашма, № 3 Парвина Нақибӣ маърӯза кард.
Аз рӯи ин масъала вакил аз ҳавзаи интихоботии Зардолузор, № 2 Маҳмадмурод Сафаров маърӯзаи иловагӣ намуда, вакилон аз ҳавзаи интихоботии Ёрӣ, № 21 Азимҷон Икромов, аз ҳавзаи интихоботии Вашанӣ, № 4 Гулпарӣ Шарифова ба музокира баромаданд.
Дар маърӯза ва музокираҳо вакилон рафти иҷрои Барномаи зикршударо баррасӣ намуда, рушди муассисаҳои фарҳангӣ, беҳдошти фаъолияти онҳоро чун яке аз омилҳои ба чорабиниҳои фарҳангӣ бештар ҷалб намудани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд.
Баъди баррасӣ ва саволу посухҳо иҷлосия аз рӯи ин масъала қарор қабул намуд.
Вакилон тибқи рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хурокворӣ, меҳнат ва хидмарасонӣ, ки бо он раиси комиссия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Соҳибназар № 10 Нусратулло Қӯчқоров сухан кард ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқ аз ҳавзаи интихоботии Мазори шариф, № 29 Қамариддин Азизмуродовро дар бораи иҷрои ваколатҳои вакилиаш шунида, дар ин бора қарор қабул намуданд.
Вакилони Маҷлиси шаҳрӣ дар идомаи иҷлосия қарорҳои раиси шаҳрро тасдиқ намуданд.
Дар иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов сухан кард.
Дар фарҷоми иҷлосия дар назди ҳозирин раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода баромад намуда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва ходимони дини мамлакат, суханронӣ дар Рӯзи дониш ва супоришҳои муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати таҳкими фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, мубориза бо падидаҳои экстремистию террористӣ, пешгирии гароиш ба ақидаҳои ифротӣ, дар сатҳи баланд ва муташаккилона баргузор намудани маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб намуд.

2024-09-07 15:22:07

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бахшида ба 33-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.
Ҳозирин ва сокинони шаҳрро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ Қобилҷон Хушвақтзода аз номи Ҳукумати мамлакат ба ифтихори 33- солагии истиқлоли давлатӣ шодбош гуфта, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода паёми табрикии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ироа намуд ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар бораи дастовардҳо ва дигаргуниҳои азиме, ки дар даврони истиқлол дар шаҳр ба вуқӯъ пайвастанд, сухан кард.
Таъкид шуд, ки истиқлоли давлатӣ барои мардуми кишвари мо гиромитарину боарзиштарин рӯйдоди таърихӣ буда, имконият фароҳам овард, ки бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдири кишвару миллатро ба даст гирифта, масири зиндагии худро муайян намоем, тоҷиконро чун миллати тамаддунофар, дорои фарҳанги воло муаррифӣ намуда, бо ташаббусу иқдомоти наҷиб ҷиҳати ҳалли масоили умумибашарӣ обрӯву эътибори давлату миллати худро боло барем.
Бунёди нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, шоҳроҳи Душанбе-Чанок ва шохаи он Айнӣ-Панҷакент то ба сарҳади Ӯзбекистон, кашидани хати баландшиддати Ҷануб- Шимол ва Айнӣ- Панҷакент, сохтмони пойгоҳи муқтадири барқӣ, ифтитоҳи корхонаи азими истихроҷу коркарди маъдани тилло ва мис аз дастовардҳои бузурги замони истиқлол аст, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии на фақат Панҷакент, балки водии Зарафшон тағйироти куллӣ ба миён овард.
Сокинони шукргузору меҳнатқарини шаҳр ин ҷашни бузургро бо дастовезҳои арзанда, мавриди истифода қарор додани иншооти таъиноти гуногун таҷлил намуда, барои идомаи раванди созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон заҳмат мекашанд.
Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ ба ҳозирин барномаи ҷолиби ҳунарӣ, ки аз суруду рақсҳои тараннумгари озодиву истиқлол, ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи ҷомеа буданд, пешкаш карда шуд.

2024-09-02 07:41:12

ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ВА РӮЗИ ДОНИШ БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Субҳи имрӯз дар ҳамаи муассисаи таҳсилоти миёна ва асосӣ, донишкадаи омӯзгорӣ, коллеҷҳои омӯзгорию тиббӣ ва литсеи касбӣ- техникии шаҳри Панҷакент соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш бо баргузории ҷамъомадҳои тантанавӣ, иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, тамошои дастҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи навбунёди таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и шаҳри Душанбе оғоз шуд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода паёми табрикии раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба оғози соли нави таҳсил қироат намуд.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода устодону донишҷӯёни донишкадаро бо оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш муборакбод гуфта, аз ҷумла таъкид дошт,ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат самти меҳварӣ унвон карда, аз рӯзҳои аввали ба истиқлол расидани кишвар барои роҳандозии ислоҳоти густурдаи соҳа корҳои азимеро оғоз бахшиданд ва дар тӯли солҳои истиқлол барои таҷдиди пойгоҳи моддӣ- техникии соҳа иқдомҳои созанда оғоз шуда, садҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаю асосӣ, миёнаи махсус ва олӣ, кўдакистонҳои нав сохта, барномаҳои ҳадафноки соҳа роҳандозию мавриди амал қарор гирифтанд.
Дар ин раванд, дар шаҳри Панҷакент бо сармоягузорӣ аз манбаъҳои гуногун давоми 33 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон 47 бинои нави муассисаҳои таълимӣ ва 82 синфхонаҳои иловагӣ бо 9883 ҷойи нишаст мебошанд, сохта шудааст.
Аз ҷумла, дар се соли охир дар шаҳру деҳоти Панҷакент 7 бинои нави таълимӣ, дар назди муассисаҳои таълимӣ 41 синфхонаи иловагӣ сохта, ҳоло сохтмони боз 148 синфхона, 3 бинои нави муассисаи таълимӣ бо маблағгузории буҷети вилоят, саҳмгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорону шахсони саховатпеша идома дорад.
Хонандагон бо либоси мактабӣ таъмин ва муассисаҳои таълимӣ таъмир шуда, онҳо барои мавсими тирамоҳу зимистони оянда низ омода карда шуданд. Имрӯз ҳамчунин 7б00 нафар кӯдакон бори нахуст ба остонаи мактаб қадам ниҳоданд.
Гуфта шуд, ки дар омода намудани омӯзгорони дорои таҳсилоти олӣ саҳми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент низ назаррас аст ва ҳоло ин ҷо беш аз 2000 нафар омӯзгорони оянда аз тариқи рӯзона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд.
Дар ин рӯз дар коллеҷи технологӣ- иноватсионии назди донишкада китобхона бо махзани ғании китобҳои илмию бадеӣ ва даҳҳо ҳазор китобҳои электронӣ, 20 компутери ба хати интернет пайваст ифтитоҳ карда, намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои мактабӣ, ки дар коргоҳи назди донишкада истеҳсол ва ба донишҷӯён омӯзонида мешавад, ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълими шаҳр рӯзи аввали соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш бо тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дарси сулҳ шурӯъ гардида, омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагон аз суханони дилсӯзона ва падарона, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати идомаи рушди ислоҳоти маориф, донишандӯзӣ, эҳтиром гузоштан ба заҳмати омӯзгорон, ҳалли мушкилоти соҳа илҳом гирифта, ба соли нави таҳсил оғоз намуданд.